Ҷонибдорони ДИ аснои роҳпаймоӣ. Акс аз бойгонӣ

ДИ кӯшиши даст ёфтан ба силоҳи кимиёвиро дорад?

5
(Таҷдидшуда 15:35 10.02.2015)
Кӯшиши дастрасӣ пайдо кардан ба силоҳи кимиёвӣ аз ҷониби “Давлати исломӣ” падидаи хатарнок барои амнияти ҷаҳонӣ маҳсуб мегардад. Зарур аст, ки чораҳои таъхирнопазир дида шаванд, то ин гурӯҳ ба яроқи марбута даст наёбад. Ҳамзамон, аз паҳншавии силоҳи ҳастаӣ ҷилавгирӣ кардан даркор аст.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Созмони ифротии "Давлати исломӣ" тасмим дошт ба силоҳи кимиёвии мамнӯъшуда дастрасӣ пайдо кунад, изҳшор дошт Аҳмад Узюмҷу, мудири кулли Ташкилоти манъи яроқи кимиёвӣ аснои сӯҳбат бо ширкати телевизионии NHK, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Узюмҷу гуфт, далели раднопазир дар ин бора надорад, аммо иттилое дар ин маврид ба ӯ расидааст.

"Агар ин ташкилот (манзур ДИ- шарҳи идора) ба препаратҳои кимиёвӣ дастрасӣ пайдо кунад, ин ҳолати хатарнокро ба бор меорад",-иброз дошт ӯ.

Узюмҷу аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки аз паҳншавии силоҳи ҳастаӣ (кимиёвӣ) ҷилавгирӣ намоянд.

Номбурда афзуд, нобудсозии силоҳҳои кимиёвӣ дар Сурия, ки тибқи нақша то моҳи июни соли равон бояд ба анҷом мерасид, бино ба сабаби идомаи ҷанги шаҳрвандӣ ба таъхир уфтодааст. Ба қавли Узюмҷу, дар 12 иншооти кимиёвии Сурия корҳои марбута дар моҳи сентябр ба охир мерасанд.

Охири моҳи октябр масъулини "Ташкилоти манъи яроқи кимиёвӣ" эълом дошта буданд, ки ҳудуди 98% моддаҳои кимиёвӣ аз Сурия берун бурда шудаанд.

 

5
Барчаспҳо:
силоҳи кимиёвӣ, ширкати телевизионии NHK, Ташкилоти манъи яроқи кимиёвӣ, ДИ, Аҳмад Узюмҷу, Сурия
Мавзуъ
Аморат зарбаҳои ҳавоӣ ба ДИ-ро ба хотири амнияти сарнишинон қатъ кард
Шореҳи ОИБ “Россия сегодня”: ДИ ва Толибон -кӣ қавитар?
Маркази исломӣ: ДИ худ муҳимтарин аҳкоми шариатро риоя намекунад
Райисҷумҳури Тоҷикистон "ДИ"-ро тоуни асри 21 хонд
“Давлати исломӣ” барои ташаннуҷи вазъ дар ОМ $70 миллион ҷудо мекунад