Роёна

Нашри сомонаҳои мамнуи Тоҷикистон аз сӯи ВКД

23
(Таҷдидшуда 17:03 02.07.2015)
Дар миёни ин феҳраст унвони яке аз сомона ва ё каналҳои родиёии онлайнӣ марбут ба созмони мамнуи “Гуруҳи 24” низ мавҷуд аст.

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти 80 сомонаеро нашр кардааст, ки фаъолияти онҳо тибқи қонунгузории кишвар манъ шудааст, менависад сомонаи ин ниҳод.

Бештарини ин торнамоҳо марбути "Ҳизб-ут-таҳрир"-анд. Инчунин чанд сомонаи мутаалиқ ба "Бародарони мусалмон", "Ҳаракати исломии Ӯзбакистон", "Салафия" ва "Толибон" дар рӯйхати мазкур ҷой дода шудаанд. Дар ин феҳраст, ки торнамои ВКД нашр кардааст, бойгонии гуруҳи террористии "Давлати исломӣ", маъруф ба ДИИШ ва як торнамои марбут ба "Гуруҳи 24" мавҷуданд.

Дар ин феҳраст номи 26 сомонаи "Ҳизб-ут-Таҳрир", 3 сомонаи "Бародарони мусулмон" ё "Ихвоналмуслимин", 2 сомонаи "Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон", 3 сомонаи равияи "Салафия", 17 сомонаи ҳаракати "Аморати Қафқоз", 14 бойгонии наворҳои видеои ДИИШ, 2 сомонаи "Ҷамоати Ансоруллоҳ", 1 сомонаи ҳаракати "Содиқлар", 1 сомонаи гуруҳи "Толибон", сомонаи "Лашкари Тайиба", сомонаи "Таҳрики Толибони Покистон", сомонаи "Ҷамоати Шариат", 4 сомонаи созмони "Давлати Исломӣ", сомонаи "Ҷабҳат-ан-нусра", сомонаи "Аҳрор-аш-шом", сомонаи "Ҷайш-ал-Муҳоҷҷирин вал-Ансор", "Радио Zello» (Гурӯҳи — 24) шомил аст.

Аммо вазорат шарҳ надодааст, ки ин сомонаҳо дар Тоҷикистон ба чӣ далели мамнуъ эълон шудаанд.

Аз ин пештар торнамои ВКД рӯйхати 13 китоби марбут ба равияи динӣ-мазҳабии салафия (ваҳҳобия)-ро нашр карда буд, ки вуруд, истифода ва паҳнашон дар кишвар мамнӯъ мебошад.

23
Барчаспҳо:
мамнуъ, сомонаҳо, феҳраст, нашр, ВКД, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Аҳзоб ва созмону асарҳои табу дар Тоҷикистон бештар мешаванд (3)
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо Муҳаммад Ҳаниф Атмар, сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон

Раҳмон ҷонибдорияш аз музокироти байниафғониро баён дошт

194
(Таҷдидшуда 20:46 17.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе бо Муҳаммад Ҳаниф Атмар, сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон вазъи имрӯзаи амниятӣ ва оғози музокироти сулҳи байниафғониро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мавриди яке аз равандҳои калидии фазои сиёсии Афғонистон, ки имрӯзҳо диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кардааст, яъне музокироти сулҳи Афғонистон, Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки  Тоҷикистон мавқеи Ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу суботи пойдор ҳамеша ҷонибдорӣ карда, аз ҳар иқдоме, ки ба ҳалли мусолиҳатомези қазияи Афғонистон мусоидат мекунад, истиқбол менамояд.  

“Дар ин робита қайд гардид, ки Тоҷикистон бо истифода аз ҳама зарфиятҳо ва имконоти мавҷуда минбаъд ҳам саъйю талош хоҳад кард, то  ҷиҳати  мусоидат ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ва рушди иқтисодиву иҷтимоии он дар ростои манофеи мардуми бародари он саҳми худро гузорад”, - омадааст дар иттилоияи котибот.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки  ҳамкорӣ бо Афғонистон дар сохтори сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз самтҳои авлавиятнок муқаррар шудааст ва ҷониби мо ба густариши ҳамкориҳо бо ин кишвари ҳамҷавор  пайваста таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин аҳаммияти пайгирии минбаъдаи масъалаҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ ва энергетикии минтақавиро, ки омили  ҷалби васеи Афғонистон ба раванди ҳамкориҳои минтақавӣ маҳсуб меёбанд, баррасӣ намудаанд.  

Баъди ҳамла: мулоқоти Ятимов бо Амруллоҳ Солеҳ ва Абдулло Абдулло дар Кобул

Ҷонибҳо инчунин зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшро дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин дар ҷодаи мубориза бо ҳамагирии КОВИД-19 ва рафъи оқибатҳои он  қайд намудаанд.

194
Председатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов, архивное фото

Баъди ҳамла: мулоқоти Ятимов бо Амруллоҳ Солеҳ ва Абдулло Абдулло дар Кобул

940
Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти милли Тоҷикистон бо мақомдорҳои баландпояи Афғонистон мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Сафари раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз 9 то 11 сентябр дар Кобул ҷараён дошт, хабар медиҳад “Ховар”.

Ба иттилои манбаъ, Ятимов дар сафари корияш бо муовини аввали президенти Афғонистон Амруллоҳи Солеҳ, Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллӣ Абдуллоҳи Абдулло, Раиси Парлумон Мирраҳмон Раҳмонӣ, Мушовири амнияти президент Ҳамдуллоҳи Муҳиб, раиси Раёсати умумии амнияти миллӣ Аҳмад Зиё Сироҷ, вазири корҳои хориҷӣ Ҳаниф Атмар, вазири дифоъ Асадуллои Холид ва вазири умури дохилаи Ҷумҳурии исломии Афғонистон Масъуди Андаробӣ оид ба муносибатҳои мутақобилан судманд дидору мулоқот кардааст.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқотҳо оид ба вазъи амнияти ду кишвари дӯст ва минтақа, ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, инчунин таъмини амнияти коммуникатсионӣ ва тарҳҳои энергетикиву иқтисодӣ мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Ҷонибҳо изҳор доштаанд, омодаанд, ҳамгироӣ ва муносибатҳоро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ тақвият ва тавсеа бахшида, ба ин васила ба сулҳу субот ва оромию осудагӣ дар минтақа мусоидат намоянд.

Таъкид шудааст, ки хотимаи ҷанг дар Афғонистон ва пешгирӣ аз фаъолияти тахрибии хадамотҳои махсус ва доираҳои манфиатдори сиёсии баъзе аз кишварҳо бо истифода аз гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ, аз омилҳои муҳимтарини таъмини амният маҳсуб мегарданд.

Тоҷикистон ҳамла ба Амрулло Солеҳ, ноиби президенти Афғонистонро шадидан маҳкум кард

Ҷонибҳо бо ишора ба зарурати сифатии беҳтар сохтан ва ба сатҳи зарурӣ боло бурдани ҳамкории дуҷониба омодагии комили хешро ҷиҳати амалисозии тадбирҳои муассир ва мушаххас дар ин раванд изҳор доштанд.

Мулоқоти Амруллоҳи Солеҳ бо Ятимов дар ҳоле баргузор шуд, ки ду рӯзи қабл Солеҳ ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт. Ҳамла ба Амруллоҳ Солеҳ субҳи рӯзи 9 сентябр дар майдони Таймани Кобул сурат гирифт, ки аз он ҷон ба саломат бурд. 

Ҳукумати Тоҷикистон низ бо нашри як изҳорот ин ҳамларо шадидан маҳкум кард.

940
Барчаспҳо:
мулоқот, Моҳира Ятимова, Афғонистон, Тоҷикистон
Визит Эмомали Рахмона в Согдийскую область

Ширкати Президент дар маъракаи пахтачинӣ дар Ҳисор

0
Дар рафти сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳисор дар маъракаи ҷамъоварии пахта ва кишти тирамоҳии ғалладона ширкат кардааст

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи пахтачинӣ дар Ҳисор иштирок кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.

"Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор Эмомалӣ Раҳмон дар Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродов дар маъракаи ҷамъоварии пахта ва кишти тирамоҳии ғалладона иштирок кард", - менависад манбаъ.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мавсими ҷорӣ хоҷагидорони ин Кооператив бо роҳандозии тадбирҳои иловагии коркарди агротехникии зироат, истифодаи тухмиҳои хушсифати маҳалливу хориҷӣ ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ, аз ҷумла дар самти ҷамъоварии ҳосили пахта ноил хоҳанд шуд.

Зеро ба тахмини хоҷагидорон, соли равон аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна тахминан бештар аз 35-сентнерӣ ҳосил ба даст хоҳанд овард.

Хоҷагии мазкур серсоҳа буда, дорои 1147 гектар замини корами обӣ ва лалмӣ мебошад. Имсол аз масоҳати умумии заминҳои дар ихтиёрдошта, хоҷагидорон дар масоҳати 250 гектари он навъҳои пунбадонаи “Дӯстӣ”, “Флеш”, “Флора” ва “Хуҷанд-67” кишт карданд.

Ба иттилои мутахассисон, боду ҳаво ва заминҳои серҳосили ин минтақа барои парвариши ин навъҳои пахта мувофиқу муносиб буда, ҳосили дилхоҳ ба даст меояд.

Президент роҳбарияти хоҷагиро бобати бештар ҳавасманд сохтани чинакчиён ва дигар саҳмдорон вазифадор намуда, таъкид карданд, ки аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода бурда шавад.

 Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар маъракаи кишти тирамоҳии зироат иштирок кардааст.

“Бисёр вазнин мешавад”: Раҳмон мақсади сафарҳояш дар даври "короно"-ро гуфт-видео

Дар ҳамин рӯз дар майдони бештар аз 32 гектар замине, ки аз ҳосили кишти асосиву такрорӣ холӣ шуда буд, кишти тирамоҳии гандум гузаронида шуд.

0