Нерӯҳои ҳавоии ИМА дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Пентагон: Афғонистон ҳамчунон ба кӯмакҳои хориҷӣ бастагӣ дорад

8
Коршиносони низомии Пентагон гузоришеро мунташир карданд, ки бар асоси он бароварда мешавад, ки нерӯҳои низомии Афғонистон ҳанӯз қодир нестанд, ки аз таҳдидоти гурӯҳҳои мусаллаҳи фаъол дар қаламрави кишвар мустақилона ҷилавгирӣ кунанд.

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Ба нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон боз солҳо кӯмакҳои хориҷӣ зарур аст, ки тавонанд мустақилона амният ва суббот дар кишварро таъмин карда тавонанд, омадааст дар гузориши ҷадиди вазорати дифоъи Амрико, ки рӯзи сешанбе ба порлумони ин кишвар ироъа шуд.

Зикр шудааст, ки Афғонистон то ҳол наметавонад мустақилона аз таҳдидоти гурӯҳҳои мусаллаҳи фаъол дар қаламрави кишвар назири "Ал-Қоида", "Толибон", "Давлати исломӣ" ва "Шабакаи Ҳаққонӣ" ҷилавгирӣ кунад.

"Ҳар яке аз ин гурӯҳҳо дар оянда низ дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ талош мекунанд, ки мавқеъи худро ҳифз кунанду ба Афғонистон ва дар маҷмӯъ ба НАТО хатарзо ҳастанд", — омадааст дар гузориш.

Вале зикр мешавад, ки феълан ИМА пайдо шудани ҳузури "Давлати исломӣ" дар Афғонистон бештар нигарон кардааст. Коршиносони Пентагон бар ин назаранд, ки ин гурӯҳи террористӣ дар соли 2016 низ талоши худ барои тавсеъаи ҳузури худ дар Афғонистонро идома дода ва ҳатто дар ин замина бо ҷунбиши "Толибон" ва гурӯҳҳои дигари террористӣ рақобат хоҳад кард.

Дар Пентагон муътақиданд, ки сарчашмаи ин таҳдидот тавлидоти маводди мухаддир аст, ки бахши аслии сармоягузории фаъолиятҳои ин гурӯҳҳои террористиро таъмин мекунад.

Ба ин далел, бо вуҷуди даст ёфтан ба пешрафтҳое дар бахши таъмини амният дар Афғонистон, ин кишвар ба кӯмакҳо барои мустақилият солҳои тӯлонӣ ниёз хоҳад дошт.

Дар миёни мушкилоти дигари ниҳодҳои интизомии Афғонистон дар гузориш камбуди васоили низомӣ ва силоҳ, камбуди таъминоти пизишкӣ ва моддӣ ва ҳамчунин мизони баланди фасод ном бурда шудаанд.

8
Барчаспҳо:
нигаронии Амрико аз адами мустақилияти нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон, НАТО, "Толибон", "ДИ", Пентагон, ИМА, Афғонистон
Мавзуъ
Барои тақвияти неруҳои амниятии Афғонистон НАТО $60 млн ҷудо мекунад
Беш аз 140 тан мухолифини давлати Афғонистон дар Кундуз кушта шуданд
Ҷангиёни хориҷӣ дар шимоли Афғонистон таҷаммуъ мекунанд
Ашраф Ғанӣ аз кушта шудани ду фармондеҳи ДИ дар Афғонистон хабар дод
Афроди мусаллаҳ дар шарқи Афғонистон даҳ нафарро рабуданд