Байрақи ДИ. Акс аз бойгонӣ

Шоҳиди ҷангҳои “ДИ”: одамонро бе таҳқиқ мекушанд

11
Як сокини шаҳри Хуҷанд, ки дар ҷангҳои Сурия ширкат карда, ҳоло ба Тоҷикистон баргаштааст, мегӯяд, аз карда пушаймон аст ва дигарон набояд хатои ӯро такрор кунанд.

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Фаррух Шарифов, сокини 25-солаи шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, баъд аз фурӯпошии оилааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо духтаре аз Русия ошно шуд, ки ӯро ба Маскав даъват кард ва аз он ҷо ба Туркия ва Сурия фиристод, навиштааст "Радиои Озодӣ".

Пас аз як муддати зиндагӣ дар шаҳри Раққаҳи Сурия Фаррух аз сафари худ пушаймон шуда, бо талошҳои зиёд аз қаламрави таҳти назорати гурӯҳи "Давлати Исломӣ" фирор кардааст.

Дар як мулоқоте бо ҷавонон, ки бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 7-уми май дар "Кохи Ҷомӣ"-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, Фаррух Шарифов гуфт, баъд аз дидани авзоъ дар Сурия, шоҳид шудан ба сарбуриҳо ва бераҳмиҳои афроди гурӯҳи "Давлати Исломӣ", дидани он ки занони муҷоҳидони тоҷик хариду фурӯш мешуданд ва фарзандонаш дарбадар ва баҳсҳои зиёдаш бо афроди ин гурӯҳ, бо талошҳои зиёд аз он ҷо гурехтааст.

Вай мегӯяд, дар як хона ҳамроҳи 27 нафар, аз ҷумла як тоҷик ва як доғистонӣ, зиста ва шоҳид шудааст, ки 3-4 "ҷиҳодӣ"-и озарбойҷониро афроди гурӯҳи "Давлати Исломӣ" бидуни таҳқиқ, зимни тӯҳмати он ки гӯё Аллоҳро дашном додаанд ва ё ҷосуси курдҳо будаанд, дар пеши чашми ӯ бо иттиҳоми "хавориҷӣ" сар буриданд. Фаррух Шарифов, ки русӣ ва арабиро медонад ва ҳамчунин аз аҳкоми шариати исломӣ ва мазҳаби ҳанафӣ огаҳӣ дорад, сари ин мавзӯъ бо шариконаш вориди баҳсҳо шудааст.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, ки Фаррух Шарифовро ба ҳозирон шиносоӣ намуд, дар идомаи мулоқот гуфт, Фаррух Шарифов чанде пеш аз Сурия ба Туркия фирор кард ва мақомоти Тоҷикистон ба ӯ кӯмак карданд, ки ба ватан баргардад. Вай афзуд, Шарифов мавриди афв қарор ёфта, ба зиндагии осоишта баргаштааст ва амнияти ӯро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин хоҳанд намуд.

Фаррух Шарифов дар ин ҳамоиш хотираҳои худро аз рӯзгораш дар Раққаҳ ҳикоят кард ва гуфт, ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати Исломӣ" занонро ба ҳайси ғуломи шаҳвонии худ истифода мебаранд ва замоне ки ба дилашон зад, ба "бародарон"-и худ тӯҳфа мекунанд. Ҳамсарони "ҷиҳодиён"-е, ки дар ҷангҳо кушта мешаванд, насиби ҷангҷӯёни дигар мешаванд ва "аз даст ба даст" мегузаранд.

Аз ин қабл чаҳор мавриди бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз роҳ ба ҷанги Сурия, нашр шуда буд. Аз ҷумла дар ҳафтаи равон як ҷавони сокини Шаҳритӯс, ки барои ширкат дар "ҷиҳод" озими Сурия шуда буд, аз ин амали худ пушаймон шуда ва эълон кард, ки мехоҳад аз Туркия ба Тоҷикистон баргардад.

Бино ба гузоришҳо, то кунун тақрибан 300 ҷавони тоҷик ба сафи гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар Сурия ва Ироқ пайваста ва дар ҷангҳои онҷо бештар аз 50 нафарашон кушта шудаанд. Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, ки дар ин ҳамоиш ҳузур дошт, гуфт, дар робита ба афроде, ки барои ширкат дар ҷангҳо ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, 150 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Вай афзуд, ҳоло 40 хонаводаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурияанд. Даъваткунандагон ба "ҷиҳод", тавре вазир гуфт, асосан ба ҷавонони варзишдида такия мекунанд ва дар байни ҷавононе, ки ба Сурия рафтаанд, се қаҳрамони таэквондо низ ҳастанд.

11
Барчаспҳо:
ҷиҳод, шоҳидӣ, нақл, куштор, фирор, бозгашт, Давлати исломӣ, Рамазон Раҳимзода, Фаррух Шарифов, Тоҷикистон, Сурия
Мавзуъ
Боздошти як тоҷики муттаҳам ба пайравӣ аз Давлати исломӣ дар Туркия
Ба “Давлати исломӣ” ҳамаи кишварҳои узви АСЕАН ҷанг эълом карданд
Олим Бобоев: низоми давлати исломӣ идеяи Ғарб аст