Виктор Иванов. Акс аз бойгонӣ

Виктор Иванов: манбаъи аслии даромади “ДИ” нашъа аст

5
(Таҷдидшуда 16:38 26.05.2015)
Раиси Хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Русия мегӯяд, маблағҳое, ки аз қочоқи маводи нашъадор ба даст меоянд, манбаи аслии таъминоти молии "Давлати исломӣ" аст.

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Раиси Хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Русия Виктор Иванов дар нишасти Душанбе гуфт, бар асоси иттилое, ки онҳо дар даст доранд, "Давлати исломӣ" аз ҳисоби қочоқи маводи мухаддир фаъолият мекунад, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

Оқои Иванов ин ҳарфҳоро рӯзи 26 май дар нишасти Шӯрои раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Душанбе баён кард.

"Шабакаҳои интиқол ва қочоқи маводи мухаддир аз кишварҳои Африқо ба Ироқ ва ҳамин тавр ба Аврупо ифшо шудаанд, ки ин далели таъмини молии гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз қочоқи маводи мухаддир аст",- иброз дошт Иванов.

Ҳамзамон, дабири кулли СПАД Николай Бордюжа бо таваҷҷӯҳ ба паёмадҳои интиқол ва қочоқи маводи мухаддир гуфт, ки бояд аз истифодаи маблағҳое, ки аз қочоқи маводи мухаддир ба даст меоянд ва эҳтимол барои роҳандозии ба истилоҳ "инқилобҳои ранга" ҷилавгирӣ шавад.

"Доираҳои мафиёӣ ва манфиатдор метавонанд аз ин амр кор бигиранд ва аз қочоқи маводи мухаддир барои роҳандозии ба истилоҳ "иниқолбҳои ранга" дар кишварҳои алоҳида истифода кунанд",-афзуд дабири кулли СПАД.

Ин дар ҳолест, ки тибқи гузоришҳо СПАД муддати даҳ соли ахир беш аз 22 амалиёти муштаракро дар марзҳои кишварҳои узви ин созмон доир карда ва беш аз 10 тонна маводи мухаддири қочоқиро кашфу мусоидар намудааст.

5
Барчаспҳо:
қочоқи маводи мухаддира, инқилобҳои ранга, нашъа- манбаъи даромади ДИ, ДИИШ, ДИ, Давлати исломӣ, Хадамоти мубориза бо маводи мухаддираи Русия, Дабири кулли СПАД, Николай Бордюжа, Виктор Иванов, Русия, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Расонаҳо: санҷиши ногаҳонии нерӯҳои СПАД анҷом шуд
Нишасти Шӯрои вазирони хориҷии СПАД дар Душанбе оғоз шуд
Гурӯҳи кории СПАД оид ба Афғонистон 3 апрел дар Тоҷикистон ҷамъ меоянд
СПАД фаъолшавии "Давлати Исломӣ"-ро бе посух нахоҳад гузошт
Русия тавофуқномаи СПАД-ро тасвиб кард
Президент РФ В. Путин

Муфид аст: шарҳи Путин дар бораи ҳузури ИМА дар Афғонистон

141
(Таҷдидшуда 17:43 25.10.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ҳузури низомиёни амрикоиро дар Афғонистонро истиқбол карда, аз ҳамкории ду кишвар дар сатҳи хадамоти махсус тавсиф намуд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон аз нигоҳи амниятӣ муфид мебошад, изҳор дошт Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия.

“Ҳузури ИМА дар Афғонистон барои амният муфид мебошад”, - гуфт роҳбари Русия.

Путин инчунин таъкид кардааст, ки Русия аз ҳамкорӣ бо ИМА дар бахши мубориза бо терроризм қаноатманд мебошад.

Ӯ афзуд, ки маълумоти ироанамудаи Вашингтон борҳо имкон дод, ки ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави Русия ҷилавгирӣ шаванд.

“Сарфи назар аз мухолифатҳои зиёд дар бахшҳои гуногун, ҳамоно ҳамкорӣ дар сатҳи хадамоти махсус идома дорад... Дар баробари ин амрикоиҳо ба мо маълумоти зиддитеррорро ироа мекунанд”, - илова намуд Путин.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, дар оғози моҳи марти соли равон дар бораи бидуни таъхир хориҷ кардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон изҳорот дода буд. Аз ҷумла дар назар буд, ки теъдоди низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон тайи 135 рӯз аз 12 ҳазор нафар то 8,6 ҳазор нафар коҳиш дода шавад. Интизор мерафт, ки то интихоботи раисиҷумҳури ИМА теъдоди сарбозони ин кишвар дар Афғонистон ба 4-5 ҳазор нафар баробар карда мешуд.

141
Барчаспҳо:
Владимир Путин, ИМА, Путин, Русия
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон встретился с командующим Центральным командованием вооруженных сил США генералом Кеннетом Ф. Маккензи

Раҳмон ва генерал Маккензӣ амнияти Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд

383
(Таҷдидшуда 00:01 23.10.2020)
Ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуда, раванди музокироти сулҳро муҳокима карданд

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Ф. Маккензӣ, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар рафти мулоқот як қатор масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бахусус дар соҳаи амниятӣ, баррасӣ гардиданд.

Дар ин зимн ба мавзӯъҳои мубрами таъмини сулҳу суботи минтақавӣ ва хатару таҳдидҳои глобалии амниятӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор анҷом дода, раванди музокироти сулҳро дар ин кишвари ба мо ҳамҷавор муҳокима карданд.

Раҳмон таъкид карда, ки ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистони ҳамсоя пайваста дар маркази диққат қарор дорад ва Тоҷикистон аз талошҳои Ҳукумати Афғонистон дар самти истиқрори сулҳу суботи пойдор дар кишвар ҳамеша ҷонибдорӣ менамояд.

Манбаъ афзуда, ки дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, роҷеъ ба дигар ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ибрози ақида намуда, алоқамандиашонро ба таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшон дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қайд кардаанд.

383
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, ИМА, мулоқот, дидор, Тоҷикистон
Марзбони тоҷик, акс аз бойгонӣ

КДАМ Тоҷикистон моҷаро дар марз ва тирпаронии марзбонҳои қирғизро шарҳ дод

483
(Таҷдидшуда 22:44 25.10.2020)
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон моҷарои 25 октябр дар марз ва тирпаронии сарҳадбонҳои қирғизро шарҳ доданд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Тибқи иттилои нерӯҳои марзбонии КДАМ, рӯзи 25-уми октябри соли 2020, соати 15:30 дақиқа, сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара дар дохили деҳа қубури обгузарро, ки кӯҳнаву афсурда шудааст, иваз мекарданд.

"Дар ин вақт 25-30 нафар сарҳадбонони мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон ба назди деҳаи мазкур ҳозир шуда, аз сокинон талаб мекунанд, ки корро қатъ созанд.  Онҳо даъво пеш меоранд, ки маҳали кори шаҳрвандони Тоҷикистон минтақаи баҳсӣ дониста мешавад ва аз силоҳи оташфишон ҷониби сокинони Хоҷаи Аъло тир мекушоянд", - омадааст дар изҳороти КДАМ.

КДАМ таъкид кардааст, ки ин қитъа қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, иғвогарии навбатии марзбонони қирғиз ба мураккаб намудани вазъият дар хатти сарҳади ду давлат равона гардидааст.

Манбаъ афзуд, хушбахтона, аз тирпаронии марзбонони қирғиз сокинони Хоҷаи Аъло осеб надидаанд. Корҳо дар маҳали муноқиша муваққатан қатъ карда шуданд.

Байни сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ду кишвар  гуфтушунид идома дорад.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон қаблан бо нашри як изҳорот гуфт, марзбонҳои қирғиз барои ҳифзи ҳаёту саломатӣ ва ҷилавгирӣ аз шиддати вазъ ба ҳаво тир холӣ карданд.

483
Барчаспҳо:
тирпаронӣ, марз, Тоҷикистон