Нишасти шӯрои низомии СПАД. Акс аз бойгонӣ

Шӯрои низомии СПАД хатароти террористӣ ба минтақаро баррасӣ кард

8
(Таҷдидшуда 10:20 10.04.2015)
Дар нишасти Қайроққум масоили зиёде баррасӣ шудааст ва тавваҷӯҳи вижа ба вазъи Афғонистон нигаронида шуд, ки дар он ҷо ахиран гурӯҳҳои марбут ба “Давлати исломӣ” фаъол шудаанд.

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Шӯрои низомии СПАД масоили ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои гурӯҳҳои террористии "Давлати исломӣ", ки ахиран дар Афғонистон ҳузур пайдо кардаанд, баррасӣ кард, хабар медиҳад CA-NEWS бо истинод ба муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон Зариф Шарофзода.

"Навҳаҳои мухталифи тавсеаи вазъият матраҳ шуда иқдомоти мушшахаси вокуниши сареъ, аз ҷумла бо истифода аз нерӯҳои муштараки Созмон баррасӣ шуданд", — гуфт вай ба хабарнигорон дар пайи анҷоми нишасти Шӯрои низомии СПАД, ки дар Қайроққум баргузор шуд.

Женерол-майор хабар дод, ки ширкаткунандагони нишаст имкони таъсиси низоми муштараки зиддиҳавоӣ ва зиддимушакиро баррасӣ карда ҳамчунин масоили марбут ба омодагии нерӯҳои сулҳхоҳи Созмонро матраҳ ва роҳҳои тавсеаи онро мавриди муҳокима қарор доданд.

"Тавваҷӯҳи вижа ба таҳлил ва арзёбии хатарот ба амнияти низомӣ ва ҳамчунин омодагии воҳидҳои нерӯҳои амнияти дастиҷамъӣ барои иҷрои муввазафоти худ равона шуд", — гуфт вай.

Шӯрои низомӣ дар назди Шӯрои вазирони дифоъи кишварҳои узви СПАД таъсис шуда ба он фармондеҳони ситодҳои кишварҳои узви ин созмон ва фармондеҳи ситоди Муштарак шомиланд. Ба ҳайати СПАД феълан шаш кишвар шомиланд: Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон.

8
Барчаспҳо:
Шӯрои низомӣ, амнияти низомӣ, хатарот, Шӯрои вазирони дифоъи кишварҳои узви СПАД, нишаст дар Қайроққум, СПАД, Зариф Шарофзода, Тоҷикистон
Мавзуъ
Кумитаи низомии СПАД дар Душанбе таҳдидҳои амниятиро баррасӣ мекунад
Ниятбеков: СПАД манофеъи аъзоёнашро ҳимоя мекунад
Нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СПАД ба анҷом расид
Ҷалби таваҷҷӯҳи роҳбарони ВУХ СПАД ба ифротгароӣ
Нишасти Шӯрои вазирони хориҷии СПАД дар Душанбе оғоз шуд
Ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои аъзои СПАД дар Душанбе
Раҳмон ва Бордюжа авлавиятҳои СПАД-ро баррасӣ мекунанд
Намояндагони СПАД масоили муҳоҷирати ғайриқонуниро баррасӣ мекунанд