Бастаи ҳероин. Акс аз бойгонӣ

Пулиси Тоҷикистон дар як шабонарӯз беш аз 12 кг мухаддиротро забт кард

7
Миқдори бештари мухаддирот –тақрибан 7,5 килограмро маъмурон аз як сокини шаҳри Қӯрғон-теппа мусодира карданд.

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Дар Душанбе ва Қӯрғон-теппа кормандони пулис дар як шабонарӯз беш аз 12 килограмм маводди мухаддиро ошкор ва забт карданд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Аз ҷумла, дар пойтахти кишвар ба иттиҳоми гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ҷавони 22 сола боздошт шуд, ки аз борхалтаи вай 2,5 килограмм ҳероини ошкор ва забт шуд.

Дар ҳамин рӯз маъмурони пулиси ноҳияи Восеъ аз як сокини 40 сола 2 килограмму 600 грамм ҳашишро ошкор карданд. Зикр мешавад, ки боздоштшуда қаблан барои дуздӣ муҷозот шуда буд.

"Бештар аз ҳама дар ин рӯз аз як сокини 58 солаи Қӯрғон-теппа мухаддирот ошкор шуд: ҳангоми кофтукоби шахсӣ аз борхалтаи вай 3 килограмму 870 грамм ҳашиш ва 3 килограмму 610 грамм нашъа мусодира шуд", — омадааст дар хабари ин ниҳод.

Аз рӯйи ин маворид парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда таҳқиқи онҳо идома дорад.

7
Барчаспҳо:
боздошти қочоқчиёни маводди мухаддир, ВКД, Қӯрғон-теппа, Восеъ, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Мусодираи 30 килограм ҳашиш дар як ҳафтаи ахир
Кашфу мусодираи 11 кило ҳашиш ва 18 кг моддаҳои психотропӣ дар ҶТ
Дар Хоруғ шаҳрванди Афғонистон бо 50 килограмм ҳашиш боздошт шуд
Дар АНМН “Масири ҳероин” баррасӣ шуд
Боздошти як тоҷикистонӣ дар Маскав бо 70 кг ҳероин
Додгоҳи Дубай барои 13 килограмм ҳероин 10 соли зиндонро раво дид
Шаҳрвандони ҶТ бо 10 кг ҳероин дар вилояти Маскав боздошт шуданд
Мусодираи ҳероин аснои амалиёти муштараки хадамоти ҶТ ва ҶҚ
Поисковая экспедиция на месте где были бои во время Великой Отечественной войны 1941-45 годов, архивное фото

Ҷасади Раҷабов, куҳансарбози тоҷик, дар Калининград ёфт шуд: кӣ мешиносад?-видео

867
(Таҷдидшуда 15:51 09.07.2020)
Ҷасади боз як сарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Зеленоград пайдо карда шуд, ки ба гуфтаи ҷустуҷӯгарон аз Тоҷикистон мебошад

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Гуруҳҳои ҷустуҷӯии "Совест" дар минтақаҳое, ки ҳангоми амалиёти Пруссияи шарқӣ задухӯрдҳо сурат гирифтаанд, кор карда,  дар ноҳияи Зеленоград ҷасади боз як сарбози ҶБВ-ро пайдо намуданд, хабар дод шабакаи телевизионии  "Вести-Калининград".

Муайян шудааст, ки сарбози ҳалокгардида Каримҷон Раҷабов аз Тоҷикистон будааст.

Сарбозони 100 – солаи ҶБВ аз Тоҷикистон: кӣ 75 – умин солгарди Ғалабаро ҷашн мегирад?

“Раҷабов зодаи Тоҷикистон мебошад. Феълан ба макони таваллуд ва даъваташ дархостҳо равон карда шудаанд. Умедворем, ки наздиконаш пайдо шаванду мо тавонем мукофоти ҷангияшро ба онҳо супорем. Шояд онҳо бихоҳанд, ки боқимондаҳо дар ватан ба хок супорида шаванд”, - изҳор дошт Руслан Хисамов, роҳбари гуруҳи ҷустуҷӯӣ дар гузориши телевизионӣ.

Қаблан дар ин минтақа ҷасади 7 сарбозеро пайдо карданд, ки аз пораҳои гулӯлаҳои  артиллерӣ ба ҳалокат расидаанд.

867
Барчаспҳо:
сарбоз, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Тоҷикистон
Пистолет

27 ҳазор сомонӣ - хариди таппонча бо садохомӯшкунак дар Хуҷанд-видео

1225
(Таҷдидшуда 21:30 19.06.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 57-сола дар шаҳри Хуҷанд хабар додаст, ки дар фурӯши силоҳи ҷангӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Тибқи гузориши ВУД Тоҷикистон, дар пайи як амалиёти шартӣ аз марди муттаҳам ба ивази 27 ҳазор сомонӣ таппончаи Макаров бо таҷҳизоти садохомӯшкунак харида шуд.

Муайян гардид, ки муттаҳами 57-сола, зодаи шаҳри Конибодом ва сокини шаҳри Хуҷанд, санаи 25-уми майи соли равон аз афроди номаълум таппончаро гирифтааст.

ВУД таъкид кард, ки шахсияти айбдоршаванда ба далели халал нарасондан ба тафтишот феълан ифшо намешавад.

Мирвосид Давлатализода, муфаттиши мақомот, дар гузориш изҳор дошт, ки таппончаи мусодирашуда, соли истеҳсолаш 1987 буда, коршоям мебошад.

ВУД афзуд, ки феълан истифодаи силоҳи ҷангии мазкур дар дигар ҷиноятҳо ташхис мешавад.

1225
Барчаспҳо:
қочоқи нафт, силоҳ, Тоҷикистон

Паҳнсозони COVID–19 дар Тоҷикистон чӣ ҷазо мегиранд?

0
(Таҷдидшуда 21:14 09.07.2020)
Тағйироти ҷадид ба қонунгузории Тоҷикистон, ки мавриди амал қарор гирифтанд, барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус ҷазои маъмурӣ ва ҷиноиро пешбинӣ мекунанд
Кадом ҷаримаҳо паҳнкунандагони коронавирусро дар Тоҷикистон таҳдид мекунанд
© Sputnik /

Тибқи меъёрҳои ҷадиди қонунгузории Тоҷикистон, барои паҳни иттилои бардурӯғ дар шароити пандемия ва амалисозии чораҳои қарантинӣ шахсони инфиродӣ аз 580 сомонӣ боло ва шахсони ҳуқуқӣ то 11,6 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ хоҳанд шуд.

Инчунин нақзи қоидаҳои ниқобпӯшӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар боғҳо, бозор, мағоза, қаҳвахона, нақлиёт ва ҳатто ҷои кор ҷарима дар ҳаҷми аз 116 то 290 сомонӣ дар пай дорад.

Ҷаримаҳои алоҳида барои риоя накардани меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла барои нақзи қоидаҳои беҳдошт ҳангоми паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷазои пулӣ дар ҳаҷми аз 2 то 5 маоши ҳадди ақал пешбинӣ шудааст.

Эълони ҷазои Зиёев барои таҷовузи духтарчаи сесола - акс

Барои вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпиемиологӣ ба шаҳрвандони қаторӣ аз 406 то 696 сомонӣ, ба соҳибкорон - аз 1160 то 3480 сомонӣ, мансабдорон - аз 3480 то 4640 сомонӣ, шахсони ҳуқуқӣ - аз 8700 то 11 600 сомонӣ таҳдид карда, дар сурати такрори қоидавайронкунӣ афзоиши ҷарима дар назар аст.

Инчунин бар асоси тағйирот дар қонунгузории Тоҷикистон, барои паҳнсозии бемориҳои сироятӣ ҷазои ҷиноӣ низ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла барои сирояти оммавии атрофиён аз 2 то 5 сол ва барои расондани зарари вазнин ба саломатӣ ё сироят, ки марг дар пай дорад, аз 5 то 10 соли зиндон дар назар аст.

0
Барчаспҳо:
дурӯғ, дезинформация, ниқоби сиёҳ, ҳабс, ҷарима, Тоҷикистон