Маросими гиромидошти хотираи кушташудагони қатли ом дар калисои Ереван. 23 апрели соли 2015

Дар Арманистон аз 100 солагии қатли ом гиромидошт мекунанд

6
(Таҷдидшуда 16:58 24.04.2015)
Барои ширкат дар маросими гиромидошт ба Ереван раҳбарони Русия, Фаронса, Кипр ва Сербия, дар маҷмуъ ҳайъатҳои расмӣ аз 60 кишвар ва созмонҳои байналмиллалӣ ташриф оварданд.

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Арманиҳо садсолагии қатли оми мардум дар империяи Усмонӣ, ки тибқи иттилоъи мухталиф то 1,5 миллион нафар кушта шуд, гиромидошт мекунанд, хабар медиҳад РИА Новости.

Маросими бузургдошт аз субҳи барвақт замоне оғоз мешавад, ки ба Маҷмааи қатли оми арманиҳо дар Тситсернакабард раҳбарони ҳайъатҳои беш аз 60 кишвар ва созмонҳои байналмиллалӣ меоянд. Онҳо аз Осорхона-пажӯҳишгоҳи қатли оми арманиҳо дидан карда сипас маросими аслии гиромидошт баргузор мешавад.

Дар маросими гиромидошт раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин, раиси ҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Кипр Никос Анастасиадис ва раиси ҷумҳури Сербия Томислав Николич ширкат ва суханронӣ мекунанд.

Шом гузари оташбадасти маъмулӣ сурат мегирад. Сипас дар майдони марказии ҷумҳурӣ намоишномае баргузор мешавад, ки дар он 140 мусиқинавоз аз 43 кишвар осори бастакарони арманиро иҷро карда ва ба ин тартиб хотираи кушташудагонро гиромӣ медоранд.

Куштори арманиҳо дар таърихи муъосир нахустин иқдоми қатли ом аз рӯйи мансубияти миллист. Мафҳуми "қатли ом" низ барои бори нахуст ба ин иқдом мансуб дода шудааст.

Туркия то ҳол ҳаводиси он солҳоро қатли ом эътироф намекунад ва иддаъо дорад, ки дар замони Ҷанги аввали ҷаҳонӣ кушташудагон аз ҳар ҷониб буданд ва ин як амри маъмулӣ дар ҷанг мебошад.

Раҳбари ақидатии қатли оми арманиҳо худи арманиҳо Анвар-пошоро медонанд, ки дар сегонаи раҳбарияти генералҳои Туркия дар солҳои 1913-1918 қарор дошта расман ин кишварро раҳбарӣ мекард.

Баъд аз Ҷанги нахустини ҷаҳонӣ, ки дар Туркия аз Олмон ҷонибдорӣ мекард, генералҳо ба хориҷи кишвар фирор кардан ва каме дертар Анвар-пошо бо мақомоти ҷадиди Русия — болшевикҳо иртибос пайдо кард. Аз он ҷо ӯро ба Туркистон фиростаданд, ки дар он ҷо вай муваззаф шуда буд босмачиҳоро ба пайвастан Артиши Сурх таблиғ кунад. Вале ба Бухоро омада вай алайҳи болшевикҳо ҷангро оғоз кард.

Анвар-пошо баъд аз як соли омадан ба Осиёи Миёна кушта шуд, болшевикҳо ӯро дар Балҷувон (ҷанубу шарқи Тоҷикистони феълӣ) пайдо карданд.

Хабарнигори Sputnik аз маҳалли кушта шудани мубтакири қатли ом дидан кард: наворҳои ҷолиб ва қиссаҳои мардумро дар матлаби вижае бихонед, ки имрӯз мунташир мешавад.

6
Барчаспҳо:
қатли оми арманиҳо, Давлати усмонии Туркия, Анвар-пошо, Томислав Николич, Никос Анастасиадис, Франсуа Олланд, Владимир Путин, Арманистон, Туркия