Шаҳри Киев. Акс аз бойгонӣ

Таҳлилгар: Русия метавонад ба воридоти силоҳ ба Киев посух диҳад

4
(Таҷдидшуда 10:16 27.02.2015)
Зимни қабули тасмими воридоти силоҳ ба Украина, ИМА бояд посухҳои эҳтимолии ҷониби Русияро ба инобат бигирад, изҳор дошт таҳлилгари масоили сиёсати дифоъӣ Гарри Казианис.

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Бӯҳрони Украина дар ҳамкориҳои низомиву фаннии миёни Русия ва Чин метавонад нақши боризе дошта бошад, изҳор дошт таҳлилгари масоили сиёсати дифоъи Гарри Казианис ба расонаи The National Interest, хабар медиҳад РИА Новости.

Ҳамкории Русия бо Чин барои таҳияи низоми дифоъии зиддикиштиҳо метавонад посухи Русия ба тасмими ИМА барои воридоти силоҳи марговар ба Украина шавад.

Ин амр ба Чин кӯмаки қобили мулоҳиза мекунад, зеро феълан вай барномаи масдудсозии дастрасӣ ба манотиқи зарурии A2/AD таҳия мекунад, ки бояд шароитеро фароҳам кунад, ки дар он нерӯҳои амрикоӣ, ҷопонӣ ва ё нерӯҳои дигари низомии шарик метавонанд талафоти сангине дошта бошанд.

Таҳлилгар бар ин назар аст, ки воридоти силоҳ ба Украина вокунишҳои силсилавӣ дуртар дар ҳазорҳо километрро ба дунбол хоҳад дошт, ки дар пайи он Чин бо кӯмаки низомиву фанноварии Русия метавонад обҳои баҳри Ҷануби Чиниро таҳти назорат қарор бидиҳад.

Ба ин тартиб, муътақид аст вай, Русия метавонад барои ИМА ва шариконаш дар тамоми ҷаҳон мушкилот эҷод кунад.
Чунин иқдом, муътақид аст хабарнигор, ба посухҳои Ғарб мунҷар шуда ва дар ниҳоят ба оғози ҷанги ҷадиди сард боъис мешавад.

4
Барчаспҳо:
силоҳ, ҷанг дар Украина, изҳори назар, The National Interest, Гарри Казианис, Русия, Чин, Украина, ИМА
Мавзуъ
Порошенко: назорати пулиси ИА роҳи беҳтарин барои шарқи Украина аст
Путин гуфт, аллакай ба Украина силоҳ медиҳанд
Берзинш: ироъаи силоҳ ба Украина роҳи нодурусти ҳалли қазия мебошад
Меркел: ихтилоф дар Украина ҳалли низомӣ надорад
Президент РФ В. Путин

Муфид аст: шарҳи Путин дар бораи ҳузури ИМА дар Афғонистон

262
(Таҷдидшуда 17:43 25.10.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ҳузури низомиёни амрикоиро дар Афғонистонро истиқбол карда, аз ҳамкории ду кишвар дар сатҳи хадамоти махсус тавсиф намуд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон аз нигоҳи амниятӣ муфид мебошад, изҳор дошт Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия.

“Ҳузури ИМА дар Афғонистон барои амният муфид мебошад”, - гуфт роҳбари Русия.

Путин инчунин таъкид кардааст, ки Русия аз ҳамкорӣ бо ИМА дар бахши мубориза бо терроризм қаноатманд мебошад.

Ӯ афзуд, ки маълумоти ироанамудаи Вашингтон борҳо имкон дод, ки ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави Русия ҷилавгирӣ шаванд.

“Сарфи назар аз мухолифатҳои зиёд дар бахшҳои гуногун, ҳамоно ҳамкорӣ дар сатҳи хадамоти махсус идома дорад... Дар баробари ин амрикоиҳо ба мо маълумоти зиддитеррорро ироа мекунанд”, - илова намуд Путин.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, дар оғози моҳи марти соли равон дар бораи бидуни таъхир хориҷ кардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон изҳорот дода буд. Аз ҷумла дар назар буд, ки теъдоди низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон тайи 135 рӯз аз 12 ҳазор нафар то 8,6 ҳазор нафар коҳиш дода шавад. Интизор мерафт, ки то интихоботи раисиҷумҳури ИМА теъдоди сарбозони ин кишвар дар Афғонистон ба 4-5 ҳазор нафар баробар карда мешуд.

262
Барчаспҳо:
Владимир Путин, ИМА, Путин, Русия
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон встретился с командующим Центральным командованием вооруженных сил США генералом Кеннетом Ф. Маккензи

Раҳмон ва генерал Маккензӣ амнияти Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд

383
(Таҷдидшуда 00:01 23.10.2020)
Ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуда, раванди музокироти сулҳро муҳокима карданд

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Ф. Маккензӣ, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар рафти мулоқот як қатор масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бахусус дар соҳаи амниятӣ, баррасӣ гардиданд.

Дар ин зимн ба мавзӯъҳои мубрами таъмини сулҳу суботи минтақавӣ ва хатару таҳдидҳои глобалии амниятӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор анҷом дода, раванди музокироти сулҳро дар ин кишвари ба мо ҳамҷавор муҳокима карданд.

Раҳмон таъкид карда, ки ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистони ҳамсоя пайваста дар маркази диққат қарор дорад ва Тоҷикистон аз талошҳои Ҳукумати Афғонистон дар самти истиқрори сулҳу суботи пойдор дар кишвар ҳамеша ҷонибдорӣ менамояд.

Манбаъ афзуда, ки дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, роҷеъ ба дигар ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ибрози ақида намуда, алоқамандиашонро ба таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшон дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қайд кардаанд.

383
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, ИМА, мулоқот, дидор, Тоҷикистон

Вакил гуфт, бекор кардани патент барои муҳоҷирон чӣ пайомад дорад

0
(Таҷдидшуда 20:06 28.10.2020)
Ба гуфти вакил сабукӣ барои муҳоҷирони метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русияро ба бор орад ва ба амният хатар дошта бошад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. ВУД Русия пешниҳод карда, ки қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР" ислоҳ карда шавад ва барои бархе аз гурӯҳи муҳоҷирон патент бекор гардад.

Светлана Бессараб, узви Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва собиқадорон, дар суҳбат бо Парламентская газета аз чунин навоварӣ интиқод кард.

Дар Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ Маркази имдод ифтитоҳ мешавад

"Ман ба чунин ташаббус эҳтиёткорона муносибат мекунам. Тавре таҷриба нишон медиҳад, аз ҷумла дар кишварҳои Урупо, на ҳамеша пур кардани ҷойҳои корие, ки мардуми бумӣ намехоҳад аз ҳисоби муҳоҷирон, хуб аст. Аксар вақт ин амалкард бо амнияти давлатӣ алоқаманд аст". қайд кард Бессараб.

Вакил афзуд, ки чунин навгониҳо барои муҳоҷирони сохтмончӣ метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русия ва иттифоқҳои касабаро ба бор орад.

Чунин вокуниш махсусан имрӯзҳо, ки сатҳи бекорӣ дар Русия дар ҳоли афзоиш аст, интизоршаванда мебошад.

Ба ширкатҳои бузурги сохтмонӣ иҷозат дода мешавад, муҳоҷиронро аз Тоҷикистон даъват кунанд

Рӯзи 26 октябр Вазорати корҳои дохилии Русия тарҳи ислоҳи қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия" -ро барои муҳокимаи умум нашр кард.

Тибқи ҳуҷҷат, хориҷиён метавонанд бидуни патент ва иҷозатномаи кор дар ширкатҳои байналмилалии Русия кор кунанд: дар сохтани иншооти барои чорабиниҳо зарурӣ пешбинишуда ва ҳангоми омодагӣ ва иштирок дар чунин чорабиниҳо.

Рӯйхати чорабиниҳо, ташкилкунандагон ва лоиҳаҳои сохтмонро ҳукумат муайян мекунад.

0
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, хатар, патент, Русия