Истамбул. Акс аз бойгонӣ

“Гурӯҳи 24” дар Истамбул намоиши эътирозӣ доир кард

25
(Таҷдидшуда 10:08 25.03.2015)
Аъзоёни ин созмони мухолиф, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон ифротӣ эълон шудааст, дар назди идораи консулгарии ҶТ дар Истамбул гирдиҳам омада, дархости мулоқот бо масъулинро доштанд, аммо ба ҳадаф нарасиданд.

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Ҷонибдорони "Гурӯҳи 24", ки фаъолияти он дар Тоҷикистон мамнӯъ эълом шудааст, дар рӯбарӯи консулгарии Тоҷикистон дар Истамбул намоиши эътирозӣ барпо карданд, омадааст дар саҳифаи Facebook-и Шарофиддин Гадоев, роҳбари ҷадиди ин ташкилот.

"Ҷавононе, ки онҳоро ҳукумати Тоҷикистон "ифротгаро" эълом кардааст, имрӯз дар назди консулгарии кишвар дар Туркия ҷамъ шуданд. Онҳо масъулинро ба таъмини адолати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, қатъи таъқибу фишори мухолифони сиёсӣ, таҳқиқи одилонаи қазияҳо даъват карданд. Имрӯз мо ба пои худамон ба назди онҳо омадем, аммо касе ба назди мо набаромад",-омадааст дар иттилоия.

Қайд мешавад, ки эътирозгарон алайҳи қатли Умаралӣ Қувватов, роҳбари пешини "Гурӯҳи 24" ва омилони марги  Имомназар Имомназаров дар Хоруғ дар тобистони соли 2012 даъват карда, таҳқиқи шаффофи ин ҳодисаҳоро хостор шудаанд.

Пост на странице Шарофиддина Гадоева в Facebook
Аксҳо аз намоиши эътирозӣ аз саҳифаи Facebook-и Шарофиддин Гадоев

Дар дасти эътирозгарон акси қурбониёни шиканҷа ва чеҳраҳои маъруфи пушти панҷара, назири Зайд Саидов, Шӯҳрат Қудратов ва дигарҳо дида шудааст. Онҳо ҳамчунин шиор задаанд, ки шиканҷа дар зиндониҳои Тоҷикистон ва боздошти дигарандешон қатъ шавад.

Умаралӣ Қувватов, муассиси "Гурӯҳи 24", ки таи се соли охир бо интиқоди ҳукумати Тоҷикистон маъруф буд, дар як сӯиқасде шаби 6 март дар шаҳри Истамбул аз тири нафари ношиносе кушта шуд. Бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят чандин нафар боздошт шудаанд. Полиси Истамбул, ки тафтиши қазияро идома медиҳад, аз ироаи ҷузъиёти тафтишот барои матбуот худдорӣ мекунад.

Умаралӣ Қувватов бо ҳамсар ва 5 фарзандаш дар Туркия як соли охир ба сар мебурд ва мунтазири баррасии дархости паноҳандагиаш аз сӯи Идораи паноҳандагони СММ буд.

Дар Тоҷикистон фаъолияти "Гурӯҳи 24" аз сӯи додгоҳ манмнӯъ шуда, чанд нафар аъзоёни он ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон гардидаанд.

 

 

25
Барчаспҳо:
намоиши эътирозӣ, гирдиҳамоӣ дар назди консулгарии Тоҷикистон, роҳпаймоӣ, эътироз, "Гурӯҳи 24", Имомназар Имомназаров, Шарофиддин Гадоев, Умаралӣ Қувватов, Шӯҳрат Қудратов, Зайд Саидов, Истамбул, Туркия
Мавзуъ
Дар Туркия се гумонбар дар қатли Умаралӣ Қувватов боздошт шуданд
Боздошти Умаралӣ Қувватов дар Истамбул
На таджикский-афганской границе, архивное фото

Раҳимзода дар бораи сафар ба ВМКБ ва вазъ дар марз гуфт

663
Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар бораи сафари кориаш ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақл кард

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки ахиран ба ВМКБ сафари хидматӣ дошта аз вазъ дар сарҳад бо кишвари ҳамсоя Афғонистон огаҳӣ пайдо кардааст.

Ба гуфти Раҳимзода, ҳоло вазъ дар марз ором аст ва кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо марзбонон ва дигар ниҳодҳои қудратии кишвар ба ҳимояи марз машғул ҳастанд.

Дарозии марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон 1 ҳазору 370 километрро ташкил дода, аксари он аз манотиқи куҳӣ убур мекунад, ки назорату нигоҳубини онро мушкил менамояд.

Вазъият дар умум дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳамоно муташанниҷ боқӣ мемонад. Дар кишвар зуд зуд миёни низомиёни давлатӣ ва ҷангҷӯёни гурӯҳи "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҳамлаҳои мусаллаҳона сар мезанад. Дар баробари ин вақтҳои охир дар Афғонистон аъзоёни гурӯҳи террористии ба ном "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) фаъол шудаанд.

Фармондеҳони марзии ИДМ дар Самарқанд вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Ёдрас мешавем, ки ахиран президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният ба аъзои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот супориш доданд, ки барои таъмини амнияти давлату миллат дар минтақаи сарҳади давлатии ҳамҷавори Тоҷикистон бо Афғонистон тадбирҳои мушаххас андешанд.

663
Барчаспҳо:
вазъият, марз, Рамазон Раҳимзода Ҳамроҳ, Тоҷикистон, ВКД ҶТ
Спецназ Таджикистана на 201-й российской военной базе, архивное фото

ВУД Тоҷикистон: дар соли равон аз ду амали террористӣ ҷилавгирӣ кардем

184
(Таҷдидшуда 14:54 03.08.2020)
Масъулини вазорати умури дохилаи Тоҷикистон имрӯз эълон доштанд, ки дар шаш моҳи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ ду амали террористӣ пешгирӣ карда шуд

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Шодӣ Ҳафиззода , сардори раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки террористон қасд доштанд  кормандони милитсияро дар Рашту Шаҳринав кушанд.

 Вай афзуд кормандони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон аз ду амали террористӣ, ки террористон аввали сол онҳоро нисбат ба кормандони милитсия дар ноҳияҳои Рашт ва Шаҳринав тарҳрезӣ карда буданд, пешгирӣ намуданд.

“Ҳар ду амали террористиро ҷонибдорони созмони террористтии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи “Давлати исломӣ” содир карданӣ буданд”, - таъкид дошт сардори Раёсат.

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯйи далели омодагӣ ба амали террористӣ чанд нафар аъзои “Давлати исломӣ” аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Аммо ӯ аз ифшои ҷузъиёти бештар дар ин бора худдорӣ кард.

Бояд гуфт, ки тибқи маълумоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар давоми шаш моҳи соли равон 247 нафар шаҳрвандони кишвар ба гумони узвият ё робита доштан бо созмонҳои террористӣ ва ифротгаро боздошт шудаанд.

Аз ин шумор 203 нафараш аъзои созмони “Ихвон ул-муслимин” (Бародарони мусалмон), 27 нафар аъзои ташкилоти террористӣ-экстреместии “Давлати исломӣ”, 17 нафар “Салафия”, 8 нафар ҷамоати “Ансоруллоҳ”, чаҳор нафар “Гурӯҳи 24”, се нафар ҲНИТ, се нафар “Ал-Қоида”, ду нафар “Ҳизб-ут-Таҳрир”, як нафар ҳаракати исломии Ӯзбекистон, як нафар аъзои гурӯҳи Толибон ва як нафар дигар аъзои “Ҷамоати таблиғ”  буда, онҳо дар ҳоли ҳозир дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷиноятӣ ҷалб шуданд.

184
Барчаспҳо:
Вазорати умури дохила, Тоҷикистон, ҷилавгирӣ, амали террористӣ, ВУД
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода

Дар Суғд Иттифоқи корхонаҳои саноати сабуки вилоят таъсис ёфт

0
(Таҷдидшуда 14:10 09.08.2020)
Раиси вилоят мақсади асосии таъсиси Иттифоқи корхонаҳои саноати сабукро сарҷамъ шудан ва сари вақт муаммову мушкилиҳои ба миён омадаро баррасӣ ва ҳаллу фасл намудан унвон кард

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар Суғд Иттифоқи корхонаҳои саноати сабуки вилоят таъсис ёфт, гузориш медиҳад дафтари матбуоти раиси вилоят.

Бино бар иттилои манбаъ, раиси вилоят дар ин робита бо иштироки масъулин, аз ҷумла роҳбарони корхонаҳои саноати сабуки вилоят ҷаласа ташкил кард.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии хеш ҳадафи аслии таъсиси Иттифоқи корхонаҳои саноати сабуки вилоятро мусоидат ба рушди саноати сабук арзёбӣ кард.

"Сарҷамъ шудан ва дастгирии ҳамдигарии соҳибкорон заминаи мустаҳкаме ҷиҳати амалӣ намудани стратегияи чоруми миллӣ - саноатикунонии босурати кишвар мебошад", - таъкид намуд Аҳмадзода.

Раиси вилоят мақсади асосии таъсиси Иттифоқи корхонаҳои саноати сабукро сарҷамъ шудан ва сари вақт муаммову мушкилиҳои ба миён омадаро баррасӣ ва ҳаллу фасл намудан унвон карда, зикр дошт, ки танҳо бо иттиҳод ва дастгирии ҳамдигарӣ метавон ба муваффақиятҳои бештар ноил шуд.

Имрўз вилояти Суғд иқтидори коркарди сиюҳашт ҳазору панҷсад тонна пахтаро дорад. Ва ин имконият ва иқтидорро истифода кардан ба талошҳои пайвастаи соҳибкорон ва ҳамкории байниҳамдигарии онҳо вобаста аст.

Ду корхонаи Суғд аҳолиро бо ниқобҳои тиббӣ таъмин хоҳад кард

Ҷалби сармоягузорон, истифодаи имкониятҳои дохили кишвар, ҳамкорӣ бо корхонаҳои хурду бузурги кишвар имкон фароҳам меорад, ки ҷойҳои нави корӣ муҳайё ва вазъи иҷтимоии ҷомеа беҳтар шавад.

Зимни суҳбати ошкорову судманд, роҳбарони корхонаҳои саноати сабуки вилоят низ арз доштанд, ки таъсиси чунин як иттифоқ имкон медиҳад, фаъолияти корхонаҳо беҳтар ба роҳ монда шуда, хамкории миёни ширкатҳо густариш ёбад. 

Дар ҷаласа бо пешниҳоди аъзои Иттифоқи корхонаҳои саноати сабук Даврон Ахмедов раиси Иттифоқи корхонаҳои саноати сабуки вилоят интихоб гардид.

0