Прокуратураи генералии ҶТ. Акс аз бойгонӣ

Додситонии кулл: ному насаби боздоштшудаҳо ошкор нашавад

20
(Таҷдидшуда 12:14 30.03.2015)
Додситонии кулли Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз ниҳодҳои қудратии кишвар хостааст, то замони тасдиқи гуноҳи боздоштшудагон аз ошкор кардани ному насаби онҳо худдорӣ намоянд.

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон аз вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои қудратии кишвар тақозо кардааст, ки то замони ҳукми додгоҳ ному насаби боздоштшудаҳо ва гумонбаронро ошкор накунанд, менависад "Радиои Озодӣ".

Ин тақозои додстонӣ дар як нома ирсол шуда ва ишора рафтааст, ки ҳангоми боздошти афроди гумонбар ба амалҳои ҷиноӣ, сарфи назар аз намуди ҷиноят, ному насаби онҳоро ба хотири ҳифзи шаъну шараф ва ҳифзи ҳуқуқи ӯ дар васоити ахбори умум то замони тасдиқи гуноҳ аз ҷониби додгоҳ, ошкор накунанд.

Дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон 30 март ба радио гуфтааст, ҳафтаи гузашта ин нома ба ҳамаи ниҳодҳои қудратӣ аз ҷумла, Оҷонсии зидди коррупсия, Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, вазорати корҳои дохилӣ ва дигар ниҳодҳои интизомӣ ирсол шудааст.

Додситонии кули Тоҷикистон мегӯяд, таҷрибаи чандсолаи гузашта нишон медиҳад, ки бархе афрод ҳамчун гумонбар дастгир шуда ва зимни тафтиши парванда гуноҳи онҳо тасдиқ намешавад ва дар натиҷа озод мешаванд.

Ба гуфтаи манбаъ, вақте дар давраи боздошту таҳқиқи парвандаи гумонбар ному насаб ошкор карда мешавад, ин ба обрӯи шахси ӯ ва хешу табори он дар ҷомеа, таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ вақте, ки ному насаби гумонбар дар васоити ахбор ошкор карда мешавад, ҳуқуқҳои шахси гумонбар ва обрӯи хешу табори он дар ҷомеа хатшадор мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди президенти Тоҷикистон гуфт, аз тарафи Додситонии кулл нома дарёфт кардаанд, ки дар он дар вақти пахши хабар, аз ифшои ному насаби афроди гумонбар дар сомонаи оҷонсӣ, худдорӣ шавад.

Ин дар ҳолест, ки барномаи шабакаи телевизионии "ВКД хабар медиҳад" зимни пахши гузоришҳо дар бораи афроди боздоштшуда ба ҷиноятҳои мухталиф, аксу ному насаб ва чеҳраҳои онҳоро пахш мекунад.

20
Барчаспҳо:
шаъну шараф, бегуноҳӣ, қарори додгоҳ, худдорӣ, ошкор, ному насаб, боздошт, гумонбар, ВАО, идораҳо, вазоратхонаҳо, тақозо, ирсол, нома, Додситонии кулли Тоҷикистон, Тоҷикистон