Ксения Собчак. Акс аз бойгонӣ

ВАО: Собчак муваққатан тарки Русия мекунад

5
(Таҷдидшуда 14:08 16.03.2015)
Нашриёти “Коммерсант” иттилоъ дод, ки Собчак барои вақти муайян аз Русия ихроҷ мешавад. Дар ин бора рӯзи ҷумъа, аснои ба нашр расидани маҷаллаи L`Officiel таҳти роҳбариаш иброз доштааст.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Гардонандаи барномаҳои телевизион, хабарнигори саршинос Ксения Собчак муваққатан Русияро тарк мекунад, иттилоъ медиҳад РИА Новости дар такя ба рӯзномаи "Коммерсант".

Қаблан, бархе аз расонаҳо хабар доданд, ки пас аз қатли мухолифи ҳукумати Русия Борис Немтсов унвонии Собчак номаҳои таҳдидомез ирсол шудаанд. Ҳамчунин, дар бораи мавҷудияти "рӯйхати куштамешудаҳо" аз миёни сиёсатшиносону журналистон иттилоъ пахш шуда буд ва гӯйё дар ин маврид президент низ огаҳ шуда буд. Аммо дар навбати худ сухангӯи райисҷумҳур Дмитрий Песков ин овозаҳоро бепоя хонда гуфт, онҳо асос надоранд.

"Коммерсант" менависад, рӯзи ҷумъаи гузашта Собчак пас аз нашри маҷаллаи L`Officiel таҳти роҳбариаш дар ин маврид ибрози назар карда гуфт, тасмим дорад аз Русия муваққатан берун равад.

"Ман намоиши "Издивоҷ" ("Женитьба)-ро дар Театри миллӣ мавқуф гузошта наметавонам, тавре ки ҳамин ғизои шомро натавонистам мавқуф гузорам, аммо худи фардо аз Русия барои чанд муддат берун меравам",- иқтибос меорад нашрия аз суханони Ксения Собчак.

 

5
Барчаспҳо:
пас аз қатли мухолифи ҳукумат, муваққатан аз Русия меравад, тарки Русия мекунад, нашрияи "Коммерсант", маҷаллаи L`Officiel, Ксения Собчак, Русия