Аморат зарбаҳои ҳавоӣ ба ДИ-ро ба хотири амнияти сарнишинон қатъ кард

© Sputnik / Юрий Абрамочкин / Гузариш ба медиабонкМуҷассама ба хотири таъсиси АМА
Муҷассама ба хотири таъсиси АМА - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чунин тасмими раҳбарияти Аморати Муттаҳидаи Арабӣ ба манзури нигаронӣ аз амнияти сарнишинони низомии худ баъд аз пахши навори зинда ба зинда сӯзонидани сарнишини ӯрдунӣ, ки ба дасти ҷангҷӯёни ДИ асир уфтод, гирифта шудааст.

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Аморати Муттаҳидаи Араб мушорикати худ дар ҳамалоти ҳавоӣ ба мавзеъоти ДИ-ро ҳанӯз дар моҳи декабри соли гузашта муттавақиф карда буд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба расонаҳо.

Он гуна ки рӯзномаи "New York Times" рӯзи чаҳоршанбе бо такя ба намояндагони мақомоти Амрико менависад, чунин тасмим ба манзури нигаронӣ аз амнияти сарнишинони низомии худ баъд асорати сарнишини ӯрдунӣ аз сӯйи ҷангҷӯёни ДИ, ки дар ниҳоят сӯзонида шуд, гирифта шудааст.

"Аморат аз Пентагон дархост кард, ки барои таҷдиди амалиёти наҷот ва иктишофӣ бо истифода аз ҳавопаймоҳои V-22 Osprey, ки аз ҷойи нишаст парвоз мекунанд талош карда ин ҳавопаймоҳоро аз пойгоҳи Қувайт ба пойгоҳи Ироқи Шимолӣ, маҳаллоти наздик ба амалиёти зидди ДИ кӯч диҳанд", — иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз рӯзнома.

Ба иттилоъи ин нашрия, то замоне, ки ин ҳавопаймоҳо ба пойгоҳи Ироқи Шимолӣ кӯч дода нашаванд, Аморат дар амалиёти бомбаборони мавзеъоти ДИ ширкат намекунад.

Мақомоти Аморат фармондеҳии нерӯҳои ҳавоии ИМА дар бораи муттавақиф кардани парвозҳои ҳавопаймоҳои худ дар маҳаллоти амалиёт дуруст баъд аз асир уфтодани сарнишини ӯрдунӣ Моаза Ал-Кассабеҳа, ки навори сӯзонидани ӯро ҷангҷӯёни ДИ пахш карданд, огоҳ кардааст.
Рӯзнома бо истинод ба манбаъи худ, навиштааст, ки дар ҳафтаи гузашта раҳбари ВКХ Аморат шайх Абдулло бин Заед бин Султон Ал Наҳаян сафири ҷадиди ИМА дар Аморат Барбара Лифро даъват ва аз ӯ суол кард: чаро фармондеҳии нерӯҳои ҳавоии ИМА барои наҷоти сарнишини ӯрдунӣ аз имконоти худ дар Ироқи Шимолӣ ба сурати муъассир истифода накард. Вале, ба навиштаи рӯзнома, ба суоли худ вай посух нагирифт.

Нашрия таъкид мекунад, ки раҳбари ВКХ Аморат барои бори нахуст ба назди худ Барбара Лифро, ки тоза ба симмати сафири ИМА дар Аморат таъйин шудааст, даъват кард.

"Иёлоти Муттаҳидаи Арабӣ аз нахустин кишварҳои арабист, ки ба иттиҳоди зидди ДИ ба раҳбарии ИМА пайваст. Ҷангандаҳои F-16-и Аморат қабл аз дигар ширкаткунандагони иттиҳод бомбарони мавзеъоти ҷангҷӯёни ДИ дар шимоли Ироқ ва Сурияро оғоз карданд",-омадааст дар хабари сарчашма.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мушорикати Аморат дар амалиёти иттиҳод алайҳи ДИ-ро муҳим арзёбӣ мекунанд, раиси ҷумҳури ИМА Барак Обама дар суханрониҳои худ мукарраран изҳор дорад, ки бидуни кӯмаки кишварҳои суннимазҳаби минтақа пирӯзӣ бар ДИ ғайримумкин аст.

Лентаи хабарҳо
0