Тамриноти НВС СПАД. Акс аз сомонаи СПАД

Дар Душанбе натоиҷи тамриноти низомии СПАД баррасӣ мешаванд

5
(Таҷдидшуда 09:47 04.06.2015)
Натоиҷи тамриноти низомии ахир ва тақвияти ҳамкориҳо дар умури дифоъ аз мавзӯъоти матруҳа дар ҷаласаи вузарои дифоъи кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастиҷамъӣ (СПАД) хоҳад буд.

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Натоиҷи бозрасии ногаҳонии омодабошии Нерӯҳои вокуниши сареъи (НВС) СПАД-ро вузарои дифоъи кишварҳои узви ин созмон имрӯз дар Душанбе баррасӣ мекунанд, хабар медиҳад маркази матбӯъотии ин ниҳод.

"Иттилоъ дар бораи натоиҷи бозрасии ногаҳониро раиси ситоди СПАД генерал-лейтенант Александр Студеникин ироъа мекунанд", — омадааст дар хабар.

Дар кори ҷаласа, ки таҳти раҳбарии вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо баргузор мешавад, вузарои дифоъи Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ва ҳамчунин дабири кулли СПАД Николай Бордюжа ширкат хоҳанд кард.

Вазири дифоъи Русия Сергей Шойгу. Акс аз бойгонӣ
© Sputnik / Екатерина Штукина

Вузаро барномаи машваратҳои намояндагони кишварҳои узви Созмон дар умури сиёсати хориҷӣ, амният ва дифоъ барои нимаи дуввуми соли 2015 ва нимаи аввали соли 2016-ро тасвиб мекунанд.

Ширкаткунандагони нишаст ҳамчунин асноди таҳияи воҳидҳои нерӯҳои сулҳхоҳ аз қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СПАД ба суфуфи нерӯҳои сулҳхоҳи созмон ва ҳамчунин дар бораи созмонҳои зербаноии ин Созмон дар умури таҳияи кадрҳои низомӣ барои кишварҳои узви СПАД дар риштаҳои мухталифи низомиро баррасӣ мекунанд.

Ба ҷуз аз ин масоили ташдиди ҳамкориҳои низомии кишварҳои узви СПАД дар умури таҳияи кадрҳои низомӣ баррасӣ мешаванд.
Шаш кишвар узви СПАД мебошанд: Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон.

5
Барчаспҳо:
баргузории ҷаласаи вузарои дифоъи СПАД дар Душанбе, СПАД, Шералӣ Мирзо, Тоҷикистон
Мавзуъ
Вазирони дифоъи кишварҳои узви СПАД ба Душанбе меоянд
Расонаҳо: санҷиши ногаҳонии нерӯҳои СПАД анҷом шуд
ВАО: СПАД дар Тоҷикистон омодагии неруҳояшро месанҷад
СПАД: омодагии низомии артиши Тоҷикистон баланд аст
Шӯрои низомии СПАД хатароти террористӣ ба минтақаро баррасӣ кард
Кумитаи низомии СПАД дар Душанбе таҳдидҳои амниятиро баррасӣ мекунад
Пистолет

27 ҳазор сомонӣ - хариди таппонча бо садохомӯшкунак дар Хуҷанд-видео

1219
(Таҷдидшуда 21:30 19.06.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 57-сола дар шаҳри Хуҷанд хабар додаст, ки дар фурӯши силоҳи ҷангӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Тибқи гузориши ВУД Тоҷикистон, дар пайи як амалиёти шартӣ аз марди муттаҳам ба ивази 27 ҳазор сомонӣ таппончаи Макаров бо таҷҳизоти садохомӯшкунак харида шуд.

Муайян гардид, ки муттаҳами 57-сола, зодаи шаҳри Конибодом ва сокини шаҳри Хуҷанд, санаи 25-уми майи соли равон аз афроди номаълум таппончаро гирифтааст.

ВУД таъкид кард, ки шахсияти айбдоршаванда ба далели халал нарасондан ба тафтишот феълан ифшо намешавад.

Мирвосид Давлатализода, муфаттиши мақомот, дар гузориш изҳор дошт, ки таппончаи мусодирашуда, соли истеҳсолаш 1987 буда, коршоям мебошад.

ВУД афзуд, ки феълан истифодаи силоҳи ҷангии мазкур дар дигар ҷиноятҳо ташхис мешавад.

1219
Барчаспҳо:
қочоқи нафт, силоҳ, Тоҷикистон
Генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, сардори РВКД дар ВМКБ

Баррасии гирдиҳамоиҳо дар ҷаласаи оперативии Ситоди таъмини амният дар ВМКБ-видео

5551
(Таҷдидшуда 17:16 19.06.2020)
Гирдиҳамоиҳо, ки чанд рӯзи қабл дар ноҳияи Рӯшон сурат гирифтанд, яке аз мавзӯъҳои меҳварии ҷаласаи оперативии Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ таҳти раёсати генерал Абдураҳмон Аламшозода буданд

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Генерал Абдураҳмон Аламшозода, сардори Ситоди байниидоравии таъмини амнияту тартибот дар ВМКБ, зимни ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ таъкид кардааст, ки маъмурин бо мардум хушмуомила бошанд.

Тибқи гузориши телевизиони “Бадахшон”, Ситоди байниидоравии таъмини амнияту тартибот минбаъд низ фаъолияташро дар вилоят идома хоҳад дод.

Манбаъ афзуд, ки дар ҷаласаи оперативӣ масъалаи гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ, тартибот дар роҳҳо, пешгирии фурӯши нӯшокиҳои ғайристандартӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.

Бар асоси гузориши ТВ Бадахшон, Ситоди байниидоравии таъмини тарбтибот, аз фаъолону зиёиён даъват кардааст, ки ҷавононро бо роҳи дуруст ҳидоят намоянд, аз таъсири гуруҳҳои манфиатҷуӯй, иштирок дар гирдиҳамоӣ ва даст задан ба бетартибиҳо пешгирӣ намоянд.

Анҷоми ҳамоишҳо дар Рӯшон

Баррасии ин масоил аз ҷониби Ситод дар ҳолест, ки ҳамоиши ахир дар пайи боздошти Ёдгор Ғуломҳайдаров ва ҳамроҳаш дар Рӯшон сурат гирифт, ки ба иддаои гуруҳи сокинони Рӯшон, рабте ба қазияи қочоқи маводи мухаддир надоранду тайи чанд соати боздошт латукӯб шудаанд.  Гуруҳи эътирозгарон боздоштшудаҳоро озод карда, тайи чанд рӯз даст ба ҳамоиши эътирозӣ зада буданд.

Феълан сокинон мегӯянд, ин қазия бо он, ки гуруҳи наздик ба 10-нафарӣ барои нақзи тартибот ҷаримабандӣ мешаванд, анҷом ёфт. Дар мавриди муҷозоти маъмурине, ки ба иддаои бархе сокинон даст ба латукӯб задаанд, феълан иттилое ироа нашудааст.

Мақомоти Тоҷикистон расман ин қазияро шарҳ надоданд, танҳо котиботи ҳукумати ВМКБ қаблан эътироз дар Хоруғ дар ҳамраъйӣ бо сокинони Рӯшонро рад карда, наворе нашр намуда буд.

5551
Барчаспҳо:
Рӯшон, Тоҷикистон, ҳамоиш, ВМКБ, телевизион, гузориш
Пациенту ставят капельницу, архивное фото

Ҳушдори сарвазир аз афзоиши коронавирус дар минтақаҳо: "маводи доруворӣ захира кунед"

0
Кубатбек Боронов сарвазири Қирғизистон аз эҳтимоли зиёд шудани ҳолатҳои сироятшавӣ ба коронавирус дар манотиқҳои ин кишвар ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Сарвазири Қирғизистон Кубатбек Боронов дар ҷаласаи ситоди марказии ҷумҳуриявӣ гуфт, ки мақомоти минтақавӣ бояд ба афзоиши мавориди мубталошавии шаҳрвандон ба коронавирус ва ё илтиҳоби шуш омода бошанд.

Ӯ таъкид намуд, ки аз ҳоло бояд дар минтақаҳо захираи маводи доруворӣ пурзӯр карда шавад. Ҳамчунин сарвазир ба таъмин намудани минтақаҳои Қирғизистон аз табибони ҳирфаӣ таъкид кард.

269 ҳолати ҷадид ва фавти 3 маризи коронавирус дар Қирғизистон давоми як рӯз

"Дар Бишкек, бинобар шумораи зиёди маризон, беморхонаҳо зуд пур мешаванд ва дар дармонгоҳҳо кормандони тиб намерасанд. Аз ин рӯ, мақомоти минтақавӣ бояд ба ҳолати афзун шудани шумораи сироятёфтагон аз коронавирус ва илтиҳоби шуш омода бошанд. Вазъияте, ки ҳоло дар пойтахт дида мешавад, набояд дар дигар минтақаҳо такрор шавад", - афзудааст Боронов.

Зимнан, сарвазири Қирғизистон тактикаи мубориза бурдан бо коронавирус дар минтақаҳоро баён намуд:

"Таҷриба нишон дод, ки ба мо танҳо катҳои хоб лозиманд. Мо бояд ҷойҳоро барои беморони вазнин ва беморони миёна омода кунем. Барои онҳое, ки шакли сабук доранд, бояд дар утоқҳои алоҳида бистарӣ шаванд. Ҳоло дар Бишкек духтурон ва ҳамшираҳои шафқат намерасанд. Ҳамаи ин нозукиҳоро дар минтақаҳо бояд ба назар гирифт", - илова намудааст сарвазир дар ҷаласа.

Дар Қирғизистон вазъият дар робита ба паҳншавии маризии коронавирус бисёр ваҳим аст. Теъдоди қурбониёни вируси COVID - 19 дар Қирғизистон наздик ба 100 нафар расидааст. Ҳамарӯза дар ин кишвар то 500 ҳолати ҷадиди сироятшавӣ ба ин маризӣ сабт мегардад.

0
Барчаспҳо:
сарвазир, захира, маводи доруворӣ, афзоиш, маризӣ, Қирғизистон