Воҳиди вижаи артиши Миср. Акс аз бойгонӣ

Воҳиди вижаи артиши Миср дар Либия 150 террористони "ДИ"-ро маҳв кард

4
(Таҷдидшуда 10:50 19.02.2015)
Воҳиди вижаи артиши Миср дар қаламрави Либия дар ҷанубии шаҳри Дерна дар як ӯрдугоҳи тамринотӣ 150 террористонро маҳв кард.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Воҳиди вижаи артиши мисрӣ зимни баргузории амалиёт алайҳи террористони ДИ дар қаламрави Либия 150 ҷангҷӯро маҳв ва даҳҳо нафари дигарро асир гирифтааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба шабакаи телевизионии Sky News Arabia.

Ба иттилоъи ин шабака, амалиёти низомиёни Миср бо ҳамгироӣ бо артиши давлатии Либия сурат гирифтааст. Амалиёт дар қаламрави яке аз ӯрдугоҳҳои тамринотии террористон дар ҷанубии шаҳри Дерна, ки маҳалли тақвиятии ин гурӯҳи тундгаро маҳсуб мешавад, сурат гирифтааст. Расонаҳо хабар медиҳанд, ки ин амалиёт субҳи рӯзи чаҳоршанбе рух додааст.

Дар миёни террористони асирафтода шаҳрвандони кишварҳои арабӣ ва ҳамчунин тундгароён аз кишварҳои дур будаанд. Низомиёни мисрӣ дар ин амалиёт ду кушта доштаанд.

Баргузории ин амалиёти низомӣ дар қаламрави Либияро манбаъи РИА Новости дар артиши Миср низ таъйид кард.

"Бале, амалиёти муввафақе дар қаламрави Либия гузаронида шуд", — гуфт манбаъи огаҳ, вале аз ироъаи ҷузъиёти ин амалиёт худдорӣ кард.

Шоми рӯзи якшанбе дар шабакаҳои иҷтимоии марбут ба гурӯҳи террористии ДИ навори видеоӣ ба намоиш гузошта шуд, ки дар он қатли 21 нафар табаъайи мисрии дар Либия боздоштшуда дида мешуд.

Дар пайи қатли атбоъи мисрӣ нерӯҳои ҳавоии Миср дар ҳамгироӣ бо нерӯҳои ҳавоии Либия ба мавзеъоти ҷангҷӯёни ДИ дар шаҳри Дерна, дар шарқи Либия ҳамалот анҷом доданд. Дар бораи кушта шудани беш аз чиҳил ҷангҷӯ гузориш шуд.

Дар вазорати дифоъи Миср гуфтанд, ки ҳамалоти ҳавоӣ ба маҳаллоти сукунати ҷангҷӯён, ӯрдугоҳҳо ва анборҳои лавозимоти низомӣ сурат гирифтаанд. Дар ҳисоботи эъломшудаи вазорати дифоъи кишвар зикр шуда буд, ки "куллияи ҳамалоти ҳавоӣ ба аҳдофи худ расидаанд".

4
Барчаспҳо:
ҳамалоти ҳавоии нерӯҳои ҳавоии Миср ба мавзеъоти "Давлати исломӣ", ДИИШ, ДИ, "Давлати исломӣ", Либия, Миср
Мавзуъ
Раиси ҷумҳури Миср сафари шаҳрвандонаш ба Либияро манъ кард
Як мақоми эронӣ: поёни умри "Давлати исломӣ" наздик аст
“Давлати исломӣ” амири Хуросонро таъин кард
Гурӯҳи “Марг” ба “Давлати исломӣ” ва “Толибон” ҷанг эълом кард
Пистолет

27 ҳазор сомонӣ - хариди таппонча бо садохомӯшкунак дар Хуҷанд-видео

1222
(Таҷдидшуда 21:30 19.06.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 57-сола дар шаҳри Хуҷанд хабар додаст, ки дар фурӯши силоҳи ҷангӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Тибқи гузориши ВУД Тоҷикистон, дар пайи як амалиёти шартӣ аз марди муттаҳам ба ивази 27 ҳазор сомонӣ таппончаи Макаров бо таҷҳизоти садохомӯшкунак харида шуд.

Муайян гардид, ки муттаҳами 57-сола, зодаи шаҳри Конибодом ва сокини шаҳри Хуҷанд, санаи 25-уми майи соли равон аз афроди номаълум таппончаро гирифтааст.

ВУД таъкид кард, ки шахсияти айбдоршаванда ба далели халал нарасондан ба тафтишот феълан ифшо намешавад.

Мирвосид Давлатализода, муфаттиши мақомот, дар гузориш изҳор дошт, ки таппончаи мусодирашуда, соли истеҳсолаш 1987 буда, коршоям мебошад.

ВУД афзуд, ки феълан истифодаи силоҳи ҷангии мазкур дар дигар ҷиноятҳо ташхис мешавад.

1222
Барчаспҳо:
қочоқи нафт, силоҳ, Тоҷикистон
Генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, сардори РВКД дар ВМКБ

Баррасии гирдиҳамоиҳо дар ҷаласаи оперативии Ситоди таъмини амният дар ВМКБ-видео

5553
(Таҷдидшуда 17:16 19.06.2020)
Гирдиҳамоиҳо, ки чанд рӯзи қабл дар ноҳияи Рӯшон сурат гирифтанд, яке аз мавзӯъҳои меҳварии ҷаласаи оперативии Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ таҳти раёсати генерал Абдураҳмон Аламшозода буданд

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Генерал Абдураҳмон Аламшозода, сардори Ситоди байниидоравии таъмини амнияту тартибот дар ВМКБ, зимни ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ таъкид кардааст, ки маъмурин бо мардум хушмуомила бошанд.

Тибқи гузориши телевизиони “Бадахшон”, Ситоди байниидоравии таъмини амнияту тартибот минбаъд низ фаъолияташро дар вилоят идома хоҳад дод.

Манбаъ афзуд, ки дар ҷаласаи оперативӣ масъалаи гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ, тартибот дар роҳҳо, пешгирии фурӯши нӯшокиҳои ғайристандартӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.

Бар асоси гузориши ТВ Бадахшон, Ситоди байниидоравии таъмини тарбтибот, аз фаъолону зиёиён даъват кардааст, ки ҷавононро бо роҳи дуруст ҳидоят намоянд, аз таъсири гуруҳҳои манфиатҷуӯй, иштирок дар гирдиҳамоӣ ва даст задан ба бетартибиҳо пешгирӣ намоянд.

Анҷоми ҳамоишҳо дар Рӯшон

Баррасии ин масоил аз ҷониби Ситод дар ҳолест, ки ҳамоиши ахир дар пайи боздошти Ёдгор Ғуломҳайдаров ва ҳамроҳаш дар Рӯшон сурат гирифт, ки ба иддаои гуруҳи сокинони Рӯшон, рабте ба қазияи қочоқи маводи мухаддир надоранду тайи чанд соати боздошт латукӯб шудаанд.  Гуруҳи эътирозгарон боздоштшудаҳоро озод карда, тайи чанд рӯз даст ба ҳамоиши эътирозӣ зада буданд.

Феълан сокинон мегӯянд, ин қазия бо он, ки гуруҳи наздик ба 10-нафарӣ барои нақзи тартибот ҷаримабандӣ мешаванд, анҷом ёфт. Дар мавриди муҷозоти маъмурине, ки ба иддаои бархе сокинон даст ба латукӯб задаанд, феълан иттилое ироа нашудааст.

Мақомоти Тоҷикистон расман ин қазияро шарҳ надоданд, танҳо котиботи ҳукумати ВМКБ қаблан эътироз дар Хоруғ дар ҳамраъйӣ бо сокинони Рӯшонро рад карда, наворе нашр намуда буд.

5553
Барчаспҳо:
Рӯшон, Тоҷикистон, ҳамоиш, ВМКБ, телевизион, гузориш
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, ҳангоми хонасозӣ барои зарардидагон дар ноҳияи Хуросон

Дар Чорбоғи Хуросон барои осебдидагон чӣ корҳо анҷом дода шудаанд - акс

0
(Таҷдидшуда 20:40 07.07.2020)
Мақомоти вилояти Хатлон дар бораи ҷараёни сохтмони манзил барои осебдидагон аз офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон гузориш дода, аксҳоро нашр намуданд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Котиботи ҳукумати Хатлон зикр кард, ки дар натиҷаи селбориши рӯзҳои 14-16 майи соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон 67 манзили зист пурра ва қисман хароб шуда буд.

Манбаъ зикр кард, ки барои ҳамаи оилаҳои зарардида аз маҳалли бехавф 8-садякӣ қитъаи замин барои сохтмони манзилҳои нав ихтисос дода шуд. Ба ҳамаи хонаводаҳо дар баробари маводи фаровони ғизоӣ, инчунин масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида шуд.

Котиботи ҳукумати Хатлон гузориш додааст, ки то имрӯз дар маҳаллаи Чорбоғ чӣ корҳо ба анҷом расиданд.

Таъкид шудааст, ки аз 67 хонаи бунёдшаванда дар 66 хона бардоштани девор ба охир расид. Дар 60 хона бардоштани бом ва болопӯш оғоз карда шуда, аз ин дар 18 хона бардоштани бом ва болопӯш ба ба итмом расид.

Дар 10 хона корҳои андовакунӣ оғоз шуда, аз ин дар 6 хона корҳои андовакунӣ ба охир расид. Дар 16 хона корҳои фаршу шифтсозӣ идома дошта, дар 2 хона ин корҳо ба анҷом расид.

Манбаъ афзуд, ки таъмини ҳамаи 67 хона бо дару тиреза аз ҷониби мақомоти давлатӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз 24 хона бо дару тиреза таъмин ва ҳамаи он насб карда шудааст.

0
Барчаспҳо:
хона, Тоҷикистон