Бордюжа: СПАД ба ҳар гуна таҳдидҳо посухи муносиб дар ихтиёр дорад

© Sputnik Дабири кулли СПАД Николай Бордюжа
Дабири кулли СПАД Николай Бордюжа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи Николай Бордюжа СПАД нерӯҳҳои дуҷониба, Нерӯҳои муштараки вокуниши сареъ, Нерӯҳои ҳавоии муштарак ва нерӯҳои дигаре дар ихтиёр дорад, ки посухдиҳандаи таҳдидоти гуногун мебошанд.

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. СПАД имкон дорад ба ҳар навъи таҳдидоте, ки дар қиболи аъзои ин созмон пайдо мешаванд, посух бидиҳад, изҳор дошт дабири кулли СПАД Николай Бордюжа рӯзи панҷшанбе дар нишасти матбӯъотӣ дар ХБИ "Русия имрӯз", хабар медиҳад сомонаи созмон.

"Ба ҳар таҳдидоте, ки дар қиболи кишварҳои узви СПАД пайдо мешаванд, ҳатман посухи муносиб пайдо мешавад", — гуфт вай.

Бордюжа бар ин назар аст, ки нерӯҳои СПАД зарфиятеро доро аст, ки ба ҳар гуна таҳдидҳо вокуниш нишон бидиҳад.

Эмомали Раҳмон аснои мулоқот бо Сергей Шойгу. Душанбе, 4 июни соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон бо Шойгу тақвияти ҳамкориҳои низомии дуҷонибаро баррасӣ карданд

"Мо нерӯҳҳои дуҷониба, Нерӯҳои муштараки вокуниши сареъ, Нерӯҳои ҳавоии муштарак ва нерӯҳои дигаре дар ихтиёр дорем, ки посухдиҳандаи таҳдидоти гуногун мебошанд", — гуфт вай ва изофа кард, ки муҳимтар истифода аз нерӯҳои ҷамъовардашуда мебошад.

Генерал-полковник зикр кард, ки СПАД ба тасмими ИМА барои тақвияти нерӯҳо дар Аврупо хушбин нест. Аз ҷумла, мақомоти амрикоӣ дар сададанд ба минтақа миқдоре аз ҳавопаймоҳои ҷангии давраи панҷуми F-22 Raptor мунтақил бидиҳад. Вай таъкид кард, ки ин амр ба амнияти кишварҳои узви Созмон авомили номатлуб дорад.

"Ба ҳар аъмоле дар мавриди тақвияти нерӯҳо дар марзҳои мо СПАД хушбин нест ва бар ин назарем, ки чунин иқдом ба амнияти кишварҳои мо таъсир мегузорад, вале то ҷое иттилоъ дорам ИМА дар ин робита ИМА тасмими ниҳоӣ содир накардааст", — гуфт Бордюжа.

Дабири кулли СПАД аз тақвияти фаъолияти кишварҳои НАТО, ки дар Аврупои Шарқӣ тамринот анҷом медиҳанд, шадидан интиқод кард.

"Ман ин ҳама изҳороти раҳбарони кишварҳои соҳили Балтикаро ҳамчун иғво медонам — ин як амали иғвоангезест барои ба даст овардани суд (маблағ ва таслиҳоти муъосир) аз шарикони бузург аст", — шарҳ дод вай изҳороти раҳбарони кишварҳои соҳили Балтикаро дар бораи таҳдидот аз сӯйи Русия.

Раҳбари СПАД ҳамчунин фаъолшавии "Давлати исломӣ", эҳтимоли тавсеъаи созмон, тамриноти ахири ногаҳонӣ, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон сурат гирифтанд ва натоиҷи ҷаласаи вузарои хориҷӣ, дифоъ ва дабирони амниятиро шарҳ дод.

"Ба масоили ба сурати манфӣ рӯй овардани куллияи вазъи фаромиллӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд", — хабар дод Бордюжа. Ин амр ҳам ба ҳаводиси Украина ва ҳам фаъолияти гурӯҳҳои тундрав рабт дорад.

ВАО: СПАД дар Тоҷикистон омодагии неруҳояшро месанҷад

Ба гуфтаи вай, омори шартие вуҷуд дорад, ки тибқи вай теъдоди зиёди атбоъи кишварҳои узви СПАД дар суфуфи ДИ меҷанганд, вале ин омор "имкон дорад на ба суди кишварҳои узви ин созмон истифода шавад".

Ба тавсеъаи ДИ, ба эътиқоди дабири кулл, адами ҳамкории зиддитеррористии воқеъии бозигарони байналмиллалӣ ба далели ҳаводиси Украина мусоъидат мекунад. Ин амр шароити муносибе барои фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ фароҳам мекунад ва ҳамчунин имкон медиҳад, ки таблиғгарони тундгароҳо расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоиро истифода карда ба таблиғи ҳар як фарди алоҳида шурӯъ кунанд.

Коҳиши хатароти тундгароӣ, ба эътиқоди Бордюжа, дар сурати танзими фаъолиятҳои созмонҳои ғайридавлатӣ дар қаламрави шаш кишвари СПАД, ки сармоягузории хориҷӣ дарёфт мекунанд, имконпазир аст.

Зимни шарҳи хатароти ношӣ аз Афғонистон Бордюжа гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон ин хатаротро хеле ҷиддӣ мебинанд. Барои вокуниш ба ин хатарот тамриноти ногаҳонии неруӯҳои вокуниши сареъ дар моҳи май баргузор карда шуд. Барои бори нахуст Нерӯҳои вокуниши сареъи дар тӯли се шабонарӯз ба Тоҷикистон мунтақил шуданд: масирҳои гуногуни ҳамлу нақли низомиён истифода шуданд.

Дар маҷмӯъ дабири кулл тамриноти баргузоршуда қонеъкунанда донист, ҳарчанд дар мавриди ташкили раҳбарӣ, алоқа мушкилот боқӣ монда, бояд дар заминаи ширкати куллияи алоқамндон дар ин тамринот ва таъсиси раҳбарии воҳид бознигарӣ шавад ва пояҳои қонунии ҳамлу нақлро таҷдид кардан зарур аст.

Лентаи хабарҳо
0