Пулиси Қирғизистон бо шеваи ҷадид барои мардум кор мекунад

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкКорманди пулиси Қирғизистон
Корманди пулиси Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Қирғизистон ҳамакнун фаъолияти пулисро на аз рӯйи ҷиноёти ошкоршуда, балки аз рӯйи вокуниш ба муроҷиот ва ҳифзи ҳуқуқи сокинон арзёбӣ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Нахуствазири Қирғизистон Ҷоомарт Оторбоев тасмими ҳукумат №81 аз 24 феврал "Дар бораи тасвиби Низомнома дар бобати асосҳои кулли арзёбии мақомоти умури дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон"-ро имзо кард, хабар медиҳад Сa-News бо истинод ба маркази матбуотии девони вазирон.

Низоми феълии арзёбии фаъолияти мақомоти умури дохилӣ дар тӯли 20 соли ахир бар пояи таносуби нишондодҳо асос ёфта буд ва ҳеч меъёреро барои инъикоси эътимод ва муносибати аҳолӣ ба пулисро дар бар надошт.

Чунин наҳва ба афзоиши мавориди пинҳон доштани ҷиноёт, дасткашии ғайриқонунӣ ва ё иқдоми боз кардани парвандаҳои ҷиноӣ, тақаллубкорӣ шароит фароҳам мекард.

Вале аҳолӣ, ки муштарии аслии хадамоти ниҳодҳои интизомӣ мебошад, аз раванди арзёбии фаъолияти мақомоти умури дохилӣ комилан маҳрум шуда буд, зикр мекунанд дар ҳукумат.

Тибқи наҳваи пешниҳодшуда, аз арзёбии мақомоти умури дохилӣ наҳваи муқоъисаи омори ҷиноёти сабти ном шуда ва ошкоршуда дар фоиз нисбати ҳамин давраи соли қабл лағв карда мешавад.

Арзёбии фаъолияти ҷудогонаи ҳар як корманди умури дохилӣ роҳандозӣ мешавад.

Наҳваи арзёбии пешниҳодшудаи куллӣ, аз ҷумла ба унвони нишондоди аслии кори пулис арзёбии ҷомеъа дар бобати вокуниши сареъ ба муроҷиоти воридшуда ба мақомоти умури дохилиро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳад.

Ҳамчунин, иқдомоти пулис барои барқарор кардани ҳуқуқҳои нақзшудаи сокинон, таъмини мизони зарурии амнияти омма ва танзим ба инобат гирифта мешаванд.

Арзёбии беруна бар пояи таҳлили назароти умум ва иттилоъи марокизи ҷамъиятиву пешгиркунанда, мақомоти маҳаллии худидоракунӣ ва гурӯҳҳои дигари ҷамъиятии манфиатдор асос меёбад.

Таҳияи ин тасмими ҳукумат бо мусоидати машваратии САҲА ва дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди шаҳрвандии "Барои ислоҳот ва натиҷа" ва созмонҳои дигари ҷамъиятӣ сурат гирифтааст, изофа карданд дар ҳукумат.

Лентаи хабарҳо
0