Яман 28 марти соли 2015

15 шаҳрванди Тоҷикистон дар навбати аввал аз Яман берун оварда мешавад

6
(Таҷдидшуда 18:02 02.04.2015)
Аввалин ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия дар баробари шаҳрвандони ин кишвар қарор аст гурӯҳи нахустини тоҷикистониёнро ҳам аз Санъо берун барорад.

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Аввалин ҳавопаймои наҷотбахши вазорати ҳолатҳои изтирории Русия дар баробари шаҳрвандони ин кишвар қарор аст гурӯҳи нахустини тоҷикистониёнро ҳам аз Санъо берун барорад, навиштааст "Радиои Озодӣ".

Аввалин ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия бо ҳадафи аз Яман баровардани шаҳрвандони ин кишвар аз Қоҳира ба Санъо парвоз кард. Ин ҳавопаймо бо гирифтани иҷозати эътилофе ба раҳбарии Арабистони Саъудӣ вориди ҳарими ҳавоии Яман мешавад.

Муҳаммад Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар сӯҳбат бо радио гуфтааст, дар баробари шаҳрвандони Русия, қарор аст ин ҳавопаймо гурӯҳи нахустини 15-нафараи шаҳрвандони Тоҷикистонро низ аз Санъо ба Маскав интиқол диҳад. Эгамзод мегӯяд, ки номнависи шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо кӯмаки сафорати Русия бояд берун карда мешаванд, идома дорад.

"Мушаххас шудааст, ки дар миёни 15 нафари аввал ду нафаре ҳам ҳастанд, ки хешовандонашон бо дархости берун овардани онҳо аз Яман ба ситоди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав муроҷиат кардаанд", — мегӯяд Эгамзод.

Сафоратхонаи Тоҷикистон, ки дар назди он ситоди вижаи кӯмак  ба шаҳрвандонашро дар Яман раҳбарӣ мекунад, мегӯяд, ба маркази зиддибӯҳронии махсуси Вазорати умури хориҷаи Русия рӯйхати пурраи шаҳрвандонашро, ки дар Яман мунтазири кӯмак ҳастанд, ироа кардааст. Дар миёни онҳо асосан ходимони тиб мебошанд, ки тавассути ширкатҳои русӣ барои кор дар муассисаҳои тиббии Яман истихдом шудаанд. Шумори ин ходимони тиб тахминан 44 нафар ва ба иловаи аҳли хонаводаашон эҳтимолан то 100 нафарро ташкил медиҳад.

"Мақомоти Русия барои берун баровардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман ва овардани онҳо ба шаҳри Маскав пурра мувофиқат кардаанд ва онҳо ҳамроҳ бо шаҳрвандони худ ва дигар кишварҳое, ки аз Русия чунин дархосте кардаанд, тоҷикистониёнро ҳам берун меоранд", — таъкид кардааст Муҳаммад Эгамзод.

Айни замон, мақомот эътироф мекунанд, ки дар шароити ҳолати ҷангии давлати Яман, сарҷамъ овардани тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хостори тарки ин кишвар мебошанд, амри маҳол аст. Онҳо пароканда ҳастанд, дар манотиқи мухталиф зиндагиву кор мекунанд ва дар ҳолате, ки ҷанг аст, барои бисёри онҳо тай кардани масофаи 400-500 км роҳ барои сарҷамъ шудан дар як маҳал ба хотири нишастан ба ҳавопаймо амри маҳол аст. Мақомоти Тоҷикистон аз ҳамкорони русашон дархост, кардаанд, ки барои пайдо ва сарҷамъ кардани ин гурӯҳҳои пароканади шаҳрвандон ва ба ҳавопаймо шинондани онҳо ҳам мусоидат кунанд, менависад "Озодӣ".

Дар Яман эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саъудӣ зидди шӯришиёни ҳутии шиамазҳаб меҷангад. Дар паи ҷангҳо дар Санъо ҳафтае пеш раиси ҷумҳурии Яман Абдурабу Мансур Ҳодӣ аз кишвар фирор кард.

6
Барчаспҳо:
15 нафар, ҳавопаймо, берун овардан, пизишкон, шаҳрвандон, кӯмак, ҷанг, Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, Муҳаммад Эгамзод, Санъо, Яман, Тоҷикистон, Русия
Мавзуъ
Президент барои берун овардани тоҷикон аз Яман дастур дод
ВКХ: гуфтушунид барои аз Яман берун кардани тоҷикон идома дорад
Тоҷикон дар Яман: моро берун баред!
Гаравгони тоҷик дар Яман аз азияти кашидааш қисса кард
Вышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области.

Фаврӣ: тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи ид

1744
(Таҷдидшуда 15:42 24.05.2020)
Тирандозӣ байни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон суръат гирифтааст. Феълан байни намояндагони нерӯҳои марзбонии ду кишвар гуфтушунид идома дорад

ДУШАНБЕ, 24 мая — Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирандозӣ сар зад, хабар медиҳад Хадамоти марзбонии давлатии ҷумҳурӣ.

Таниш субҳи имруз дар рӯзи таҷлили Иди Рамазон дар минтақаи Суғд, ки бо вилояти Бодканд ҳамсарҳад аст, суръат гирифтааст.

Бино бар маълумоти ҷониби қирғизҳо, баҳси марзбонҳо дар пайи кӯшиши чарронидани чорво аз ҷониби сокинони ҷамоати Ворух дар ҳудуди вилояти Бодканд будааст.

"Тақрибан, соати 11:40 байни марзбонони ду кишвар тирпарронии кӯтоҳе сар зад", - менависад дафтари матбуотӣ.

Бино бар иттилои пешакӣ, талафоте ба қайд гирифта нашудааст.

Қайд мегардад, ки феълан намояндагони нерӯҳои марзбонии кишвар гуфтушунид анҷом медиҳанд. 

Сабаб коронавирус: Қирғизистон тадбирҳои амнияти дар марз бо Тоҷикистонро шидидтар кард

"Вазъ дар минтақаи марзи давлатӣ феълан нисбатан босубот аст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

1744
Места лишения свободы, архивное фото

4 зиндонии фавтида ва вазъи Зайд Саидов: суҳбати сардори зиндонҳои Тоҷикистон

6069
(Таҷдидшуда 21:07 11.05.2020)
Гузоришҳое, ки аз чаҳор тараф мерасанд, ҳокиянд, ки вазъи зиндонҳои Тоҷикистон дар робита ба “вируси корона” вахим шудаву он ҷо як фоҷиаи инсонӣ ҷараён дорад

ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik, Фахриддини Холбек. Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз марги як руҳонӣ дар зиндон хабар пахш шуд ва бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, ду нафари дигар ҳам дирӯзу имрӯз ҷон ба ҳақ супурдаанд. Ҳамзамон фарзандону пайвандони зиндониёни маъруф Зайд Саидов, собиқ вазири саноат ва Раҳматуллоҳи Раҷаб, яке аз раҳбарони Ҳизби мамнуъи наҳзати исломии Тоҷикистон, тариқи расонаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки падаронашон вазъи хеле вазнине доранд.

Ба хотири рӯшанӣ андохтан ба ин мавзӯъҳо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо зиндонбони №1 – и кишвар, генерал – лейтенант Мансурҷон Умаров, сардори Раёсати иҷрои ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон тамос гирифта, нахуст аз ӯ пурсид, ки оё маргумир дар зиндонҳо зиёд шудаву ҳукумати Тоҷикистон ин арқомро пинҳон медорад? 

Мансурҷон Умаров: Бале, ин ки маргумир дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳаст, дуруст аст. Зиндон ҳам як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳамин ҷомиа аст. Он чӣ дар берун иттифоқ меафтад, таъсири ба зиндонҳо низ дорад. Аммо ин ки маргумир зиёд шудааст, мегӯянд, ба маънои он нест, ки ҳама зиндониён сар ба сар фавтида истода бошанд. То ҳамин лаҳзае, ки ман бо шумо суҳбат мекунам, 4 зиндонӣ бо ташхиси пневмония ҷон додаанд, аммо қанду дилу дигар маризиҳои ҳамрадиф доштанд. Аксарият аз 50 – сола зиёд буданд. Ду нафарашон ёдам ҳаст, ки бо моддаи 200 – и Кодекси ҷиноӣ – тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир ҳабс шуда буданд.

Sputnik Тоҷикистон: 9 май ҷавоне ба номи Абдулфайз Раҷабов, маъруф ба Эшони Абдулфайз, ки 47 сол бештар синн надоштааст, дар зиндони шумораи 1-и Душанбе фавтидааст. Марги ӯро ҳам таъйид мекунед?

Мансурҷон Умаров: Ягон ҷои пинҳон доштан нест. Ин маризӣ имрӯз дар тамоми дунё бедодгарӣ дорад, касе напӯшидааст, мо ҳам пӯшида наметавонем. Бале, Абдулфайз Раҷабов ё Эшони Абдулфайз аз гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим буд ва бино ба иттилое, ки ман дар даст дорам, аввал тасф карда, сипас бо ташхиси "илтиҳоби шуш" фавтидааст.

Sputnik Тоҷикистон: Ҷаноби генерал, оё Шумо ҳам мутмаин ҳастед, ки ин фавтҳо ҳамоно пневмония асту "вируси корона" нест? Охир, пневмония маризии гузаранда намебошад?

Мансурҷон Умаров: Ҳеҷ аҷобат надорад, ки чунин бошад. Дар тамоми ҷаҳон ва дар кишвари мо ин маризиро расман эътироф карданд. Дигар як чизи маълуму рӯшан аст. Аммо аз нигоҳи ман, ҳоло муҳим ин нест, ки чӣ маризӣ аст, муҳим мо бояд вазъро мудирият кунем ва нагузорем, ки талафот зиёд шавад. Масалан, мо дар зиндонҳо тамоми тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва вазорати тандурустии кишварро ҳангоми ҷилавгирӣ, табобат ва назорати зиндониёни мариз риоят мекунем. Ҳатто дастурҳои алоҳидаи хаттӣ дарёфт карда, аз рӯи низоми пешниҳод кардаи онҳо табобат мекунем. Хушбахтона, беш аз 100 нафар табобат гирифта, рухсат шуданд.

Sputnik Тоҷикистон: Ҳоло боз чанд нафари дигар ҳастанд, ки таҳти тадовиянд ё вазъашон вазнин аст?

Мансурҷон Умаров: Тақрибан ҳаволии зуҳр вақте ман ҳисобот хостам, хабар ёфтам, ки ҳудуди 30 нафар ҳоло таҳти назорати табибонанд ва вазъи 4 нафари дигар вазнин аст. Шахсан дастур додам, ки духтурон ҷиддӣ бигиранд. Ин ки бо тасфу дигар авориз муроҷиат карда, ташхис мешаванд ва рухсат мешаванд, боз даҳҳо нафари дигар аст.

Sputnik Тоҷикистон: Оё вазъ то кадом дараҷа таҳти контрол аст ва то куҷо ба наздикону пайвандони зиндониён эътимод дода метавонед, ки як фоҷиаи башарӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон иттифоқ намеафтад?

Мансурҷон Умаров: Мо дар зиндонҳо қарантина эълон кардаем. Афроде, ки каме тасф бароварданд, зуд таҳти назорат гирифта мешаванд. Мо ин омодагиҳоро аз хеле пеш гирифта будем. Ба мардуми худ итминон медиҳем, ки ҳеҷ фоҷиае ба вуқӯъ нахоҳад пайваст. Мехоҳам як чиро дарк кунанд: дар зиндонҳо ҳам он шароите ҳаст, ки дар берун ҳаст. Бунгоҳи тиббӣ, шифохона, духтур, дору, таҷҳизоти тиббӣ – оксигенератор, дастгоҳи нафаси сунъӣ... ҳама ҳаст. Аз кӯмакҳое, ки ба кишвар омаданд, доруву дармону таҷҳизот ба мо ҳам расид, худи ҳукумат ҳам ҷудо кард. Хотирашон ҷамъ бошад, ки ин ҷо вазъи сиҳӣ таҳти назорат аст.

Sputnik Тоҷикистон: Ҷаноби генерал, писарони Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Зайд Сайидов, ки дар зиндон нигаҳ дошта мешаванд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз бад шудани вазъи саломатӣ ва эҳтимоли ба "коронавирус" гирифтор шудани падаронашон изҳори ташвиш карданд. Оё воқеан, вазъи онҳо вахим аст?

Мансурҷон Умаров: Дуруст гуфтаанд, ки вазъи ҳам Раҳматуллоҳи Раҷаб ва ҳам Зайд Сайидов як муддат вахим шуд. Ҳарду тасф бароварданд ва ҳарду ба бунгоҳи тиббӣ интиқол ёфтанд. Ҳоло вазъи ҳарду рӯ ба беҳбудӣ аст. Бахусус, ҳолати Раҳматуллоҳи Раҷаб вазнин шуда буд, ки ҳоло аз вазъи буҳронӣ гузашта, саломатиаш беҳбуд меёбад. Худи ҳамин саҳар ман аз пизишкони муассисаи якум шахсан вазъи Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Зайд Саидовро пурсидам, ки чӣ тур ҳастанд. Посух доданд, ки ҳарду сари по шудаанд, роҳ мегарданд.

Sputnik Тоҷикистон: Шумо дурустии чанд иттилоеро, ки мо аз шабкаҳои иҷтимоӣ хонда, бо Шумо матраҳ кардем, таъйид кардед. Оё ин иттилоот чӣ гуна ба берун дарз мекунанд ва чӣ тур пайвандон аз вазъи хешовандони худ огоҳ мешаванд?

Ходжамахмад Умаров, эксперт Института экономики и демографии АН РТ
© из личного архива Умарова Ходжамахмада

Мансурҷон Умаров: Ёдатон бошад, аз 31 март тамоми тамосу мулоқоту дастовезҳо ба зиндониёнро манъ карда будем. Аммо тамоси телефонӣ ва ҳам қабули хӯрока тибқи меъёру низомнома қатъ нашудааст. Мо 24 соат дар ихтиёри маҳбусон телефон гузоштаем, ки бо наздикони худ робита дошта бошанд. Дар ҳамаи муассисаҳо аз чунин тилфонҳо 20 – тоӣ дорем. Шумо чӣ фикр мекунед, ин хабарҳоеро, ки наздикон аз дохили зиндонҳо ба даст меоранд, аз куҷост? Тариқи ҳамин тамосҳост ва мо ҳам хабар дорем.

Sputnik Тоҷикистон: Ин иқдоми худи Шумост е...?

Мансурҷон Умаров: На, ин тақозои қонун аст, иқдоми шахсии ман ё Раёсату вазорат нест.

Sputnik Тоҷикистон: Агар Шуморо дуруст фаҳмида бошем, ҳар маҳбус метавонад озод бо пайвандонаш дар тамос шавад, ҳатто онҳое, ки бо иттиҳомҳои вазнинтарин – даст доштан дар терроризму қочоқи маводи мухаддир муттаҳаманд?

Мансурҷон Умаров: Бале, ин талаботи қонун аст ва ҳар маҳбус новобаста аз сатҳи ҷинояташ ҳақ дорад бо хонаводааш тамоси телефонӣ дошта бошад. ҲНИТ аз куҷо фаҳмид, ки Раҳматуллоҳи Раҷаб мариз аст? Аз фарзандаш, ки бо ӯ дар тамос мебошад ва ин тамоси қонунӣ аст. Метавонед худашро пурсед. Вазъи "наҳзатиҳо" – и дигар ҳам хуб аст, шикояте надоранд. Хуллас, дар дохили зиндонҳо ягон гапи пӯшидае нест. Ҳар чӣ мешавад, хабар меёбанд. Лутфан афроди судҷӯ воҳима наангезанд.

Sputnik Тоҷикистон: Бархе кишварҳои ҷаҳон аз хавфи ин, ки "вируси корона" ба маҳбасҳо ворид шуда, фоҷиа барпо накунад, ё зиндониёнро раҳо карданд, ё авф ва ё озод. Оё пеши рӯи ҳукумати Тоҷикистон низ суол пеш омадааст?

Мансурҷон Умаров: Ростӣ, ин мавзуъ ба вазорати адлия, бахусус, Раёсати зиндонҳо рабт намегирад. Салоҳияти мо нест. Мо иҷрогар ҳастем. Тасмимро ҳукумат, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ ва дигар мақомоти зидахл мегиранд. Агар дастур доданд, чаро не? Ҳоло коре, ки мо мекунем, назорат ва мудирияти вазъ аст.

6069
Барчаспҳо:
суҳбат, Зайд Саидов, Идораи зиндонҳо
Руки в наручниках, архивное фото

Куштори зани 69 - сола дар Бохтар: гумонбар боздошт шуд

0
(Таҷдидшуда 11:59 25.05.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рух додани ҳодисаи нохуш, одамкушӣ дар шаҳри Бохтар хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Кормандони милитсия нафари муттаҳам дар куштори сокини шаҳри Бохтарро боздошт намуданд.

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Турдиев Аскар санаи 16-уми майи соли 2020 аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Бохтар  дастгир гардид. Номбурда сокини кӯчаи Ф. Саидови шаҳри мазкур буда, дар куштори зани 69-сола, сокини ҳамин шаҳр гумонбар дониста мешавад.

Куштор: сокини Исфара марди 37-соларо дар ҳавлияш корд зад

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки зимни тафтишот номбурда дар содир намудани ҷиноят ба пуррагӣ иқрор гашт.

Зимнан, аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Бохтар нисбати Турдиев Аскар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда, тафтишот идома дорад.

0
Барчаспҳо:
куштор, Бохтар