Книга

Сенздаҳ китоби мамнӯи салафиҳо дар Тоҷикистон

64
(Таҷдидшуда 16:16 02.07.2015)
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри феҳрасти адабиёти равияи Салафия, воридот ва паҳнкунии ин номгӯро мамнуъ эълон кард.

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Феҳрасти китобҳои мамнуи равияи Салафия аз сӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон нашр шуд, хабар медиҳад сомонаи ин ниҳод.

Вазорат бо нашри ин феҳрист рӯзи 30 июн воридоти ин китобҳоро ба кишвар мамнуъ эълон кард.

Ин ниҳод гуфт, дар баробари манъи фаъолияти Салафия дар моҳи январи соли 2009, паҳн намудани аудио, видеосабтҳо, адабиёту варақаҳои марбут ба ин равия низ манъ гардидааст.

Феҳрист аз ин қарор аст:

1.Солиҳ бин Абдулазиз бин Муҳаммад Оли-ш-Шайх. Шарҳу Фазли-л-ислом ли Шайхилислом Муҳаммад Бин Абдулваҳҳоб ат-Таминӣ. —416 саҳ.

2.Муҳаммад ибни Солиҳ ал-Усаймин. Шарҳу Ламъату-л-иътиқод ал-ҳодӣ ила сабили-р-рашод ли-л-имом Муваффақиддин ибн Қаддома ал-Мақдисӣ. —136 саҳ.

3.Муҳаммад бин Носир бин Усмон Оли Муъмир. Фавокиру-л-изоб фи муътақад аш-Шайх Муҳаммад бин Абдулваҳҳоб. —280 саҳ.

4.Абдулазиз ибни Боз. Ал-Ҷуҳуду-л-ҳадисия. —867 саҳ.

5.Фалоҳ ибни Исмоил Мандакор. Ал-Илоқату байна-т-ташайюъу ва-тасаввуф (арзун ва нақдун). —894 саҳ.

6.Мусоид бин Сулаймон ибн Носир ат-Тайёр. Шарҳу Муқаддима фи усули-т-тафсир ли Ибни Таймия. —382 саҳ.

7.Солиҳ бин Абдулазиз бин Муҳаммад бин Иброҳим Оли-ш-Шайх. Ал-Олиу-л-баҳияти фи шарҳи-л-Ақидати-л-воситая ли Ибни Таймия. Ҷилди 1. —617 саҳ.

8.Ибни Таймия. Ал-Маҷмуату-л-олийя (мин кутуби ва расоили ва фатово). — 168 саҳ.

9. Абӯубайд ал-Қосим бини Салом. Китобу-л-имон. Ҳаққақаҳу Муҳаммад Носируддин ал-Албонӣ. —61 саҳ.

10. Абдулқосим Абдулазим. Фазлу илми-с-салаф ала илми-л-халаф (силсилату расоили-д-даъвати-с-салафия). —128 саҳ.

11. Абдулазиз бин Абуллоҳ бин Боз. Фавоиду мина-т-тафсир. —352 саҳ.

12.Убайд бин Абдиллоҳ бин Сулаймон ал-Ҷобирӣ. Тайсиру-л-илоҳ би шарҳи Адиллати шурути ло илоҳа иллалоҳ ли Шайхилислом Муҳаммад бин Абдилваҳҳоб. —64 саҳ.

13. Муҳаммад ибни Солиҳ ал-Усаймин. Ал-Усулу мин илми-л-усул рисола мухтасара фи усули-л-фиқҳ. —103 саҳ.

Равияи Салифия дар декабри соли 2014 аз сӯи Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳаракати мамнуъ дар кишвар эълон шуд. То кунун чанд нафаре аз пайравони ин равия боздошт ва ба маҳкама кашида шудаанд.

64
Барчаспҳо:
воридот, феҳраст, паҳншавӣ, 13 китоб, мамнуъ, китоб, ВКД, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Аҳзоб ва созмону асарҳои табу дар Тоҷикистон бештар мешаванд (3)
Президент РФ В. Путин

Муфид аст: шарҳи Путин дар бораи ҳузури ИМА дар Афғонистон

263
(Таҷдидшуда 17:43 25.10.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ҳузури низомиёни амрикоиро дар Афғонистонро истиқбол карда, аз ҳамкории ду кишвар дар сатҳи хадамоти махсус тавсиф намуд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон аз нигоҳи амниятӣ муфид мебошад, изҳор дошт Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия.

“Ҳузури ИМА дар Афғонистон барои амният муфид мебошад”, - гуфт роҳбари Русия.

Путин инчунин таъкид кардааст, ки Русия аз ҳамкорӣ бо ИМА дар бахши мубориза бо терроризм қаноатманд мебошад.

Ӯ афзуд, ки маълумоти ироанамудаи Вашингтон борҳо имкон дод, ки ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави Русия ҷилавгирӣ шаванд.

“Сарфи назар аз мухолифатҳои зиёд дар бахшҳои гуногун, ҳамоно ҳамкорӣ дар сатҳи хадамоти махсус идома дорад... Дар баробари ин амрикоиҳо ба мо маълумоти зиддитеррорро ироа мекунанд”, - илова намуд Путин.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, дар оғози моҳи марти соли равон дар бораи бидуни таъхир хориҷ кардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон изҳорот дода буд. Аз ҷумла дар назар буд, ки теъдоди низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон тайи 135 рӯз аз 12 ҳазор нафар то 8,6 ҳазор нафар коҳиш дода шавад. Интизор мерафт, ки то интихоботи раисиҷумҳури ИМА теъдоди сарбозони ин кишвар дар Афғонистон ба 4-5 ҳазор нафар баробар карда мешуд.

263
Барчаспҳо:
Владимир Путин, ИМА, Путин, Русия
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон встретился с командующим Центральным командованием вооруженных сил США генералом Кеннетом Ф. Маккензи

Раҳмон ва генерал Маккензӣ амнияти Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд

386
(Таҷдидшуда 00:01 23.10.2020)
Ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуда, раванди музокироти сулҳро муҳокима карданд

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Ф. Маккензӣ, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар рафти мулоқот як қатор масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бахусус дар соҳаи амниятӣ, баррасӣ гардиданд.

Дар ин зимн ба мавзӯъҳои мубрами таъмини сулҳу суботи минтақавӣ ва хатару таҳдидҳои глобалии амниятӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор анҷом дода, раванди музокироти сулҳро дар ин кишвари ба мо ҳамҷавор муҳокима карданд.

Раҳмон таъкид карда, ки ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистони ҳамсоя пайваста дар маркази диққат қарор дорад ва Тоҷикистон аз талошҳои Ҳукумати Афғонистон дар самти истиқрори сулҳу суботи пойдор дар кишвар ҳамеша ҷонибдорӣ менамояд.

Манбаъ афзуда, ки дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, роҷеъ ба дигар ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ибрози ақида намуда, алоқамандиашонро ба таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшон дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қайд кардаанд.

386
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, ИМА, мулоқот, дидор, Тоҷикистон
Доктор медицинских наук, профессор, заведующий кафедрой инфекционных болезней Таджикского государственного медицинского университета им. Абуали ибни Сино Рахманов Эркин

Саринфексионисти Тоҷикистон дар бораи омодагиҳо ба мавҷи дуюми COVID-19

0
(Таҷдидшуда 20:40 29.10.2020)
Эркин Раҳмонов, саринфексионисти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мудири кафедраи бемориҳои сироятии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон омодагиҳо ба мавҷи дуюми бемории коронавирусро шарҳ дод

Раҳмонов мегӯяд, дар кишвар тамоми чораҳо барои пешгирӣ аз мавҷи дуюми коронавирус амалӣ шуда истодаанд ва агар он фаро ҳам расад, бахши тандурустии кишвар захоири кофиро дар ихтиёр дорад.

Главный инфекционист Таджикистана: если вторая волна будет, резервы у нас готовы
“Агар мавҷи дуюми беморӣ фаро ҳам расад, захираҳои мо омодаанд. Мо бо дастгоҳҳои иловагии нафасдиҳӣ беморхонаи сироятии шаҳриро муҷаҳҳаз кардем. Инчунин 500 кати иловагиро дар ихтиёр дорем ва 160 кат дар  вагончаҳои махсуси дигар, ки аз ҷониби Ӯзбекистон ҳамчун кумаки башардӯстона ироа шудаанд, омодаи қабули беморонанд”, - изҳор дошт сироятшинос.

Ӯ изҳори умед кард, ки ниёзе барои корбурди захираҳо нахоҳад буд, чун бо шифоёбии феълии беморон, ки ҳамарӯза 45-50 нафарро ташкил медиҳад, метавон мавҷи дуюмро пешгирӣ намуд.

Раҳмонов таъкид намуд, ки беҳтарин роҳи мубориза бо мавҷи дуюми коронавирус риояи қоидаҳои беҳдоштӣ мебошад.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 39 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат аз моҳи апрел то ҳозир ба 10 ҳазору 939 нафар расид, 

Ҳамзамон дар 24 соати ахир 58 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10 ҳазору 128 нафар (92,5%) баробар гардид.

0
Барчаспҳо:
вируси нав, мавҷ, Тоҷикистон