Низоми ҳарбии Град

Русия барои Тоҷикистон қумандонҳо ва нишонгирони “Град”-ро омода кард

7
Тайи се моҳ барои қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон афсарони Русия мутахассисони ҳирфаии низоми реактивии “Град”-ро тайёр карданд.

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Афсарони пойгоҳи 201-уми Русия мустақар дар Тоҷикистон барои артиши кишвар қумандонҳо ва нишонгарони системаи реактивии "Град"-ро омода карданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости дар такя ба хабари дафтари матбуотии Округи марказии ҳарбии ФР.

Тайи се моҳ низомиёни тоҷик тарзи дурусти ифтифодаи таҷҳизот, кор бо низоми реактивӣ, нишонгирӣ ва дуруст муайян кардани масофаву ҷойи иншоотро омӯхтанд.

"Марҳилаи ниҳоӣ, ки аз тирпарронӣ дар торикии шаб иборат буд дар майдони низомии Лоҳур сурат пазируфт",- омадааст дар хабари манбаъ.

Аз аввали соли равон ба ин сӯ, афсарони Русия беш аз 350 мутахассиси ҳирфаӣ барои артиши Тоҷикистон, аз ҷумла механик-ронандаҳо, нишонгир-танзимгарони танкҳои Т-72, БТР ва БМП-ро омода кардаанд.

Таълиму омӯзиши низомиён дар чорчӯби тавофуқи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Пойгоҳи 201-уми Русия бузургтарин пойгоҳи ФР дар хориҷ аз он буда, ҷузъу томҳои он дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақар мебошанд.

7
Барчаспҳо:
омӯзиши афсарон, таълиму тамрини афсарон, танкистҳо, қумандонҳо ва нишонгирҳо барои артиши Тоҷикистон омода шуданд, пойгоҳи 201, пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия, Лоҳур, Русия, Тоҷикистон