Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Шогирде аз мактабе дар Ҳисор дар Донишгоҳи миллӣ дуздӣ кард

30
(Таҷдидшуда 11:45 10.04.2015)
Сокини ноболиғи ноҳияи Ҳисорро таҷҳизоти компютерӣ ва телефоне дар яке утоқҳои дарсӣ дар донишгоҳ ҷалб карданд.

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Шогирди синфи 11 аз Ҳисор ба иртикоби дуздии амволи мухталифи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки мабалағаш беш аз 10 ҳазор сомонӣ аст, боздошт шудааст, хабар медиҳад сомонаи ВКД.

Шогирди 16 соларо зимни анҷоми амалиёти ҷустуҷӯӣ боздошт кардаанд.

"Муттаҳам 4 апрел рустӣ ба утоқи дарсии ДМТ ворид шуда як адад Wi-Fi-роутер, як адад дастгоҳи телефонӣ, як маҳазни компютерии сахт, 2 микрофон ва як адад флешкорт, ки маблағи умумиаш 10 200 сомонӣ мебошад, ба сирқат бурда нопадид мешавад", — омадааст дар хабар.

Маъмурони интизомӣ ҷузъиёти ин амалро таҳқиқ мекунанд.

30
Барчаспҳо:
боздошти дузд, ВКД, Тоҷикистон
Мавзуъ
20% боло рафтани мизони ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон дар моҳи январ
Пешниҳоди вазир ба ашхоси бонуфуз барои мубориза алайҳи ҷинояткорӣ
Президент РФ В. Путин

Муфид аст: шарҳи Путин дар бораи ҳузури ИМА дар Афғонистон

263
(Таҷдидшуда 17:43 25.10.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ҳузури низомиёни амрикоиро дар Афғонистонро истиқбол карда, аз ҳамкории ду кишвар дар сатҳи хадамоти махсус тавсиф намуд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон аз нигоҳи амниятӣ муфид мебошад, изҳор дошт Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия.

“Ҳузури ИМА дар Афғонистон барои амният муфид мебошад”, - гуфт роҳбари Русия.

Путин инчунин таъкид кардааст, ки Русия аз ҳамкорӣ бо ИМА дар бахши мубориза бо терроризм қаноатманд мебошад.

Ӯ афзуд, ки маълумоти ироанамудаи Вашингтон борҳо имкон дод, ки ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави Русия ҷилавгирӣ шаванд.

“Сарфи назар аз мухолифатҳои зиёд дар бахшҳои гуногун, ҳамоно ҳамкорӣ дар сатҳи хадамоти махсус идома дорад... Дар баробари ин амрикоиҳо ба мо маълумоти зиддитеррорро ироа мекунанд”, - илова намуд Путин.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, дар оғози моҳи марти соли равон дар бораи бидуни таъхир хориҷ кардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон изҳорот дода буд. Аз ҷумла дар назар буд, ки теъдоди низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон тайи 135 рӯз аз 12 ҳазор нафар то 8,6 ҳазор нафар коҳиш дода шавад. Интизор мерафт, ки то интихоботи раисиҷумҳури ИМА теъдоди сарбозони ин кишвар дар Афғонистон ба 4-5 ҳазор нафар баробар карда мешуд.

263
Барчаспҳо:
Владимир Путин, ИМА, Путин, Русия
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон встретился с командующим Центральным командованием вооруженных сил США генералом Кеннетом Ф. Маккензи

Раҳмон ва генерал Маккензӣ амнияти Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд

386
(Таҷдидшуда 00:01 23.10.2020)
Ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуда, раванди музокироти сулҳро муҳокима карданд

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Ф. Маккензӣ, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар рафти мулоқот як қатор масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бахусус дар соҳаи амниятӣ, баррасӣ гардиданд.

Дар ин зимн ба мавзӯъҳои мубрами таъмини сулҳу суботи минтақавӣ ва хатару таҳдидҳои глобалии амниятӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор анҷом дода, раванди музокироти сулҳро дар ин кишвари ба мо ҳамҷавор муҳокима карданд.

Раҳмон таъкид карда, ки ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистони ҳамсоя пайваста дар маркази диққат қарор дорад ва Тоҷикистон аз талошҳои Ҳукумати Афғонистон дар самти истиқрори сулҳу суботи пойдор дар кишвар ҳамеша ҷонибдорӣ менамояд.

Манбаъ афзуда, ки дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, роҷеъ ба дигар ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ибрози ақида намуда, алоқамандиашонро ба таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшон дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қайд кардаанд.

386
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, ИМА, мулоқот, дидор, Тоҷикистон
Глава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото

Нақша иҷро нашуд: Кумитаи андоз калонтарин "андозгурезон"-ро гуфт

0
(Таҷдидшуда 12:30 29.10.2020)
Кумитаи андози Тоҷикистон гуфтааст, сарфи назар аз чораҳои андешидашуда зарфи нӯҳ моҳи соли равон нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ҷамъовариион ба зимаи ин ниҳод гузошта шудааст, иҷро нашудааст

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik.  Ба навиштаи нашрияи Кумита иҷрои нақшаи андозӣ 92,1% иҷро шуда, ба ҷойи ба ҷойи 8 млрд 143,3 млн сомонии пешбинишуда, ба буҷети давлатӣ 7 млрд 497,0 млн сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 646,2 млн сомонӣ кам мебошад.

“Иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 104,8%, вилояти Хатлон 100,6%, вилояти Суғд 100,2%, шаҳри Душанбе 100,1% ва Раёсати андози андозсупорандагони калон, ки воридоти маблағҳо аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст - 53,0% таъмин карда шуд”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1 октябри соли 2020 дар маҷмӯъ 1021,0 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба 1 январи соли 2020 ба андозаи 440,0 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Калонтарин қарздорон

Ба иттилои Кумита, маблағи қарзи андозҳо дар ин давра, асосан, аз ҳисоби ҶСК “НБО Сангтуда 1” ба маблағи 115,6 млн сомонӣ, ҶСК “НБО Роғун” 43,2 млн сомонӣ, КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик” 22,0 млн сомонӣ, ҶСК “Тоҷиктелеком” 18,8 млн сомонӣ, КВД “ММЭР” 6,7 млн сомонӣ, фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ 67,8 млн сомонӣ ва дигар корхонаҳо афзоиш ёфтааст.

“Новобаста аз чораҳои зиёди аз ҷониби мақомоти андоз андешидашуда яке аз сабабҳои дар ин давра зиёд шудани бақияи қарзи андозҳо ба сари вақт ва дар ҳаҷми пурра пардохт нагардидани маблағи андозҳои ҳисобшуда аз тарафи баъзе субъектҳои хоҷагидор мебошад”,-афзудааст ин ниҳод.

Дар ин давра Кумита бо мақсади пешгирӣ аз зиёдшавии маблағи бақияи қарзи андозҳо ва ҷиҳати тибқи тартиби муқарраршуда маҷбуран рӯёнидани онҳо, дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи мақомоти андоз нисбати 6600 андозсупорандаи қарздор 10600 адад қарор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи 756,8 млн сомонӣ қабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, шумораи қарорҳо 4640 адад ва маблағи қарорҳо 104,6 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Қарзи ноҳияи Кӯшониён аз андоз наздик ба 40 миллион сомонӣ расид

Аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби қарорҳои дар соли 2019 қабулгардида, дар маҷмӯъ, ба буҷет 711,0 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 163,3 млн сомонӣ зиёд мебошад.

0
Барчаспҳо:
нақша, қарздор, андоз, Тоҷикистон