Боздошти “дасти рост”-и Мулло Абдулло дар Екатеринбург

© SputnikАкси Сӯҳроб Холов дар сайти РКД вилояти Свердловскийи Русия
Акси Сӯҳроб Холов дар сайти РКД вилояти Свердловскийи Русия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфти масъулини ҳифзи ҳуқуқ, Сӯҳроб Холов узви фаъоли гурӯҳи ҷиноии таҳти фармондеҳии Мулло Абдулло буда, дар ҳамлаҳои ғоратгарона бо силоҳ ширкат доштааст. Ӯ дар тороҷи моликият ва маболиғи зиёд муттаҳам дониста мешавад.

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Зодаи Тоҷикистон, ки қаблан дар кишвар алайҳи ӯ парвандаи ҷиноиӣ бо ҷурми роҳзанӣ ва қасди куштор ифтитоҳ шуда буд, дар шаҳри Екатеринбурги Русия аз ҷониби кормандони Интерпол  боздошт гардид, менависад сайти РКД дар вилояти Свердловск.

Сӯҳроб Холови 37-сола дар пайгарди байналмиллалӣ қарор дошт. Исми ин нафар, ба қавли масъулини Интерпол, дар рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯ бо "хатти сурх" ишора шуда буд.

Дар давраи солҳои 1996-2005 номбурда дар гурӯҳи ҷиноии таҳти фармондеҳии Мулло Абдулло ширкат карда, чандин амалиёти ғоратгарона ва роҳзаниро анҷом додааст. Ҳамзамон, Сӯҳроб Холов аз афроди мӯътамади Мулло Абдулло Раҳимов мулаққаб ба Мулло Абдулло, фармондеҳи собиқи мухолифин дар водии Рашт маҳсуб меёбад.

Ба қавли масъулини ҳифзи ҳуқуқ, Сӯҳроб Холов узви фаъоли гурӯҳи ҷиноии таҳти фармондеҳии Мулло Абдулло буда, дар ҳамлаҳои ғоратгарона бо силоҳ ширкат доштааст. Ӯ дар тороҷи моликият ва маболиғи зиёд муттаҳам дониста мешавад.

Чанде қабл бо ҳукми додгоҳи Режевскийи вилояти Свердловск боздоштшуда барои тақаллуби аснод зиндонӣ шуда буд.

Дар ҳоли ҳозир, Сӯҳроб Холов боздошт гардида, масъалаи марбут ба истирдоди ӯ ба Тоҷикистон матраҳ мешавад.

Абдулло Раҳимов (Мулло Абдураҳим) моҳи апрели соли 2011 аснои як амалиёти муштараки мақомоти қудратӣ дар шарқи кишвар кушта шуд. Ӯ, пас аз ҳамла ба корвони нақлиёти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар таърихи 19 сентябри соли 2010 террористи №1 эълон гардида буд.

Дар бораи марги Раҳимов хабарҳои зидду нақиз нашр мешуд. Бори аввал дар бораи ҳалокати ӯ дар Афғонистон соли 2001 хабар паҳн гардид. Баъдан, марзбонони Русия эълом карданд, ки дар як даргирӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон Мулло Абдулло кушта шуд. Дафъаи ахир, дар соли 2011 мақомоти қудратии кишвар дар мавриди қатли вай иброз доштанднд ва ҷасади мақтулро тариқи шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ намоиш доданд.

 

Лентаи хабарҳо
0