Парчами Давлати исломӣ. Акс аз бойгонӣ

Ба “Давлати исломӣ” ҳамаи кишварҳои узви АСЕАН ҷанг эълом карданд

22
(Таҷдидшуда 16:35 17.03.2015)
Вазирони дифои кишварҳои Ҷанубу шарқии Осиё, ки шомили АСЕАН мебошанд, омодагии худро барои пайвастан ба мубориза алайҳи созмони террористӣ, ки ба амнияти онҳо хатароти ҷиддӣ меофарад, эълом карданд.

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Даҳ кишвари Анҷумани кишварҳои Ҷанубу шарқи Осиё (АСЕАН) барои муқобила бо гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ҳамкории фаъол хоҳанд дошт, гуфт вазири дифои Малайзия Хишамуддин Ҳусейн, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар ин бора Ҳусейн баъд аз анҷоми дидори нуҳуми вазирони дифои Анҷуман дар ҷазираи Ланкави эълом кард.

"Ҳамаи вазирони дифои кишварҳои узви АСЕАН талоши худро барои муқобила бо ин хатари ҷиддӣ тавассути табодули иттилооти иктишофӣ ва назорат бар барнома ва рушди "ДИ" муштарак карданд. Хатари "ДИ"-ро набояд нодида гирифт ва вазирон мавзеи яксон доранд, ки бояд омилҳои пайдоиши ин созмон ва огоҳсозии ҷомеъа анҷом дода шавад", — иқтибос овардааст рӯзномаи Star аз изҳороти Ҳусейн дар нишасти матбуотӣ.

Вазири Малайзия зикр кард, ки шоҳигарӣ ба эътилофи байналмиллалӣ алайҳи "ДИ" бо раҳбари ИМА пайваст намешавад ва нерӯҳои худро ба Ховари Миёна эъзом намекунад.

Малайзия ба таблиғот дар миёни сокинони кишвари худ авлавият дода талош мекунад афроде, ки ба таблиғоти ҷангҷӯён фирефта шудаанд, аз ин амр берун кашад, изҳор доштааст вай дар посухи хаттӣ ба дархости яке аз вакилони порлумони Малайзия.

Бруней, Ветнам, Индонезия, Камбоҷа, Лаос, Малайзия, Мянма, Сингапур, Тайиланд ва Филиппин шомили АСЕАН ҳастанд ва дар ин минтақа ҳудуди 600 миллион нафар зиндагӣ мекунанду тавлидоти нохолиси миллии ин минтақа дар маҷмӯъ 3,5 триллион доллар мебошад.

22
Барчаспҳо:
иттиҳод, муқобала бо "ДИ", мубориза, хатар, нишаст, АСЕАН, "Давлати исломӣ", Хишамуддин Ҳусейн, Малайзия
Мавзуъ
“ДИ” навори видеоии қатли ҷосуси гумонбари исроилиро нашр кард
Эрдуғон: ДИ талош дорад фарҳанги исломиро маҳв созад
Воҳиди вижаи артиши Миср дар Либия 150 террористони "ДИ"-ро маҳв кард
Владимир Путин: танҳо бо зарбаҳои ҳавоӣ мушкили “ДИ” рафъ намешавад
Олим Бобоев: низоми давлати исломӣ идеяи Ғарб аст
“Давлати исломӣ” амири Хуросонро таъин кард
Гурӯҳи “Марг” ба “Давлати исломӣ” ва “Толибон” ҷанг эълом кард
“Давлати исломӣ” барои ташаннуҷи вазъ дар ОМ $70 миллион ҷудо мекунад
Созмони тундгарои “Давлати исломӣ”