Тамриноти низомӣ. Акс аз бойгонӣ

СИПРИ: ИМА ва Русия - бузургтарин кишварҳои содиркунандаи аслиҳа

7
Барои нахустин бор ба феҳрасти содиркунандагони Пажӯҳишгоҳи масоили сулҳи Стокголм давлати Чин (5% куллияи содирот) ворид шуда ба ҷойгоҳи чаҳорум Олмонро (5%) фароварда ва Фаронса (5%) ҷойи панҷумро ба худ ихтисос додааст.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. ИМА ва Русия содиркунандагони бузургтарин таслиҳоти оддӣ боқӣ мондаанд, хабар медиҳад рӯзи душанбе Пажӯҳишгоҳи масоили сулҳи Стокголм (СИПРИ), менависад РИА Новости.

СИПРИ ба омори содироти анвои аслии таслиҳот ва васоили низомӣ дар муддати аз соли 2010 то соли 2014 истинод мекунад. Дар маҷмӯъ бойгонии пажӯишгоҳ омор аз соли 1950 бад ин сӯро фаро мегирад. Дар баррасии доду ситади низомӣ коршиносони ин пажӯҳишгоҳ аз омори муттавасити панҷсолаи ахир истифода мекунанд.

Тибқи феҳрасти ахир, ҷойгоҳи аввали содиркунандагони аслии таслиҳотро ба гунаи солҳои қаблӣ ИМА дар ихтиёр дорад, ки 31% мизони кулли содироти ҷаҳонии таслиҳотро ташкил медиҳад.

Кореяи Ҷанубӣ, АМА ва Австралия ба навиштаи муҳаққиқони СИПРИ муштариёни аслии ИМА мебошанд.

Дар маҷмӯъ мизони содироти таслиҳоти оддӣ аз ИМА дар муддати солҳои 2005-2009 ва 2010-14 ба 23% афзоиш ёфтааст.

Ҷойгоҳи дуввум ба гунаи панҷсолаи қаблӣ ба Русия ихтисос ёфтааст — саҳми вай дар мизони ҷаҳонии содироти таслиҳот 27% будааст. Муштариёни аслии доду ситади низомии Русия (ҳудуди 60% куллияи содирот) дар панҷ соли ахир Ҳинд, Чин, Алҷазоир будаанд.

Дар маҷмӯъ мизони содироти таслиҳоти оддӣ аз Русия дар муддати солҳои 2005-2009 ва 2010-14 ба 37% афзоиш ёфтааст.

Барои бори нахуст ба сегонаи бузурги содиркунандагон Чин (5% содироти кулл) ворид шудааст. Дар феҳрасти СИПРИ вай якбора ҷойгоҳи севвумро соҳиб шуда Олмонро (5%) ба ҷойи чаҳорум фароварда ва Фаронса (5%) ҷойи панҷумро соҳиб шудааст.

Содироти ин панҷ кишвар дар маҷмӯъ феълан 74% мизони кулли содиротро ташкил кардааст.

Дар маҷмӯъ мизони ҷаҳонии содироти анвои таслиҳоти оддӣ аз соли 2010 то соли 2014 дар муқоъиса бо панҷсолаи қаблӣ ба 16% афзоиш ёфтааст.

Аслиҳа куҷо меравад?

Феҳрасти воридкунандаҳои аслии таслиҳотро ба гунаи феҳрасти қаблӣ Ҳинд (15% дар мизони ҷаҳонии воридот) касб кардааст. Баъд аз вай Арабистони Саъудӣ (5%), Чин (5%), АМА (4%) ва Покистон (4%) қарор гирифтаанд.

Бо нашри ин феҳраст пажӯҳишгарони СИПРИ ошкор кардаанд, ки дар маҷмӯъ дар даҳ соли ахир ба таври қобили мулоҳиза воридоти таслиҳот ба Африқо, кишварҳои қораи амрикоӣ, Осиё, Ховари Миёна ва Океания афзоиш ёфта ба кишварҳои аврупоӣ коҳиш пайдо кардааст.

Бо зикри коҳиши воридоти таслиҳот аз сӯйи кишварҳои аврупоӣ, СИПРӢ таъкид мекунанд, ки вазъ дар Русия ва Украина метавонад ин равандро тағйир бидиҳад, зеро бархе аз кишварҳои ҳаммарз бо Русия воридоти таслиҳотро афзоиш медиҳанд.

Пажӯҳишгоҳи масоили сулҳи Стокголм СИПРИ соли 1966 таъсис шуда маркази пажӯҳишии мустақили низоъҳо, таслиҳот ва назорат бар раванди силоҳгирӣ ва бесилоҳкунӣ маҳсуб мешавад.

7
Барчаспҳо:
аслиҳа, интишори феҳрасти содиркунандагони аслии таслиҳот, силоҳ, Пажӯҳишгоҳи масоили сулҳи Стокголм (СИПРИ), АМА, Фаронса, Олмон, Чин, ИМА, Русия
Мавзуъ
Лондон ба Киев аслиҳа намедиҳад
Президент РФ В. Путин

Муфид аст: шарҳи Путин дар бораи ҳузури ИМА дар Афғонистон

262
(Таҷдидшуда 17:43 25.10.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ҳузури низомиёни амрикоиро дар Афғонистонро истиқбол карда, аз ҳамкории ду кишвар дар сатҳи хадамоти махсус тавсиф намуд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон аз нигоҳи амниятӣ муфид мебошад, изҳор дошт Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия.

“Ҳузури ИМА дар Афғонистон барои амният муфид мебошад”, - гуфт роҳбари Русия.

Путин инчунин таъкид кардааст, ки Русия аз ҳамкорӣ бо ИМА дар бахши мубориза бо терроризм қаноатманд мебошад.

Ӯ афзуд, ки маълумоти ироанамудаи Вашингтон борҳо имкон дод, ки ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави Русия ҷилавгирӣ шаванд.

“Сарфи назар аз мухолифатҳои зиёд дар бахшҳои гуногун, ҳамоно ҳамкорӣ дар сатҳи хадамоти махсус идома дорад... Дар баробари ин амрикоиҳо ба мо маълумоти зиддитеррорро ироа мекунанд”, - илова намуд Путин.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, дар оғози моҳи марти соли равон дар бораи бидуни таъхир хориҷ кардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон изҳорот дода буд. Аз ҷумла дар назар буд, ки теъдоди низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон тайи 135 рӯз аз 12 ҳазор нафар то 8,6 ҳазор нафар коҳиш дода шавад. Интизор мерафт, ки то интихоботи раисиҷумҳури ИМА теъдоди сарбозони ин кишвар дар Афғонистон ба 4-5 ҳазор нафар баробар карда мешуд.

262
Барчаспҳо:
Владимир Путин, ИМА, Путин, Русия
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон встретился с командующим Центральным командованием вооруженных сил США генералом Кеннетом Ф. Маккензи

Раҳмон ва генерал Маккензӣ амнияти Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд

383
(Таҷдидшуда 00:01 23.10.2020)
Ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуда, раванди музокироти сулҳро муҳокима карданд

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Ф. Маккензӣ, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар рафти мулоқот як қатор масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бахусус дар соҳаи амниятӣ, баррасӣ гардиданд.

Дар ин зимн ба мавзӯъҳои мубрами таъмини сулҳу суботи минтақавӣ ва хатару таҳдидҳои глобалии амниятӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор анҷом дода, раванди музокироти сулҳро дар ин кишвари ба мо ҳамҷавор муҳокима карданд.

Раҳмон таъкид карда, ки ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистони ҳамсоя пайваста дар маркази диққат қарор дорад ва Тоҷикистон аз талошҳои Ҳукумати Афғонистон дар самти истиқрори сулҳу суботи пойдор дар кишвар ҳамеша ҷонибдорӣ менамояд.

Манбаъ афзуда, ки дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, роҷеъ ба дигар ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ибрози ақида намуда, алоқамандиашонро ба таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшон дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қайд кардаанд.

383
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, ИМА, мулоқот, дидор, Тоҷикистон

Вакил гуфт, бекор кардани патент барои муҳоҷирон чӣ пайомад дорад

0
(Таҷдидшуда 20:06 28.10.2020)
Ба гуфти вакил сабукӣ барои муҳоҷирони метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русияро ба бор орад ва ба амният хатар дошта бошад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. ВУД Русия пешниҳод карда, ки қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР" ислоҳ карда шавад ва барои бархе аз гурӯҳи муҳоҷирон патент бекор гардад.

Светлана Бессараб, узви Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва собиқадорон, дар суҳбат бо Парламентская газета аз чунин навоварӣ интиқод кард.

Дар Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ Маркази имдод ифтитоҳ мешавад

"Ман ба чунин ташаббус эҳтиёткорона муносибат мекунам. Тавре таҷриба нишон медиҳад, аз ҷумла дар кишварҳои Урупо, на ҳамеша пур кардани ҷойҳои корие, ки мардуми бумӣ намехоҳад аз ҳисоби муҳоҷирон, хуб аст. Аксар вақт ин амалкард бо амнияти давлатӣ алоқаманд аст". қайд кард Бессараб.

Вакил афзуд, ки чунин навгониҳо барои муҳоҷирони сохтмончӣ метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русия ва иттифоқҳои касабаро ба бор орад.

Чунин вокуниш махсусан имрӯзҳо, ки сатҳи бекорӣ дар Русия дар ҳоли афзоиш аст, интизоршаванда мебошад.

Ба ширкатҳои бузурги сохтмонӣ иҷозат дода мешавад, муҳоҷиронро аз Тоҷикистон даъват кунанд

Рӯзи 26 октябр Вазорати корҳои дохилии Русия тарҳи ислоҳи қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия" -ро барои муҳокимаи умум нашр кард.

Тибқи ҳуҷҷат, хориҷиён метавонанд бидуни патент ва иҷозатномаи кор дар ширкатҳои байналмилалии Русия кор кунанд: дар сохтани иншооти барои чорабиниҳо зарурӣ пешбинишуда ва ҳангоми омодагӣ ва иштирок дар чунин чорабиниҳо.

Рӯйхати чорабиниҳо, ташкилкунандагон ва лоиҳаҳои сохтмонро ҳукумат муайян мекунад.

0
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, хатар, патент, Русия