Авзоъ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ

КДАМ: дар Сурия ва Ироқ -344, дар Афғонистон-30 тоҷикистонӣ меҷанганд

15
(Таҷдидшуда 09:53 22.05.2015)
Сардори Раёсати амнияти вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон шумораи ҷангиён аз Тоҷикистон дар Афғонистон ва Ироқу Сурияро беш аз 400 нафар гуфтааст.

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Сардори идораи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нусратулло Мирзоев,  рӯзи 21 май дар як ҳамоиш  дар шаҳри Хоруғ иброз дошт, ки танҳо дар минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи Афғонистон 30 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд, иттилоъ медиҳад сомонаи ҳафтаномаи "Импулс".

Ҷаноби Мирзоев дар анҷумани илмию амалӣ дар мавзӯи "Таҳдиди терроризм ва ифротгароӣ ба амнияти ҷумҳурӣ ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз он" ҳамчунин гуфт, то имрӯз шахсияти 344 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Сурияву Ироқ меҷанганд, муайян карда шудааст.

"Ҷамъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар он ду кишвари ҷангзадаи Ховари Миёна ба  377 нафар баробар аст",-афзуд ӯ.

Ба қавли Мирзоев, то имрӯз хабари ҳалокати 50 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ тасдиқ шудааст. "Дар вақташ маҳз ба хотири ҷилавгирӣ аз пайвастани шаҳрвандони тоҷик ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣ беш аз 4100 муҳассили тоҷикро аз мадрасаҳои хориҷӣ баргардонданд",- илова кардааст вай.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо истинод ба ҳарфҳои Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон менависад, тибқи умури фаврӣ — ҷустуҷӯӣ, 386 шаҳрванди Тоҷикистон ҳоло дар ҷангҳои Сурияву Ироқ,  Афғонистон ва Покистон меҷанганд ва аз ин теъдод, 40 нафарашон зану фарзандонашонро ҳамроҳ бо худ ба ин кишварҳо бурдаанд.  

15
Барчаспҳо:
ҳалокати шаҳрвандони мо, тоҷикистониён дар сафи ҷангҷӯён, ҷангҳои Сурия, Импулс, раёсати амнияти Бадахшон, КДАМ, Рамазон Раҳимзода, Нусратулло Мирзоев, Бадахшони Кӯҳӣ, Тоҷикистон, Афғонистон, Ироқ, Сураба
Мавзуъ
Додгоҳ сокини Шаҳритусро, ки аз ҷиҳоди Сурия худдорӣ кард, озод сохт
Таблиғгарони ҷанги Сурия аз 9 то 12 сол зиндонӣ шуданд
ВАО: Воизи асосии ҷангиёни тоҷик дар Сурия кушта шудааст
Ҳукумати Бохтар: дар Сурия се сокини ноҳия кушта шуданд
Муҳоҷирони тоҷик Русияро тарк карда ба Сурия “меафтанд”
КДАМ: 300 шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия меҷанганд
Открытие нового здания хирургии в районе Шахристан, архивное фото

Талоши табибони Исфара барои ҳифзи саломатии Шукрона, ки дар марз тир хурд

62
(Таҷдидшуда 15:53 28.05.2020)
Табибони бемористони марказии шаҳри Исфара талош доранд, дар пайи роҳандозӣ намудани ҷарроҳӣ захмҳои аз тир бардоштаи Шукрона Шароповаро тадовӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 28 май – Sputnik. Ба гуфтаи манобеъ, Шаропова аз дирӯз ба ин тараф дар шуъбаи эҳёгарии бемористон қарор дорад ва дар назар аст табибони шаҳри Исфара барои наҷоти ӯ аз захми тир имрӯз то пагоҳ амалиёти ҷарроҳиро ба иҷро расонанд.

Бино ба хабари расмӣ Шукрона Шаропова (Муътабархонуми Зуҳриддин) сокини 25 солаи маҳаллаи Қақири ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ мебошад, ки дирӯз соати 11:55 дақиқа аз сӯи шаҳрванди Қирғизистон дар марз аз зарби тир маҷруҳ шуд.

Ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон ин ҷавонзани тоҷик аз ноҳияи рости тахтапушташ захмин шудааст. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ дирӯз бо нашри як изҳорот рухдоди тирпарронӣ дар марзро шарҳ дода, гуфтааст, ки дар ин кор шаҳрванди Қирғизистон Бахтибеков Соат, сокини деҳаи Куктоши ҷамоати деҳоти Оқсой муқассир аст.

"Ин амали иғвоангезонаи сокини ҶҚ нишонаи кӯшиши ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад, ки метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад", - омадааст дар иттилоия.

Баъди рухдоди ҳодиса, дирӯз мақомоти расмии ду давлат дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои мушаххас намудани ҷузъиёти қазияи бамиёномада миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд.

Шукрона Шаропова ҳоло дуюмин нафарест, дар сарҳади миёни Исфара бо Қирғизистон захмин шуда ва зери тадовии духтурон қарор дорад. Қушунҳои сарҳадии КДАМТ рӯзи 24-уми май аз захмин шудани пойи сарбози қаторӣ Зоиров Давлатёр Миронбекович, соли таваллудаш 2001 дар пайи як муноқиша бо сарҳадбонони қирғиз дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара хабар дода буд.

Вышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области.
© Фото / пресс-служба правительства / Алишер Алиев

Бар пояи иттилоъи мақомоти Тоҷикистон, ин муноқиша тавре рух додааст, ки шуморе аз қирғизҳо бар хилофи созишномаҳои қаблан ба имзо расида вориди минтақаи то ҳол аломатгузоринашудаи қаламрави Тоҷикистон шуда, бо сокинони наздимарзии шаҳри Исфара ҷанҷол барангехтаанд.

"Ҷониби қирғиз ба ҷойи риояи иҷрои созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳснок мушаххас мекунад, ба маҳалли ҳодиса қувваҳои иловагии сарҳадбононро сафарбар карда, ба сӯи сокинони бесилоҳи деҳаи Пули Офтобрӯя аз яроқи оташфишон тирпаронӣ намуд. Дар натиҷаи тирпаронии сарҳадбонони қирғиз, сарбози қаторӣ Зоиров Давлатёр Миронбекович, соли таваллудаш 2001 аз пояш захм бардоштааст", - омадааст дар изҳороти КДАМ.

Ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон, ҳоло вазъи саломатии ин сарбози тоҷик хуб шуда, ӯ аз шуъбаи эҳё ба шуъбаи осебшиносии бемористон интиқол ёфтааст. Ҳоло ин чандумин мавриди захминшавии сокинон дар муноқишаҳои чанд вақти охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳисоб меравад.

Фазлиддин Фозилови 37 сола ҳам яке дигар аз сокинони ҷамоати Чоркӯҳ аст, ки то рухсат шудан ба манзилаш, чанд рӯзро барои тадовии захмҳояш дар бемористон сипарӣ кард. Ӯ дар муноқишаи марзии рӯзи 8-уми май аз тири яроқи шикории марзбонони қирғиз захм бардошта ба бемористон интиқол дода шуд.

Дар ин рӯз ба ҳисоби Фозилов, Аёмиддин Шарипов сокини 49 солаи Чоркӯҳ ҳам ҳадафи сангпартоии қирғизҳо қарор гирифту чанд ҷои сараш аз зарби сангандозии қирғизҳо лат бардошт ва баъди интиқолёбӣ дар бемористон осори санг дар баданаш бартараф шудааст.

Тавре қаблан, Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ин ихтилоф дар марз бо қирғизҳо дар ҳоле сар мезанад, ки сокинони маҳаллаи Чеки ноҳияи Бодканд "худсарона ва дидаву дониста" ба марзи Тоҷикистон, заминҳои саҳроии маҳаллаи Қуммазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ворид шуда, 60 сотих замини як қитъаи 4 гектараро, ки ҷуворимакка кишт шуда буд, ғасб кардаанд.

Дар идомаи муноқиша, ба қавли ҳамсӯҳбати мо, тақрибан соати 17. 05 – и бегоҳии рӯзи 8 май, аввалан миёни сокинони маҳаллаҳои наздисарҳадӣ ҷанҷоли лафзӣ сурат гирифт, ки баъдан ба сангпартоӣ табдил ёфт ва дар натиҷа Саймиддин Шаропов аз сар ҷароҳати сахт бардошта, ба шифохона интиқол ёфт.

"Аммо дар як фурсати кам зиёда аз 80 сокини ноҳияи Бодканд таҳти пуштибонии неруҳои марзбонии Қирғизистон ва 10 милитсионери қирғиз муноқишаро тақвият бахшида, бо истифода аз силоҳи шикорӣ ба сӯи сокинони Қуммазори Исфара тир кушоданд. Дар натиҷа Фазлиддин Фозилов ҷароҳати вазнин бардошта, ба беморхонаи шаҳри Исфара интиқол дода шуд”, - гуфта буд, Иқбол Тешаев.

Тайибаю Шукрона ҳамсинфони ҳамтақдир: ҳар ду дар марз тир хурдаанд. Аммо тирхурии Шукрона дар пайи муноқишаи марзӣ дар ҳолест, ки ахиран Тайиба Сафарова, як ҷавонзан ва ҳамсинфи мактабии ӯ низ дар моҳи декабри соли 2019 аз тири шикории ҷониби қирғизҳо маҷрӯҳ шуда буд.

Дар шарҳи ҳодисаи захминшавии ин сокини он замон 24 солаи деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара мақомот гуфта буданд, ки "Тайиба Сафарова тақрибан соати 9:45 дақиқа аз хона барои овардани об баромада, ҳадафи тири камони шикорӣ қарор гирифтаст. Тир аз хонаи Файзулло Назаров, сокини деҳаи Қоқ-тоши Қирғизистон холӣ карда шудаст".

Тайиба Сафарова ҳамроҳ бо Шукрона Шаропова дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 25 и ҷамоати Чоркӯҳ таҳсил кардаанд. Аз он замон то ин ҷониб рухдоди муноқишаҳои марзиро як амали иғвобарангезонаи ҷониби қирғизҳо маънидод мекунанд.

Тоҷикистону Қирғизистон ду ҳамсоякишвар, ки то ба ҳол ба тақсими одилонаи хатти марз комёб нашудаанд. Даҳҳо километри марз миёни ин ду кишвар то ба ҳол муайян ва аломатгузорӣ нашуда боқӣ мондааст. Чунин номуайянӣ, то ин дам ба рухдоди муноқишаву танишҳо бар сари тақсими замину об дар марз боис шудааст.

62
Барчаспҳо:
саломатӣ, Исфара, марз, тир, Хуҷанд
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Беженцы из провинции Газни в Афганистане

Зас аз фаъолияти ДОИШ ва гурӯҳҳои террористӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон гуфт

117
Дар ин росто ,дар ҳоли ҳозир иқдомҳои мухталифе барои тақвияти марзи мазкур дар ин минтақа анҷом мегирад, таъкид кард роҳбари СПАД

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Дабири кули Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ нисбат ба фаолияти бархе гурҳҳои терорристии монанди ДИИШ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ҳушдор дод, гузориш медиҳад "Парс Тудэй"

.

 Санислав Зас Дабири кули Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ аз барномаи ин Созмон ҷиҳати баргузории тамринҳои муштараки густарда дар марзҳои Тоҷикистон хабар дод.

"Қасд дорем дар соли ояндаи мелодӣ тамринҳои густардае ба манзури таҷрибаи иқдомот дар шароити даргирии марзӣ бо ширкати неруҳои Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ дар марзи Тоҷикистон баргузор кунем", - гуфтааст вай.

Зас дар идома ба афзоиши фаолияти гуруҳҳои терорристии монанди ДИИШ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ишора кардааст.

"Дар ин росто ,дар ҳоли ҳозир иқдомҳои мухталифе барои тақвияти марзи мазкур дар ин минтақа анҷом мегирад", - афзудааст дабири СПАД.

Вай ҳамчунин таъкид кард Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ ба таври фаол бо Созмони Милалли Муттаҳид ва Созмони Амният ва кишварҳои Аврупоӣ барои ҳалу фасли мушкилоти марзӣ бо якдигар ҳамкори мекунанд.

117
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Сӯҳбат аз қурбониёну таъмини силоҳ: Эмомалӣ Раҳмон марзбонони тоҷикро шодбош гуфт

0
(Таҷдидшуда 16:17 28.05.2020)
Президент аз вазъи печидаи ҷаҳонӣ ёдрас шуда, таъкид кард, ки сарҳадбонон бояд интизоми оҳанини низомиро риоя кунанд

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи сарҳадбонон ба марзбонони тоҷик паёми шодбошӣ ирсол кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз генералҳо, афсарону прапоршикҳо ва сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро бо 26-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, иродаи қавӣ, нерӯи матин таманно кардааст.

Раисҷумҳур таъкид кардааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба таҳкиму таъмини ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ аҳамияти муҳим медиҳад.

"Хусусан, дар зарфи солҳои охир дар тамоми мавзеъҳои сарҳади давлатӣ даҳҳо дидбонгоҳи нави сарҳадӣ ва дигар иншооти зарурӣ бунёд ва азнавсозӣ гардиданд. Ҳукумат ба масъалаи таъмини  ҷузъу томҳои марзбонӣ бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва дигар лавозимоти ҳарбӣ низ эътибори зарурӣ медиҳад", афзудааст ӯ.

Раҳмон аз марзбонони қурбоншуда ёдрас шуда, гуфтааст, ки "мардуми сипосгузори Тоҷикистон номи нек ва корномаи ҷавонмардонаи онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунанд".

Фаврӣ: тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи ид

Президент аз таҳдиду хатарҳои нав,  терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир дар марз ёдрас шуда, гуфтааст, ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки беш аз ҳар вақти дигар бо риояи интизоми оҳанини низомӣ ва талаботи оинномаҳои ҳарбӣ дар ҳоли омодагии доимӣ қарор дошта бошанд.

 

0