Кохи сафед дар Вашингтон. Акс аз бойгонӣ

Раиси ҷумҳур Обама қонун дар бораи назорат бар атбоъи ИМА-ро имзо кард

10
(Таҷдидшуда 11:30 03.06.2015)
Дар баёнияи Кохи сафед зикр мешавад, ки қонуни USA Freedom Act, ки аз сӯйи Барак Обама имзо шуд, аҳдофи хадамоти иктишофии хориҷӣ ва аъмоли дигари ниҳодҳои зирабтро мушшахас месозад.

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама конуни USA Freedom Act, ки ба ниҳодҳои амниятӣ дар мавриди ҷамъоварии иттилоъ дар бораи атбоъ ба манзури ҷилавгирӣ аз терроризмро фароҳам меоварад, хабар медиҳад РИА Новости.

Ин санад "аҳдофи хадамоти иктишофии хориҷӣ ва аъмоли дигари ниҳодҳои зирабтро мушшахас ва тавсеъа мекунад", — омадааст дар баёния.

Зикр шудани хадамоти иктишофии хориҷӣ ба манзури зарурати ҷилавгирӣ аз террористоне мебошад, ки дар хориҷ аз қаламрави ИМА қарор доранд.

Ба эътиқоди маъмури собиқи ниҳодҳои амниятии амрикоӣ Эдвард Сноуден, мақомоти ИМА "қартаи террористиро" ба бозӣ даровардаанд то таҷрубаи назорати оммавӣ, ки қаблан ғайриқонунӣ ва ғайрисудманд дониста шуда буд, дубора рӯйи даст бигиранд.

Ба навиштаи РИА Новости, зимни суханронии видеоӣ аз Москав дар чаҳорчӯби музокироти аз сӯйи Amnesty International дар Лондон ташкил шуда, Сноуден гуфт, ки ИМА дубораи "қартаи террористиро" ба бозӣ даровардаанд.

"Мавзӯъ ба тарҳҳои мушшахаси қавонин намеравад, гап сари он аст, ки алорағми ин нукта, ки куллия шохаҳои ҳокимияти ИМА барномаи назорати оммавиро ғайриқонунӣ ва ғайрисудманд донистанд, онҳо бо баҳонаи хатароти терроризм дубора қартаи террористиро ба бозӣ дароварданд", — гуфт вай.

Ба эътиқоди собиқ маъмури Ожонсии амнияти миллӣ барномаи назорати оммавӣ, ки дар борааш ба кӯмаки вай огаҳ шуданд, дар муқобала бо терроризм ғайрисудманд будани худро собит кард.

"Назорати оммавӣ — масрафи маболиғи ҷомеъа бидуни ҳеҷ натоиҷе ва авоқиби номатлуб дар заминаи маҳдудсозии озодиҳо аст", — изҳор дошт Сноуден.

Рӯзи сешанбе Кохи сафед аз порлумон тасвиби ин тарҳи қонун бидуни ворид сохтани тағйирот, ки барномаи назорати оммавӣ дар кишварро тамдид мекунад, тақозо кард.

10
Барчаспҳо:
имзои қонуни назорати оммавӣ дар ИМА, Amnesty International, Барак Обама, Эдвард Сноуден, ИМА
Мавзуъ
Сноуден - барандаи ҷойизаи «Тарзи дурусти зиндагӣ»
Назари сокинони Аврупо ва ИМА дар бораи ҳифзи иттилоъи инфиродӣ
Нигаронии Департаменти давлатии ИМА аз ҳамла ба сафорати ФР дар Сурия
Дик Чейни: Обама ин фоҷиъаи ИМА аст
Идораи ҷосусии ИМА хатари сойберии Русияро “хеле ҷиддӣ” унвон кард
Обама гуфт, ИМА бо ислом ҷанг намекунад
Назарсанҷӣ: дар ИМА кӣ аз қонуну тартибот пуштибонӣ мекунад
Вышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области.

Фаврӣ: тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи ид

1825
(Таҷдидшуда 15:42 24.05.2020)
Тирандозӣ байни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон суръат гирифтааст. Феълан байни намояндагони нерӯҳои марзбонии ду кишвар гуфтушунид идома дорад

ДУШАНБЕ, 24 мая — Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирандозӣ сар зад, хабар медиҳад Хадамоти марзбонии давлатии ҷумҳурӣ.

Таниш субҳи имруз дар рӯзи таҷлили Иди Рамазон дар минтақаи Суғд, ки бо вилояти Бодканд ҳамсарҳад аст, суръат гирифтааст.

Бино бар маълумоти ҷониби қирғизҳо, баҳси марзбонҳо дар пайи кӯшиши чарронидани чорво аз ҷониби сокинони ҷамоати Ворух дар ҳудуди вилояти Бодканд будааст.

"Тақрибан, соати 11:40 байни марзбонони ду кишвар тирпарронии кӯтоҳе сар зад", - менависад дафтари матбуотӣ.

Бино бар иттилои пешакӣ, талафоте ба қайд гирифта нашудааст.

Қайд мегардад, ки феълан намояндагони нерӯҳои марзбонии кишвар гуфтушунид анҷом медиҳанд. 

Сабаб коронавирус: Қирғизистон тадбирҳои амнияти дар марз бо Тоҷикистонро шидидтар кард

"Вазъ дар минтақаи марзи давлатӣ феълан нисбатан босубот аст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

1825
Места лишения свободы, архивное фото

4 зиндонии фавтида ва вазъи Зайд Саидов: суҳбати сардори зиндонҳои Тоҷикистон

6122
(Таҷдидшуда 21:07 11.05.2020)
Гузоришҳое, ки аз чаҳор тараф мерасанд, ҳокиянд, ки вазъи зиндонҳои Тоҷикистон дар робита ба “вируси корона” вахим шудаву он ҷо як фоҷиаи инсонӣ ҷараён дорад

ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik, Фахриддини Холбек. Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз марги як руҳонӣ дар зиндон хабар пахш шуд ва бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, ду нафари дигар ҳам дирӯзу имрӯз ҷон ба ҳақ супурдаанд. Ҳамзамон фарзандону пайвандони зиндониёни маъруф Зайд Саидов, собиқ вазири саноат ва Раҳматуллоҳи Раҷаб, яке аз раҳбарони Ҳизби мамнуъи наҳзати исломии Тоҷикистон, тариқи расонаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки падаронашон вазъи хеле вазнине доранд.

Ба хотири рӯшанӣ андохтан ба ин мавзӯъҳо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо зиндонбони №1 – и кишвар, генерал – лейтенант Мансурҷон Умаров, сардори Раёсати иҷрои ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон тамос гирифта, нахуст аз ӯ пурсид, ки оё маргумир дар зиндонҳо зиёд шудаву ҳукумати Тоҷикистон ин арқомро пинҳон медорад? 

Мансурҷон Умаров: Бале, ин ки маргумир дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳаст, дуруст аст. Зиндон ҳам як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳамин ҷомиа аст. Он чӣ дар берун иттифоқ меафтад, таъсири ба зиндонҳо низ дорад. Аммо ин ки маргумир зиёд шудааст, мегӯянд, ба маънои он нест, ки ҳама зиндониён сар ба сар фавтида истода бошанд. То ҳамин лаҳзае, ки ман бо шумо суҳбат мекунам, 4 зиндонӣ бо ташхиси пневмония ҷон додаанд, аммо қанду дилу дигар маризиҳои ҳамрадиф доштанд. Аксарият аз 50 – сола зиёд буданд. Ду нафарашон ёдам ҳаст, ки бо моддаи 200 – и Кодекси ҷиноӣ – тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир ҳабс шуда буданд.

Sputnik Тоҷикистон: 9 май ҷавоне ба номи Абдулфайз Раҷабов, маъруф ба Эшони Абдулфайз, ки 47 сол бештар синн надоштааст, дар зиндони шумораи 1-и Душанбе фавтидааст. Марги ӯро ҳам таъйид мекунед?

Мансурҷон Умаров: Ягон ҷои пинҳон доштан нест. Ин маризӣ имрӯз дар тамоми дунё бедодгарӣ дорад, касе напӯшидааст, мо ҳам пӯшида наметавонем. Бале, Абдулфайз Раҷабов ё Эшони Абдулфайз аз гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим буд ва бино ба иттилое, ки ман дар даст дорам, аввал тасф карда, сипас бо ташхиси "илтиҳоби шуш" фавтидааст.

Sputnik Тоҷикистон: Ҷаноби генерал, оё Шумо ҳам мутмаин ҳастед, ки ин фавтҳо ҳамоно пневмония асту "вируси корона" нест? Охир, пневмония маризии гузаранда намебошад?

Мансурҷон Умаров: Ҳеҷ аҷобат надорад, ки чунин бошад. Дар тамоми ҷаҳон ва дар кишвари мо ин маризиро расман эътироф карданд. Дигар як чизи маълуму рӯшан аст. Аммо аз нигоҳи ман, ҳоло муҳим ин нест, ки чӣ маризӣ аст, муҳим мо бояд вазъро мудирият кунем ва нагузорем, ки талафот зиёд шавад. Масалан, мо дар зиндонҳо тамоми тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва вазорати тандурустии кишварро ҳангоми ҷилавгирӣ, табобат ва назорати зиндониёни мариз риоят мекунем. Ҳатто дастурҳои алоҳидаи хаттӣ дарёфт карда, аз рӯи низоми пешниҳод кардаи онҳо табобат мекунем. Хушбахтона, беш аз 100 нафар табобат гирифта, рухсат шуданд.

Sputnik Тоҷикистон: Ҳоло боз чанд нафари дигар ҳастанд, ки таҳти тадовиянд ё вазъашон вазнин аст?

Мансурҷон Умаров: Тақрибан ҳаволии зуҳр вақте ман ҳисобот хостам, хабар ёфтам, ки ҳудуди 30 нафар ҳоло таҳти назорати табибонанд ва вазъи 4 нафари дигар вазнин аст. Шахсан дастур додам, ки духтурон ҷиддӣ бигиранд. Ин ки бо тасфу дигар авориз муроҷиат карда, ташхис мешаванд ва рухсат мешаванд, боз даҳҳо нафари дигар аст.

Sputnik Тоҷикистон: Оё вазъ то кадом дараҷа таҳти контрол аст ва то куҷо ба наздикону пайвандони зиндониён эътимод дода метавонед, ки як фоҷиаи башарӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон иттифоқ намеафтад?

Мансурҷон Умаров: Мо дар зиндонҳо қарантина эълон кардаем. Афроде, ки каме тасф бароварданд, зуд таҳти назорат гирифта мешаванд. Мо ин омодагиҳоро аз хеле пеш гирифта будем. Ба мардуми худ итминон медиҳем, ки ҳеҷ фоҷиае ба вуқӯъ нахоҳад пайваст. Мехоҳам як чиро дарк кунанд: дар зиндонҳо ҳам он шароите ҳаст, ки дар берун ҳаст. Бунгоҳи тиббӣ, шифохона, духтур, дору, таҷҳизоти тиббӣ – оксигенератор, дастгоҳи нафаси сунъӣ... ҳама ҳаст. Аз кӯмакҳое, ки ба кишвар омаданд, доруву дармону таҷҳизот ба мо ҳам расид, худи ҳукумат ҳам ҷудо кард. Хотирашон ҷамъ бошад, ки ин ҷо вазъи сиҳӣ таҳти назорат аст.

Sputnik Тоҷикистон: Ҷаноби генерал, писарони Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Зайд Сайидов, ки дар зиндон нигаҳ дошта мешаванд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз бад шудани вазъи саломатӣ ва эҳтимоли ба "коронавирус" гирифтор шудани падаронашон изҳори ташвиш карданд. Оё воқеан, вазъи онҳо вахим аст?

Мансурҷон Умаров: Дуруст гуфтаанд, ки вазъи ҳам Раҳматуллоҳи Раҷаб ва ҳам Зайд Сайидов як муддат вахим шуд. Ҳарду тасф бароварданд ва ҳарду ба бунгоҳи тиббӣ интиқол ёфтанд. Ҳоло вазъи ҳарду рӯ ба беҳбудӣ аст. Бахусус, ҳолати Раҳматуллоҳи Раҷаб вазнин шуда буд, ки ҳоло аз вазъи буҳронӣ гузашта, саломатиаш беҳбуд меёбад. Худи ҳамин саҳар ман аз пизишкони муассисаи якум шахсан вазъи Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Зайд Саидовро пурсидам, ки чӣ тур ҳастанд. Посух доданд, ки ҳарду сари по шудаанд, роҳ мегарданд.

Sputnik Тоҷикистон: Шумо дурустии чанд иттилоеро, ки мо аз шабкаҳои иҷтимоӣ хонда, бо Шумо матраҳ кардем, таъйид кардед. Оё ин иттилоот чӣ гуна ба берун дарз мекунанд ва чӣ тур пайвандон аз вазъи хешовандони худ огоҳ мешаванд?

Ходжамахмад Умаров, эксперт Института экономики и демографии АН РТ
© из личного архива Умарова Ходжамахмада

Мансурҷон Умаров: Ёдатон бошад, аз 31 март тамоми тамосу мулоқоту дастовезҳо ба зиндониёнро манъ карда будем. Аммо тамоси телефонӣ ва ҳам қабули хӯрока тибқи меъёру низомнома қатъ нашудааст. Мо 24 соат дар ихтиёри маҳбусон телефон гузоштаем, ки бо наздикони худ робита дошта бошанд. Дар ҳамаи муассисаҳо аз чунин тилфонҳо 20 – тоӣ дорем. Шумо чӣ фикр мекунед, ин хабарҳоеро, ки наздикон аз дохили зиндонҳо ба даст меоранд, аз куҷост? Тариқи ҳамин тамосҳост ва мо ҳам хабар дорем.

Sputnik Тоҷикистон: Ин иқдоми худи Шумост е...?

Мансурҷон Умаров: На, ин тақозои қонун аст, иқдоми шахсии ман ё Раёсату вазорат нест.

Sputnik Тоҷикистон: Агар Шуморо дуруст фаҳмида бошем, ҳар маҳбус метавонад озод бо пайвандонаш дар тамос шавад, ҳатто онҳое, ки бо иттиҳомҳои вазнинтарин – даст доштан дар терроризму қочоқи маводи мухаддир муттаҳаманд?

Мансурҷон Умаров: Бале, ин талаботи қонун аст ва ҳар маҳбус новобаста аз сатҳи ҷинояташ ҳақ дорад бо хонаводааш тамоси телефонӣ дошта бошад. ҲНИТ аз куҷо фаҳмид, ки Раҳматуллоҳи Раҷаб мариз аст? Аз фарзандаш, ки бо ӯ дар тамос мебошад ва ин тамоси қонунӣ аст. Метавонед худашро пурсед. Вазъи "наҳзатиҳо" – и дигар ҳам хуб аст, шикояте надоранд. Хуллас, дар дохили зиндонҳо ягон гапи пӯшидае нест. Ҳар чӣ мешавад, хабар меёбанд. Лутфан афроди судҷӯ воҳима наангезанд.

Sputnik Тоҷикистон: Бархе кишварҳои ҷаҳон аз хавфи ин, ки "вируси корона" ба маҳбасҳо ворид шуда, фоҷиа барпо накунад, ё зиндониёнро раҳо карданд, ё авф ва ё озод. Оё пеши рӯи ҳукумати Тоҷикистон низ суол пеш омадааст?

Мансурҷон Умаров: Ростӣ, ин мавзуъ ба вазорати адлия, бахусус, Раёсати зиндонҳо рабт намегирад. Салоҳияти мо нест. Мо иҷрогар ҳастем. Тасмимро ҳукумат, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ ва дигар мақомоти зидахл мегиранд. Агар дастур доданд, чаро не? Ҳоло коре, ки мо мекунем, назорат ва мудирияти вазъ аст.

6122
Барчаспҳо:
суҳбат, Зайд Саидов, Идораи зиндонҳо
Мензурка в руках

Дар Хатлон озмоишгоҳи вирусологӣ фаъол шуд: ташхис ройгон аст

0
Озмоишгоҳи вирусологӣ дар Хатлон бо мақсади муайян намудани бемории сироятии коронавирус таъсис дода шудааст

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолият шурӯъ кард, ки он имкон дорад дар як шабонарӯз 150-200 таҳлил анҷом диҳад.

Ба иттилои мудири Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон Нурулло Бояков, ташхисгоҳи мазкур бо мақсади муайян намудани бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 таъсис дода шуда, имкони дар як шабонарӯз гузаронидани 150-200 таҳлилро дорад.

Пас аз тавсияи Созмони ҷаҳонии беҳдошт: Суғд соҳиби озмоишгоҳи вирусологӣ мешавад

Бояков изҳор доштааст, ки хизматрасонии озмоишгоҳ комилан ройгон роҳандозӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ташхисгоҳи мазкур бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар назди ташхисгоҳи амалкунандаи Марказ таҳти роҳбарии ӯ ба кор оғоз кард.

Бояд қайд кард, ки чунин як ташхисгоҳи вирусологӣ барои муайянсозии бемории COVID-19 дар шаҳри Кӯлоб низ ба кор шурӯъ кард ва акнун дар ҳудуди вилояти Хатлон анҷом додани ҳамаи таҳлилҳо имконпазир гардид. Қаблан намунаи таҳлили гумонбарони бемории COVID-19 барои ташхис ба шаҳри Душанбе фиристода мешуд.

 

0
Барчаспҳо:
ройгон, ташхис, озмоишгоҳ, Хатлон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон