Нахуствазири Ҷопон: мо террористонро намебахшем

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкСиндзо Абэ, нахуствазири Ҷопон. Акс аз бойгонӣ
Синдзо Абэ, нахуствазири Ҷопон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарвазири Ҷопон аз ҳалокати ду гаравгони ҷопонӣ изҳори нигаронӣ карда, хостори ҳимояи бештари шаҳрвандон ва муттаҳидии бештари сокинону мақомот гардидааст.

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Ҳукумати Ҷопон аз тамоми имконот барои ҳифзи шаҳрвандонаш истифода хоҳад бурд, иброз дошт Абэ, нахуствазири ин кишвар рӯзи душанбе, менависад РИА Новости.

"Марги ду ҳамватанамон боиси нигаронӣ ва таасуф аст. Мо ин ваҳшониятро ба террористон ҳеч вақт намебахшем. Ҷопон дар назди ифротгароён ба зону нахоҳад зад. Ҳукумат тамоми қувваашро баҳри ҳимояи сокинон сарф хоҳад кард",- гуфт  Абэ.

Ҳамчунин, сарвазир дар бораи ҳамкории бештари тамоми кишварҳои олам дар масири ҷилавгирӣ аз терроризм сухан гуфт. Ба қавли вай, гунаҳкорони марги шаҳрвандони Ҷопон бояд  муҷозот шаванд.

"Агар мо бо сабаби ин ҳодиса аз террористон тарсем ва ба бесарусомонӣ дар сафҳои худ роҳ диҳем- ин ба нафъи террористон хоҳад буд",- қайд кард Абэ.

Изҳороти Абэ — вокуниш ба навори видеоие дар интернет дар бораи қатли бераҳмонаи хабарнигори ҷопонӣ Кендзӣ Гото буд. Тақрибан як ҳафта пеш ситезаҷӯён дигар гаравгони ҷопонӣ Ҳаруна Юкаваро эъдом карда буданд.

Қотилони Кендзӣ Гото гуфтанд, ки онҳо ба ин васила аз Ҷопон барои кӯмакаш ба Эътилофи байнулмилалии таҳти фармони Амрико интиқом мегиранд.

Кендзӣ Гото, хабарнигор ва синамогари маъруфи ҷопонӣ, моҳи октябри соли гузашта ба Сурия рафта буд. Бар пояи бархе хабарҳо, ӯ мехост гаравгон Ҳаруна Юкаваро наҷот диҳад, аммо худ ба дасти ситезаҷӯён уфтод. Токио аз иҷрои талаби "Давлати исломӣ" — раҳо кардани ин ду шаҳрвандаш ба ивази пардохти 200 миллион доллар, сарпечӣ кард.

 

Лентаи хабарҳо
0