Амниятиҳо бо кӯмаки “Алфа” 40 кг маводди мухаддирро мусодира карданд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкМаводди мухаддир. Акс аз бойгонӣ
Маводди мухаддир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимни амалиёти боздошти муттаҳамон, ки тибқи иттилоъи маъмурон аслиҳа доштанд, аз нерӯи гурӯҳи “Алфа”-и КДАМ истифода шуд.

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Маъмурони Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) зимни амалиёти вижа дар ҳумаи шаҳри Душанбе 40 килограмм маводи мухаддирро забт карданд, хабар медиҳад CA-NEWS.

Ин амалиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат сурат гирифтааст. Се сокини кишвар зимни талош барои фурӯши 21 кг нашъа ва 13 кг ҳашиш боздошт шуданд. Ба ҳангоми боздошти муттаҳамон, ки тибқи иттилоъи маъмурон муссаллаҳ буданд, аз нерӯи гурӯҳи "Алфа"-и КДАМ истифода шуд, омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки ду нафар аз боздоштшудагон қаблан бо иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир зиндонӣ шуда, вале тибқи қонуни афв пеш аз мӯҳлат озод шудаанд.

Аснои анҷоми амалиёти таҳқиқотӣ аз манзили маскунии яке аз боздоштшудагон 6 кг ҳашиш ошкор ва забт карданд. Дар маҷмӯъ, зимни ин амалиёт 40 кг маводди мухаддир дарёфт шудааст.

Алайҳи боздоштшудагон ба иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводди мухаддир ва убури ғайриқонунии марз парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тафтишоти қаблӣ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0