Пойгоҳи ҳавоии “Кант” аз Русия ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин мегирад

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкҲавопаймои бидуни сарнишин
Ҳавопаймои бидуни сарнишин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пойгоҳи ҳавоӣ, ки амнияти фазоии кишварҳои узви СПАД-ро таъмин мекунад, бахши ҷадиди ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин таъсис шуд.

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Вазорати дифои Русия тасмим гирифтааст, ки пойгоҳи ҳавоии худ "Кант"-ро бо ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин тақвият бидиҳад, менависад РИА Новости бо истинод ба намояндаи расмии Ҳавзаи марказии низомӣ, сарҳанг Ярослав Рошупкин.

"Дар пойгоҳи "Кант" бахши ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин таъсис шуда он аз ҳисоби низомиёни қарордодӣ таъмин шудааст", — иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз суханони Рошупкин.

Ба гуфтаи сарҳанг, барои тақвияти ҳавонавардии низомӣ ва ҳамалотӣ дар тамринҳо ин бахш бо ҳавопаймоҳои навъи "Орлан" ва "Форпост" муҷҷаҳаз мешавад.

Пойгоҳи ҳавоӣ дар наздикии шаҳри Кант соли 2003 барои таъмини амнияти фазоии кишварҳои узви СПАД ташкил шудааст. Соли 2009 Русия ин пойгоҳро ба иҷора барои 49 сол ва бо имкони тамдиди ин мӯҳлат дар ихтиёр гирифт.

Феълан пойгоҳи ҳавоӣ ба сохтори Ҳавзаи марказии низомӣ шомил буда дар он танҳо низомиёни қарордодӣ ифои хидмат мекунанд. Ин пойгоҳ ҳавопаймоҳои Су-25СМ, чархболҳои Ми-8МТВ, ҷангандаҳои Су-27 ва бомбандозони Су-24М дар ихтиёр дорад. Дар моҳи апрели соли гузашта пойгоҳ чаҳор фарванд ҷангандаҳои ҷадиди Су-25 дарёфт кард.

Лентаи хабарҳо
0