Ҷангҷӯёни Толибон дар роҳ ба самти Бағлон. Акс аз бойгонӣ

Ҷангҷӯёни ДИ 10 нафар толибро қатл карданд

7
Баъд аз он ки гурӯҳҳои “ДИ” ва “Толибон” дар авохири моҳи апрел ба ҳам ҷанг эълом карданд, мухолифати байни онҳо ташдид ёфт.

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дастикам 10 нафар толибон рӯзи чаҳоршанбе дар вилояти шарқии Афғонистон Нангарҳор ба қатл расиданд, хабар медиҳад пойгоҳи интернетии "Афганистан.Ру" бо истинод ба расонаҳои маҳаллӣ.

Ҷангҷӯёни "ДИ" толибонро рабуданд ва рӯзи чаҳоршанбе онҳоро дар вулусволии Ачин эъдом карданд.

Мухолифати "Толибон" ва "Давлати исломӣ" дар Нангарҳор тундӣ сурат мегирад. Қаблан дар вулусволии Спингари ин вилоят ҷангҷӯёни ДИ манозили фармондеҳони толибонро оташ зада буданд.

Мухолифати миёни ин ду гурӯҳ дар вилояти ғарбии Фараҳ низ идома дорад.

Хабарҳои нахустин дар бораи эъломи мутақобилаи ҷанг миёни ин ду ҷунбиш дар авохири моҳи апрел ба даст расиданд ва ахбори қурбониёни нахустин дар авохири моҳи май паҳн шуданд.

7
Барчаспҳо:
эъдоми толибон аз сӯйи ҷангҷӯёни "ДИ", "Толибон", "ДИ", вилояти Фараҳ", вилояти Нангарҳор, Афғонистон
Мавзуъ
Гурӯҳи “Марг” ба “Давлати исломӣ” ва “Толибон” ҷанг эълом кард
Ба “Давлати исломӣ” ҳамаи кишварҳои узви АСЕАН ҷанг эълом карданд
Як мақоми эронӣ: поёни умри "Давлати исломӣ" наздик аст
Созмони тундгарои “Давлати исломӣ”