Теҳрон, пойтахти Эрон. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистону Эрон алайҳи ҷинояткорӣ муборизаи муштарак мебаранд

4
(Таҷдидшуда 10:16 20.02.2015)
Мақомоти қудратии Тоҷикистону Эрон аз ин ба баъд зидди терроризму ифротгароӣ, ҷиноёти муташаккил ва пулшӯйӣ ҳамҷоя муқобала хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Созишномаи ҳамкорӣ дар бахши амниятро дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон ва ҳамтои эрониаш Абдулризо Раҳмонӣ рӯзи панҷшанбе дар Теҳрон имзо карданд, иттилоъ медиҳад хабаргузории IRNA.

Ин санад дурнамои ҳамкории ду кишварро дар бахши  ҷилавгирӣ аз зуҳуроти ифротгароӣ, терроризм ва ҷиноёти мутташакил дар бар мегирад.

Ҳамзамон, вазирон масоили марбут ба амнияту тақвияти марзҳои ду кишварро, ки бевосита ба Ҷумҳури исломии Афғонистон сарҳади муштарак доранд, баррасӣ карданд, зеро паҳншавии маводи мухаддира маҳз аз қаламрави Афғонистон сурат мегирад.

Қайд мегардад, ки Раҳимзода дар пойтахти Теҳрон ҳамчунин бо Исмоил Аҳмади Муҳаммад, сарвари пулиси шаҳр мулоқот карда, бо фаъолияти ин ниҳод аз наздик ошно шуд.

Сафари расмии вазири умури дохилаи Тоҷикистон ба Эрон рӯзи чоршанбеи 18 феврал оғоз гардида буд.

4