Муҳиддин Кабирӣ дар порлумон. Акс аз бойгонӣ

Кабирӣ: аслиҳа воқеъан ба узви ҲНИТ Маҳмудов таъаллуқ дорад

21
(Таҷдидшуда 15:31 11.02.2015)
Ба гуфтаи Кабирӣ, баъд аз қатли як узви Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик дар соли 1996, барои таъмини амнияти шахсӣ ба Маҳмудов аслиҳа ва тирҳо дода шуда буданд.

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Як туфангча ва тирҳо воқеъан ба узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҷамолиддин Маҳмудов, ки ахиран аз сӯйи маъмурони КДАМ боздошт шудааст, таъаллуқ доранд, гуфт раҳбари ҳизб Муҳиддин Кабирӣ имрӯз ба хабарнигорон, менависад хабаргузории Авеста.

Ба гуфтаи Кабирӣ, дар соли 1996, замоне, ки яке аз аъзои Иттиҳоди нерӯҳои мухолиф кушта шуд, ба манзури таъмини амният ба Маҳмудов аслиҳа ва тирҳо дода шуда буданд, вале баъд аз як моҳ раҳбари собиқи ҲНИТ Сайид Абдулло Нурӣ ба ӯ машварат дод, ки ин аслиҳаро нобуд созад.

"Ин супориш ба узви Иттиҳоди мухолифони тоҷик Абдулатиф Сардоров (Латиф Сардоров — идора) дода шуд, вале баъд ошкор шуд, ки вай ин аслиҳаро нобуд насохта дар ҳавлии худ зери замин гӯр кардааст. Соли 2013 келини Сардоров бо писари вай аз ҳам ҷудо шуданд. Вай аз вуҷуди ин аслиҳа огаҳӣ дошт ва соли 2013 ба манзури қасос аз ҳамсари собиқаш ба ниҳодҳои интизомӣ дар ин бора хабар дод", — гуфт Кабирӣ ба хабарнигорон.

Сипас, ба гуфтаи раҳбари ҲНИТ, маъмурони интизомӣ ба ҳавлии Сардоров омада ин аслиҳаро пайдо карданд, вале ҳеҷ иқдоме накарда баргаштанд.

"Онҳо аслиҳаро дар ҷояш гузоштанд ва эҳтимолан шароити хуберо мунтазир буданд, ки дар соли 2015, яъне тақрибан баъд аз якуним сол, фаро расид. Ин ки аз аслиҳаи ошкор шуда якуним сол хомӯш буданд, ҳадаф аст", — мутмаин аст Кабирӣ.

Имрӯз КДАМ аз боздошти узви Комиссия марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон аз ҲНИТ Ҷамолиддин Маҳмудов ба иттиҳоми нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа хабар дод. Ба дунболи хабари КДАМ, Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон гузориши вижаеро дар зуҳри 11 феврал ба нашр расонид.

21
Барчаспҳо:
изҳороти ҲНИТ, КДАМ, ҲНИТ, Абдулатиф Сардоров, Ҷамолиддин Маҳмудов, Муҳиддин Кабирӣ, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ба рекламаи сиёсии ҲНИТ дар Душанбе иҷоза надоданд
ҲНИТ баҳсашро бо муфтӣ додгоҳӣ намекунад
ҲНИТ аз болои раиси Шӯрои уламо ба додгоҳ шикоят мебарад
Коршиносон: фишорҳо ба имиҷи ҲНИТ таъсир расонида натавонистанд
Пистолет

27 ҳазор сомонӣ - хариди таппонча бо садохомӯшкунак дар Хуҷанд-видео

1222
(Таҷдидшуда 21:30 19.06.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 57-сола дар шаҳри Хуҷанд хабар додаст, ки дар фурӯши силоҳи ҷангӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Тибқи гузориши ВУД Тоҷикистон, дар пайи як амалиёти шартӣ аз марди муттаҳам ба ивази 27 ҳазор сомонӣ таппончаи Макаров бо таҷҳизоти садохомӯшкунак харида шуд.

Муайян гардид, ки муттаҳами 57-сола, зодаи шаҳри Конибодом ва сокини шаҳри Хуҷанд, санаи 25-уми майи соли равон аз афроди номаълум таппончаро гирифтааст.

ВУД таъкид кард, ки шахсияти айбдоршаванда ба далели халал нарасондан ба тафтишот феълан ифшо намешавад.

Мирвосид Давлатализода, муфаттиши мақомот, дар гузориш изҳор дошт, ки таппончаи мусодирашуда, соли истеҳсолаш 1987 буда, коршоям мебошад.

ВУД афзуд, ки феълан истифодаи силоҳи ҷангии мазкур дар дигар ҷиноятҳо ташхис мешавад.

1222
Барчаспҳо:
қочоқи нафт, силоҳ, Тоҷикистон
Генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, сардори РВКД дар ВМКБ

Баррасии гирдиҳамоиҳо дар ҷаласаи оперативии Ситоди таъмини амният дар ВМКБ-видео

5553
(Таҷдидшуда 17:16 19.06.2020)
Гирдиҳамоиҳо, ки чанд рӯзи қабл дар ноҳияи Рӯшон сурат гирифтанд, яке аз мавзӯъҳои меҳварии ҷаласаи оперативии Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ таҳти раёсати генерал Абдураҳмон Аламшозода буданд

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Генерал Абдураҳмон Аламшозода, сардори Ситоди байниидоравии таъмини амнияту тартибот дар ВМКБ, зимни ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ таъкид кардааст, ки маъмурин бо мардум хушмуомила бошанд.

Тибқи гузориши телевизиони “Бадахшон”, Ситоди байниидоравии таъмини амнияту тартибот минбаъд низ фаъолияташро дар вилоят идома хоҳад дод.

Манбаъ афзуд, ки дар ҷаласаи оперативӣ масъалаи гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ, тартибот дар роҳҳо, пешгирии фурӯши нӯшокиҳои ғайристандартӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.

Бар асоси гузориши ТВ Бадахшон, Ситоди байниидоравии таъмини тарбтибот, аз фаъолону зиёиён даъват кардааст, ки ҷавононро бо роҳи дуруст ҳидоят намоянд, аз таъсири гуруҳҳои манфиатҷуӯй, иштирок дар гирдиҳамоӣ ва даст задан ба бетартибиҳо пешгирӣ намоянд.

Анҷоми ҳамоишҳо дар Рӯшон

Баррасии ин масоил аз ҷониби Ситод дар ҳолест, ки ҳамоиши ахир дар пайи боздошти Ёдгор Ғуломҳайдаров ва ҳамроҳаш дар Рӯшон сурат гирифт, ки ба иддаои гуруҳи сокинони Рӯшон, рабте ба қазияи қочоқи маводи мухаддир надоранду тайи чанд соати боздошт латукӯб шудаанд.  Гуруҳи эътирозгарон боздоштшудаҳоро озод карда, тайи чанд рӯз даст ба ҳамоиши эътирозӣ зада буданд.

Феълан сокинон мегӯянд, ин қазия бо он, ки гуруҳи наздик ба 10-нафарӣ барои нақзи тартибот ҷаримабандӣ мешаванд, анҷом ёфт. Дар мавриди муҷозоти маъмурине, ки ба иддаои бархе сокинон даст ба латукӯб задаанд, феълан иттилое ироа нашудааст.

Мақомоти Тоҷикистон расман ин қазияро шарҳ надоданд, танҳо котиботи ҳукумати ВМКБ қаблан эътироз дар Хоруғ дар ҳамраъйӣ бо сокинони Рӯшонро рад карда, наворе нашр намуда буд.

5553
Барчаспҳо:
Рӯшон, Тоҷикистон, ҳамоиш, ВМКБ, телевизион, гузориш
Инструменты ювелира

Мақомоти Тоҷикистон гуфт, корхонаи “Тоҷик кристалл” чӣ қадар маҳсулот истеҳсол кард

0
(Таҷдидшуда 02:41 08.07.2020)
Ҳиркати “Тоҷик кристалл” яке аз аввалин корхонаҳои заргарии Тоҷикистон мебошад, ки баъд аз ба даст овардани истиқлол ташкил шудааст

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik.  Корхонаи “Тоҷик кристалл”  аз оғози фаъолият вобаста ба талаботи бозори дохила ва бо фармоишҳои мизоҷон истеҳсоли маснуоти заргариро вусъат дода то имрӯз зиёда аз 105,00 кг маснуоти заргарӣ аз металлҳои тилло ва нуқра истеҳсол намудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати саноати кишвар.

Бино бар иттилои манбаъ, корхонаи мазкур аз соли 2002 то имрӯз ба истеҳсоли маснуоти заргарии миллӣ аз металлҳои тилло ва нуқра машғул буда, ҳамзамон ба фуруши асбобҳои заргарӣ ва сангҳои ороишӣ машғул шудааст.

Ин корхона аз моҳи январ то апрели соли равон ба маблағи 350 ҳазору 662 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45044 сомонӣ зиёд мебошад.

Қайд карда шудааст, ки маснуоти заргарии истеҳсолкардаи ин корхона дар чандин намоишгоҳҳои дохили ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ ба намоиш гузошта сазовори мукофотҳо ва эътирофи тамошобинон ва мизоҷон гардидааст.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки корхонаи “Тоҷик кристалл”  бо дигар соҳибкорон ва корхонаҳои заргарӣ робитаҳои ҳамкорӣ дошта, аксарияти онҳоро бо асбобу лавозимотҳои  зарурӣ таъмин менамояд.

0
Барчаспҳо:
заргарӣ, истеҳсол, маҳсулот, корхона, Тоҷикистон