Сергей Шойгу ба Тоҷикистон омад

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкВазири дифоъи Русия Сергей Шойгу. Акс аз бойгонӣ
Вазири дифоъи Русия Сергей Шойгу. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири мудофиаи ФР, ки баъд аз зӯҳр вориди Тоҷикистон шуд, нахуст аз қисми низомии дар Душанбе воқеъ будаи пойгоҳи 201−и Русия дидан кард.

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Сергей Шойгу вазири дифои Русия, ки пас аз ширкат дар Шӯрои вазирони дифои ИДМ аз Чолпон-Отаи Қирғизистон вориди Тоҷикистон шуд, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ бо истинод ба дафтари матбуотии Вазорати мудофиаи ФР.

Вазирони дифоъи кишварҳои узви СПАД ба Душанбе меоянд

"Сергей Шойгу, ки баъд аз нисфи рӯз вориди Тоҷикистон шуд, нахуст аз қисми низомии дар Душанбе воқеъ будаи пойгоҳи 201-и Русия дидан кард. Дар ин пойгоҳ вазири дифои Русия гузориши фармондеҳони пойгоҳи 201-ро дар мавриди иҷрои барномаи рушди он то соли 2020 шунида пас аз он, рафти корҳои сохтмонии биноҳи маишии пойгоҳ ва ҳозирбошиву омодагии ҳарбии афсарону аскаронро месанҷад",- менависад манбаъ.

Ҳадаф аз сафари вазири дифоъи Русия  ба Тоҷикистон, ширкат дар ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ аст, ки фардо 4-уми июн дар Душанбе баргузор мешавад. Дар ин ҷаласа вазирони дифои кишварҳо узви СПАД аз тамринҳои нерӯҳои вокуниши сареъи ин созмон натиҷагирӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин дар назар аст зимни ин сафар Сергей Шойгу бо ҳамтои тоҷики хеш Шералӣ Мирзо дидору мулоқот карда, масоили ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии миёни ду кишварро баррасӣ кунанд.

Паймони амнияти дастаҷамъӣ созмони низомиест, ки 6 кишвари пасошӯравӣ — Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро муттаҳид мекунад.

Лентаи хабарҳо
0