Пожар

Сафорат: атбоъи Тоҷикистон дар оташсӯзӣ дар Москав осеб надиданд

3
(Таҷдидшуда 09:28 24.04.2015)
Ҳангоми оташсӯзӣ дар хобгоҳе дар Москав атбоъи Тоҷикистон осеб надиданд, зеро онҳо дар табақаҳои дигар зиндагӣ мекарданд ва ба он ҷо оташсӯзӣ нарасидааст.

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Иттилоъи расонаҳои русӣ дар бораи осеб дидани атбоъи Тоҷикистон дар оташсӯзӣ дар хобгоҳи Донишгоҳи дуввуми Москав бепоя ҳастанд, гуфтааст ба хабаргузории "Авеста" намояндаи сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод.

Кормандони сафоратхона ба ҷойи ҳодиса рафта бо раҳбарияти донишгоҳ ва донишҷӯёни тоҷик дидор доштанд.

"Аз ҳамватанони мо касе осеб надидааст. Оташсӯзӣ дар табақаи 7 буд, донишҷӯёни мо дар табақаҳои дигар зиндагӣ мекунанд", — таъкид кард Эгамзод.

Ба иттилоъи расонаҳои русӣ дар ин оташсӯзӣ ҳудуди 43 нафар осеб дидаанд. Аз ҷамъи осебдидагон 37 нафар дар бемористон бистарӣ шудаанд ва вазъи 21 нафар сангин арзёбӣ мешавад.

Оташсӯзӣ дар хобгоҳи Донишгоҳи пизишкии миллии пажӯҳишии Русия ба номи Пирогов шоми рӯзи гузашта рух дод. Феълан забонаҳои оташсӯзӣ комилан фурӯ нишонда шудаанд. Расонаҳои русӣ далели ин оташсӯзиро расиши ноқилҳои барқӣ унвон кардаанд.

3
Барчаспҳо:
оташсӯзӣ, хобгоҳи Донишгоҳии пизишкии Москав, Муҳаммад Эгамзод, Москав, Русия
Мавзуъ
Дар миёни осебдидагони сӯхтор дар Москав атбоъи тоҷик низ ҳастанд