Ҷангҷӯёни Толибон дар роҳи Бағлон. Акс аз бойгонӣ

Дар шимолу шарқи Афғонистон дастикам 30 толиб кушта шуданд

7
Амалиёти вижаи ниҳодҳои интизомии Афғонистон ба манзури озодкунии 30 мусофир, ки дар ҷоддаи миёни шаҳрҳои Ҳирот ва Кобул гаравгон гирифта шуда буданд, сурат гирифт.

ДУШАНБЕ, 8 мая — Sputnik. Дастикам 30 ҷангҷӯ рӯзи чаҳоршанбе дар пай як амалиёти вижа жар вилояти шимолу шарқии Бағлони Афғонистон кушта шуда ва боз 10 нафари дигар боздошт шудаанд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии "Tolo News".

Амалиёти ниҳодҳои амниятӣ ба манзури озодкунии мусофирони автобус, ки моҳи феврал гаравгон гирифта шуда буданд, сурат гирифт. Он замон толибон 30 мусофири автобусро дар ҷоддаи миёни Ҳирот ва Кобул дар вилояти Зобул гаравгон гирифта буданд.

Ба гуфтаи волии вилояти Зобул Ашраф Носирӣ, толибон дар маҳалли Ҳақ кушта шуданд. Ба гуфтаи вай боз 25 ҷангҷӯ захмӣ шудаанд.

Иттилоъ дар бораи талафот миёни низомиён ва аҳолии маҳаллӣ ба даст нарасидааст. Амалиёти ҷустуҷӯи мусофирон идома дорад.

7
Барчаспҳо:
амалиёт барои озодкунии 30 мусофири автобус, ниҳодҳои амниятии Афғонистон, Ашраф Носирӣ, Афғонистон
Мавзуъ
Ҷангиёни хориҷӣ дар шимоли Афғонистон таҷаммуъ мекунанд
Афроди мусаллаҳ дар шарқи Афғонистон даҳ нафарро рабуданд
Ашхоси номаълум дар Афғонистон 30 мусофири автобусро рабуданд