ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Бархе аз сарони (бузургони) минтақаи Бадахшони Афғонистон рӯзи 15 май дар нишасти хабарие гуфтаанд, маҳз бетаваҷҷӯҳии ҳукумати марказӣ боиси ин ҳолат шудааст ва 9 навоҳӣ таҳти тасарруфи ифротгароён қарор гирифтааст, иттилоъ медиҳад Afghanistan.shafaqna.com.
Манбаъ бо такя ба суханони пешвоёни минтақа меафзояд, агар ин раванд идома ёбад, ҳукумати Афғонистон назорати вилояти Бадахшонро ба пуррагӣ аз даст медиҳад ва эҳтимоли воридшавии террористон ба дигар вилоятҳои кишвар низ ҳаст.
"Санаду далелҳои мувассақ мавҷуд аст, ки ҳукумати марказии Афғонистон дар саркӯби ҷангҷӯёни хориҷӣ дар вилояти Бадахшон иродаи қавӣ надошт ва мубориза бо ин гурӯҳҳо сатҳӣ ба назар мерасид",- гуфтаанд фаъолони Бадахшон.
Фаъолони вилояти Бадахшон бар ин назаранд, ки маҳз бетаваҷҷӯҳии ҳукумати марказии Афғонистон сабаб шудааст, ки вилояти Бадахшон ба як пойгоҳи ноороми ҷангҷӯёни хориҷӣ табдил ёфтааст.
Ҳамзамон, ин пойгоҳи хабарӣ менависад, дар ҳоли ҳозир 36 хонаводаи хориҷӣ бо шумули тоҷику ӯзбак, чечену қазоқ ва панҷобиҳо дар ноҳияи Ҷурми ин вилоят ҷойгир шудаанд, ки дар амалиётҳои террористӣ дар Бадахшони Афғонистон вилоят нақши фаъол доранд.
Ба иттилои ин расона, гӯиё бузургони Бадахшон гуфтаанд, дар таҳти тасарруфи гурӯҳҳои террористӣ қарор гирифтани 9 ноҳияи ин вилоят баъзе аз раҳбарони қабилаву мофиё даст доранд, ки ҳукумати марказии Афғонистон онро бояд таҳқиқ ва дастандаркоронро ба маҳкама кашад.
Вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо Тоҷикистону Чин ва Покистон ҳамсарҳад аст, беш аз як миллион аҳолӣ дорад. Ин вилоят, ки дорои манобеи бойи табиӣ ва марз бо кишварҳои ҳамсоя аст, дар ҳоли ҳозир яке аз ноамнтарин минтақа ва макони аслии гурӯҳҳои террорист дар Афғонистон ба шумор меравад.
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ҷангиёни гуруҳи мамнӯи Толибон шаби гузашта дар ноҳияи Хоҷаи Ғори вилояти Тахор, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, низомиёнро ҳадафи ҳамла қарор додаанд.
Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Афғонистон, нерӯҳои давлатӣ тавонистанд, ҳамлаи Толибонро* пас гардонанд. Манбаъ афзуд, зимни даргирӣ ҳашт нафар толиб кушта шуда, ҳафт нафари дигар маҷруҳ гардидаанд.
Таъкид шудааст, ки аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ танҳо як нафар маҷруҳ шудааст.
Ба иттилои Вазорат, ҷангиёни толиб ҷасади ҳамроҳонашонро гирифта ба волусволии Дашти Арчӣ ақибнишинӣ кардаанд.
Дар баробари ин Вазорати мудофиаи Русия аз 5 ҳамлаи дигари Толибон хабар додааст, ки аз сӯи нерӯҳои амниятӣ пас гардонда шудааст. Дар маҷмуъ таъкид шудааст, ки тайи як шабонарӯз ҳудуди 60 толиб кушта шуда, 42 нафари дигар маҷруҳ гардиданд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Рустам Шомурод, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният зимни ҷаласаи Шӯро аз ҳадафҳои қонуни нав гуфт.
“Уҳдадории ҳарбиро шаҳрвандони ҷинси марди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, ки аз ҷиҳати саломатӣ ва инкишофи ҷисмонӣ қобили адои хизмат мебошанд, инчунин шаҳрвандони ҷинси зани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ буда, аз рӯи ихтисосҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ихтиёран тайёрии заруриро гирифтаанд, иҷро мекунанд”, - изҳор доштааст Шомурод.
Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, лоиҳи қонуни мазкур бо мақсади пурра ба танзим даровардани муносибатҳои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
“Дар лоиҳаи Қонун тартиби нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ гардидааст. Айни ҳол шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиётӣ қарордошта сол ба сол бинобар синну соли ниҳоии дар ҳайати эҳтиётӣ будан кам шуда истодаанд, ки ҳангоми сафарбарӣ ё ҳолати ҷангӣ пуррагардонӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти кишвар мушкилиро ба миён меорад”, - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки татбиқ намудани чунин намуди хизмати ҳарбӣ ба зиёд гардидани шаҳрвандони ҳайати эҳтиётӣ ва ҷалби бештари ҷавонон мусоидат намуда, саркашии онҳо аз иҷрои вазифаи конститутсионӣ бартараф мегардад. Тартиб ва андозаи маблағи хизмати ҳарбии мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, афзудааст котиботи Маҷлиси намояндагон.
“Зимнан, дар лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати басанда будани афсарони ҳайати эҳтиётӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олӣ, ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ додани рутбаи ҳарбии афсарӣ пас аз адои 12 моҳи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок пешбинӣ карда шудааст”, - омадааст дар иттилоия.
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Имороти Муттаҳидаи Араб аввалин мусобиқаро имсол дар “Ҷазираи муҳорибаҳо” дар наздикии Абу-Даби баргузор мекунад.
Диққати аксари тамошобинон ба бозии ҷавобии Конор Макгрегор ва Дастин Паре нигаронида шудааст.
Ҳарду варзишгар 32 сол доранд. Ҳарду паҳлавон тақрибан як вазн нишон доданд: Поре 70,7 кило ва Конор бошад 70,3 кило.
Интизор меравад, ки сабқати асосии UFC 257 байни МакГрегор ва Поре тақрибан аз соати 8:00 то 8:30 субҳи 24 январ ба вақти Маскав оғоз шавад.
Ин нахустин қувваозмоии Макгрегор ва Поре дар майдон нест. Сентябри соли 2014 Макгрегор дар даври аввал Пореро ба нокаут фиристод.
Бояд гуфт, ки дар размҳои омехта Макгрегор 26 сабқат гузаронд, ки аз он 22 ададашро бурид. Дар чор қувваозмоӣ бохт.
Дар маҷмуъ Поре 32 сабқат гузарондааст, ки 26 ададашро бо пирӯзӣ ва 6 ададро бо шикаст анҷом додааст. Поре на танҳо дар қувваозмоиҳои UFC, балки WEC низ иштирок мекунад.