ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Афғонистон пешсафи тавлидоти на танҳо ҳероин, балки ҳашиш низ шудааст, изҳор дошт раҳбари ИФНММ Виктор Иванов, хабар медиҳад РИА Новости.
"Афғонистон ҳамчунин дар ҷаҳон ба ҷойи аввал дар тавлиди ҳашиш низ баромад. Ин маводди коркардшудаи мухаддирот, ки аз он ба унвони ҳашиш ном мебаранд ба миқдори зиёд ба қаламрави Русия ворид мешавад. Мо дар соли гузашта 1,5 тонна ҳашиши афғониро дар кишвари худ мусодира кардем", — гуфт Иванов дар шабакаи телевизионии "Россия 24".
Ин дар ҳолест, ки дар Афғонистон тавлидоти корхонаии ҳероин қатъ нашудааст, зикр кард раҳбари ИФНММ.
"Мазореъи кишти хашхош тавсеъа меёбанд ба 250 ҳазор гектар расидааст, тавлидоти ҳероин низ афзоиш меёбад. Дар ин робита ИФНММ ниҳоди қатъии таҳоҷуми ҳероини афғонӣ ба қаламрави Русия аст ва 75% мусодираи ҳероин дар кишварро маъмурони ИФНММ анҷом медиҳанд", — изофа кард раҳбари пулиси зиддимухаддаротӣ.
Қаблан Иванов изҳор дошта буд, ки ҳамасола дар Афғонистон ҳудуди 150 миллиард меъёри якдаъфинаи истифодаи ҳероин тавлид мешавад, ки нисбати аҳолии ҷаҳон 25 маротиба бештар аст. Онҳо анборҳои ҳероинро дар манотиқи наздикии Русия дар Афғонистон пур мекунанд, ки феълан дар онҳо аллакай се ҳазор тоннаи ҳероин ё триллион меъёри якдаъфинаи истифодаи он захира шудааст.
Дар гузашта намояндагони ФР борҳо эътилофи байналмиллалиро, ки нерӯҳои худро дар авоили даҳаи 2000 вориди Афғонистон карда буд, муттҳам кард, ки онҳо бо муқобала бо тавлидоти маводди мухаддири маҳаллӣ алоқаманд нестанд. Дар НАТО ба навбаи худ тавзеъ доданд, ки муқобала бо кишти хашхош бар зарари кишоварзони маҳаллӣ хоҳад буд ва ба ин далел аз ин амр ҷилавгирӣ мешавад.
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, нимаи дуюми имрӯз раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллӣ - парлумони Ҷумурии Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон меояд.
Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, дар назар аст, ки имрӯз Раҳмонӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот кунад.
Мулоқоти раиси парлумони Афғонистон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон 1 март дар назар аст.
Гуфтушунид бо Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз бандҳои дигари барномаи сафари Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон мебошад.
Хабаргузории "Ховар" аз қавли котиботи Маҷлиси намояндагон хабар додааст, ки дар доираи сафари расмӣ ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз низ дидан хоҳанд кард.
Ин сафар дар ҳолест, ки масоили амниятӣ аз мавзӯъҳои меҳварии муносиботи Тоҷикистону Афғонистон мебошанд. Дар пасманзари таҷаммӯи бархе аз гуруҳҳои ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон мақомоти тоҷик азм доранд, ҳифзи марз бо ин кишварро таҳким бахшанд.
ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Амрико ба Сурия ҳамлаи ҳавоӣ ба як бинои марбут ба низомиёни тарафдори эрониро, ки аз Димишқ пуштибонӣ мекунад, оғоз кард, навиштааст Politico бо такя ба сухангӯи Вазорати дифои ин кишвар.
Маълум шудааст, ки фармони партоби мушакро худи президент Ҷозеф Байден додааст.
Рӯзномаи Washington Post бо такя ба як манбааш дар маъмурияти Амрико хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ чанд нафар кушта шуданд.
Вазири мудофиаи ИМА Ллойд Остин гуфт, ки низомиёни ИМА ба маълумоти иктишофии ҷониби Ироқ такя мекунанд ва ба дурустии зарба эътимод доранд.
Манбаъ қайд кард, ки ин зарба характери мудофиавӣ дошт ва посух ба се ҳамла ба артиши ИМА аз ҷониби ҷангиён дар моҳи феврали соли 2021 буд.
Гуфта мешавад, амалиёти низомӣ ба пешгирии ҳамлаҳои оянда ба пойгоҳи ИМА равона шуда, он бидуни ширкати шарикони Вашингтон дар эътилофи низомӣ гузашт.
"Мо онҳоро нодида гирифтем": Ғарб комёбии низомии Русияро дар Сурия эътироф кард
Дар навбати худ, сухангӯи Пентагон Ҷон Кирби гуфт, ки ҳадафи ҳамлаи амрикоиҳо объектҳои гузаргоҳи марзӣ дар шарқи Сурия буд, ки онро гурӯҳҳои мусаллаҳ истифода кардаанд.
"Ҳамла паёми возеҳе медиҳад, ки президент Байден барои ҳимояи контингенти амрикоӣ ва шарикони эътилофи мо амал хоҳад кард",-гуфт Кирби.
Дар ҷараёни амалиёт ҷангҷӯёни амрикоӣ ба ҳафт ҳадаф бомбаи дақиқи 500-фунтӣ партофтаанд.
Соли 1665 дар Лондон аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон маҷаллаи "Асарҳои файласуфонаи ҷомеаи шоҳигарӣ" нашр шуд.
Соли 1834 дар Канада шаҳри Йорк ба Торонто тағйири ном кард.
Соли 1902 клуби футболи "Реал" (Мадрид) таъсис дода шуд.
Соли 1960 дар Швейтсария ба занон ҳуқуқи дар интихоботи мунитсипалӣ иштирок намудан дода шуд.
Соли 1994 дар раъйпурсӣ аксарияти аҳолии Молдова барои ба даст овардани истиқлолияти мамлакат овоз доданд.
Соли 2009 ВАО хабар доданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Равзанаи ягона» оид ба тартиби раванди воридоту содирот сохта шуд.
Соли 2010 дар шаҳри Куала — Лумпури Малайзия маросими қуръакашии мусобиқоти Ҷоми президенти КФО баргузор гардид, ки дастаи "Вахш"-и Тоҷикистон ба гурӯҳи "В" шомил шуд.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Туркманистон, Куба, Ҷумҳурии Сербия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Словакия, Давлати Фаластин, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Судон, Ҷумҳурии Кипр ва Гурҷистон эътимодномаҳои худро тақдим намуданд.
Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон бинои нави сохтмонаш анҷомёфтаи Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва се хобгоҳи иловагӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.
Соли 1928 - доктори илмҳои филология, профессор Расул Ҳодизода.
Соли 1938 - шоир Одина Мирак.
Соли 1945 - иқтисодшинос Муртазо Қаҳҳоров.
Соли 1969 - сорояндаи маъруфи тоҷик Парвин Юсуфӣ.