Ҷангҷӯйи чечен. Акс аз бойгонӣ

Ҷангҷӯёни қафқозӣ садоқати худ ба раҳбари “ДИ”-ро эълом карданд

6
(Таҷдидшуда 14:19 24.06.2015)
Гурӯҳҳои махфии ҷангҷӯён дар Қафқоз садоқати худ ба раҳбари гурӯҳи тундгарои “Давлати исломӣ” эълом карданд, ки ин созмон ба тавлиди пулҳои худ аз тилло, нуқра ва мис шурӯъ кардааст.

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Ҷангҷӯёни гурӯҳҳои "Аморати Қафқоз" ба шакли комил ба раҳбари "Давлати исломӣ" Абӯ Бакр ал-Бағдодӣ изҳори садоқат карданд, хабар медиҳад сомонаи ингушии Galgayche.org.

Дар сабти садоие, ки 21 июн дар Youtube мунташир шуд, таъкид мешавад, ки куллияи ҷангҷӯёни вилоёти Доғистон, Ичкерия, Ингушистон ва Кабардин Болқару Қарачой изҳори садоқат кардаанд.

Қаблан дар моҳи ҷорӣ фармондеҳи чечении ҷангҷӯён амир Ҳамзат низ садоқати худ ба "ДИ"-ро эълом карда буд.

Дар ҳамин ҳол "ДИ" тавлиди тангаҳои тиллоии худро оғоз кардааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар тангаҳо, ки акси онҳо дар шабака пайдо шудааст, навиштаҷоте дида мешаванд, ки мансубияти он ба ин гурӯҳи террористӣ таъйид мешавад. Як танга 140 доллар, ба гунаи динори тиллоӣ, арзиш дорад.

"ДИ" дар моҳи ноябри соли гузашта аз тасмими тавлиди тангаҳои тиллоӣ, нуқрагӣ ва мисини худ хабар дода буд.

Созмони террористии "Давлати исломӣ" манотиқи зиёде аз Ироқ ва Сурияро зери тасарруфи худ даровардааст. Тибқи иттилоъи манобеъи мухталиф дар суфуфи ин созмон то 80 ҳазор нафар ҷангҷӯён меҷанганд.

6
Барчаспҳо:
садоқати ҷангҷӯёни Қафқоз ва тавлиди тангаҳои тиллоӣ, "ДИ", Абӯ Бакр ал-Бағдоди, Ироқ, Сурия
Мавзуъ
Ҷангҷӯёни ДИ 10 нафар толибро қатл карданд
КДАМ: танҳо ба 1-2 нафари пушаймононшудагони “ДИ”метавонем кӯмак кунем
Собиқ фармондеҳи ОМОН дар бораи пайвастанаш ба ДИ изҳор доштааст
Виктор Иванов: манбаъи аслии даромади “ДИ” нашъа аст
Шоҳиди ҷангҳои “ДИ”: одамонро бе таҳқиқ мекушанд
ВАО: ҷангиёни “ДИ” ва “Толибон” ба ҳам ҷанги муқаддас эълом карданд