Бинои Прокуратураи генералии ҶТ. Акс аз бойгонӣ

Додситони кулл: “Метавонед ором бихобед”

10
Қаблан расонаҳо аз қавли мақомот навишта буданд, ки даҳҳо тан аз ҷангҷӯёни Толибон дар марз Тоҷикистон бо Афғонистон камар гирифтаанд ва мумкин аст мояи нооромӣ дар дохили Тоҷикистон бигарданд.

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Юсуф Раҳмонов, додситони кулли Тоҷикистон, таҷаммӯи нерӯҳо дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистонро тасдиқ кард, аммо гуфт, онҳо меоянду мераванд ва мояи нигаронӣ нестанд, хабар медиҳад Радио "Озодӣ".

Раҳмонов, ки ҳафтаи гузашта ба курсии додситони кулл такя зад, дар нишасти хабарии 30 январ ба суоли хабарнигоре дар ин бора, ки оё метавонад ором бихобад, ё не, гуфт, "натанҳо Шумо, балки ҳамаи мардуми Тоҷикистон метавонад ором бихобанд."

Қаблан расонаҳо аз қавли мақомот навишта буданд, ки даҳҳо тан аз ҷангҷӯёни Толибон дар марз Тоҷикистон бо Афғонистон камар гирифтаанд ва мумкин аст мояи нооромӣ дар дохили Тоҷикистон бигарданд.

Фиристодаи президенти Русия Замир Кобулов қаблан тайи як сафар ба Тоҷикистон дар ин бора ҳарф зада ва гуфта буд, он ҷангҷӯён метавонанд ба Тоҷикистон "баҳори гарм"-ро биоранд.

10
Барчаспҳо:
"баҳори гарм", таҳдид, хатар, таҷаммуи ҷангандаҳо дар марз, прокуратураи генералӣ, Замир Кобулов, Юсуф Раҳмонов, Тоҷикистон
Мавзуъ
Русия ба тақвияти ҳифозати марзи Тоҷикистону Афғонистон кӯмак мекунад
Пистолет

27 ҳазор сомонӣ - хариди таппонча бо садохомӯшкунак дар Хуҷанд-видео

1222
(Таҷдидшуда 21:30 19.06.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 57-сола дар шаҳри Хуҷанд хабар додаст, ки дар фурӯши силоҳи ҷангӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Тибқи гузориши ВУД Тоҷикистон, дар пайи як амалиёти шартӣ аз марди муттаҳам ба ивази 27 ҳазор сомонӣ таппончаи Макаров бо таҷҳизоти садохомӯшкунак харида шуд.

Муайян гардид, ки муттаҳами 57-сола, зодаи шаҳри Конибодом ва сокини шаҳри Хуҷанд, санаи 25-уми майи соли равон аз афроди номаълум таппончаро гирифтааст.

ВУД таъкид кард, ки шахсияти айбдоршаванда ба далели халал нарасондан ба тафтишот феълан ифшо намешавад.

Мирвосид Давлатализода, муфаттиши мақомот, дар гузориш изҳор дошт, ки таппончаи мусодирашуда, соли истеҳсолаш 1987 буда, коршоям мебошад.

ВУД афзуд, ки феълан истифодаи силоҳи ҷангии мазкур дар дигар ҷиноятҳо ташхис мешавад.

1222
Барчаспҳо:
қочоқи нафт, силоҳ, Тоҷикистон
Генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, сардори РВКД дар ВМКБ

Баррасии гирдиҳамоиҳо дар ҷаласаи оперативии Ситоди таъмини амният дар ВМКБ-видео

5553
(Таҷдидшуда 17:16 19.06.2020)
Гирдиҳамоиҳо, ки чанд рӯзи қабл дар ноҳияи Рӯшон сурат гирифтанд, яке аз мавзӯъҳои меҳварии ҷаласаи оперативии Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ таҳти раёсати генерал Абдураҳмон Аламшозода буданд

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Генерал Абдураҳмон Аламшозода, сардори Ситоди байниидоравии таъмини амнияту тартибот дар ВМКБ, зимни ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ таъкид кардааст, ки маъмурин бо мардум хушмуомила бошанд.

Тибқи гузориши телевизиони “Бадахшон”, Ситоди байниидоравии таъмини амнияту тартибот минбаъд низ фаъолияташро дар вилоят идома хоҳад дод.

Манбаъ афзуд, ки дар ҷаласаи оперативӣ масъалаи гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ, тартибот дар роҳҳо, пешгирии фурӯши нӯшокиҳои ғайристандартӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.

Бар асоси гузориши ТВ Бадахшон, Ситоди байниидоравии таъмини тарбтибот, аз фаъолону зиёиён даъват кардааст, ки ҷавононро бо роҳи дуруст ҳидоят намоянд, аз таъсири гуруҳҳои манфиатҷуӯй, иштирок дар гирдиҳамоӣ ва даст задан ба бетартибиҳо пешгирӣ намоянд.

Анҷоми ҳамоишҳо дар Рӯшон

Баррасии ин масоил аз ҷониби Ситод дар ҳолест, ки ҳамоиши ахир дар пайи боздошти Ёдгор Ғуломҳайдаров ва ҳамроҳаш дар Рӯшон сурат гирифт, ки ба иддаои гуруҳи сокинони Рӯшон, рабте ба қазияи қочоқи маводи мухаддир надоранду тайи чанд соати боздошт латукӯб шудаанд.  Гуруҳи эътирозгарон боздоштшудаҳоро озод карда, тайи чанд рӯз даст ба ҳамоиши эътирозӣ зада буданд.

Феълан сокинон мегӯянд, ин қазия бо он, ки гуруҳи наздик ба 10-нафарӣ барои нақзи тартибот ҷаримабандӣ мешаванд, анҷом ёфт. Дар мавриди муҷозоти маъмурине, ки ба иддаои бархе сокинон даст ба латукӯб задаанд, феълан иттилое ироа нашудааст.

Мақомоти Тоҷикистон расман ин қазияро шарҳ надоданд, танҳо котиботи ҳукумати ВМКБ қаблан эътироз дар Хоруғ дар ҳамраъйӣ бо сокинони Рӯшонро рад карда, наворе нашр намуда буд.

5553
Барчаспҳо:
Рӯшон, Тоҷикистон, ҳамоиш, ВМКБ, телевизион, гузориш

Мутахассисони Русия ба Қирғизистон барои мубориза бо коронавирус омаданд

0
(Таҷдидшуда 02:19 08.07.2020)
Нахуствазири Қирғизистон аз вуруди коршиносони Русия ба Бишкек, барои ироаи кумак дар заминаи мубориза бо густариши коронавирус хабар дод

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik.  Кубатбек Боронов, нахуствазири Қирғизистон аз вуруди коршиносони Русия барои ироаи кумак дар заминаи мубориза бо коронавирус хабар дод, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.

Вай гуфт, коршиносони Русия ба раёсати Вячеслав Смоленский, муовини раиси ниҳоди нозири мавсум ба "Роспотребнадзор" барои кумак ба ҳамтоёни қирғиз вориди Бишкек шуданд.

Боронов афзуд, коршиносони рус ба ҳамтоёни қирғиз таҷҳизоти ташхиси коронавирус таҳвил ва иттилооте дар бораи равишҳои навини дармони бемории коронавирусро ироа медиҳанд.

Ёдрас мешавем, ки шаби шашум ба ҳафтуми июли соли равон дар Қирғизистон боз 7 маризи дигар аз коронавирус ҷон бохтанд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба маълумоти Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, синну соли қурбониён аз 61 то 85 - сола буда, миёни онҳо ду корманди тиб, яке пизишки кӯдакон ва дигаре фелдшер қарор доштанд.

Бо илова шудани 7 ҳолати нав, теъдоди қурбониёни вируси COVID- 19 дар Қирғизистон ба 99 нафар баробар шуд.

Вазъият дар робита ба маризии коронавирус, аллахусус афзоиши ҳолатҳои фавт дар ин кишвар моҳи июл ваҳимтар гардид. Рӯзҳои 3 ва 5 - уми июл дар Қирғизистон давоми як шабонарӯз 10 нафар аз маризони коронавирус ба ҳалокат расиданд, ки ҳамчун фавти рекордӣ аз замони авҷ гирифтани ин беморӣ арзёбӣ мешавад.

0
Барчаспҳо:
Бишкек, вирус, коршиносон, Русия, Қирғизистон