Нерӯҳои вижаи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Ба тамрини вазорати дифоъ ҳудуди 30 ҳазор нафар эҳтиётиҳо ҷалб шуданд

3
(Таҷдидшуда 10:28 03.07.2015)
Тамриноти низомиёни эҳтиётӣ дар воҳидҳои низомӣ ва размоишгоҳҳои вилояти Хатлон, ки дарозтарин марзи муштарак бо Афғонистонро дорад, сурат мегиранд.

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ҳудуди 30 ҳазор низомиёни эҳтиётӣ дар тамриноти омӯзишӣ ширкат мекунанд, ки аз сӯйи вазорати дифоъи Тоҷикистон дар размоишгоҳҳои Мумирак ва Сумбула дар вилояти Хатлон сурат мегиранд, менависад Радиои Озодӣ бо истинод ба вазорати дифоъии кишвар.

Вазорати дифоъи Тоҷикистон аз баргузории тамриноти низомиёни эҳтиётӣ баъд аз тағйири вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон эълом кард. Дар ин минтақа таҷаммӯъи гурӯҳҳои ифротгарои ҷунбиши "Толибон" ва "ДИ" мушоҳида шудааст, омадааст дар хабар.

Зикр шудааст, ки бозомӯзиро дар воҳидҳои низомӣ ва размоишгоҳҳо ҳудуди сӣ ҳазор низомиён ва афсарони эҳтиётӣ паси сар кардаанд.
"Ин тамринот бо мусоъидати мақомоти маҳаллӣ дар воҳидҳои низомӣ ва размоишгоҳҳои Мумирак ва Сумбула баргузор шуданд", — гуфт ба Озодӣ комиссари низомии минтақаи Кӯлоб Дилмурод Назаров.

Ба гуфтаи вай, ахиран ба тамриноти низомиёни эҳтиётӣ, ки феълан низ идома доранд, боз 5 ҳазор нафар сарбозон ва афсарони эҳтиётӣ даъват шудаанд.

"Ин сарбозон ва афсарон нерӯи эҳтиётии артиш мебошанд ва дар сурати зарурӣ барои ҳифзи марзҳо ва қаламрави Тоҷикистон даъват карда мешаванд", — зикр кард Назаров.

Сухангӯйи вазорати дифоъи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев дар сӯҳбат бо радио гуфт, ки ба ин тамринот ҳамчунин сарбозоне даъват мешаванд, ки дар суфуфи нерӯои марзбонӣ хидмати низомӣ кардаанд. Онҳо бояд омӯзиши амалӣ анҷом бидиҳанд.

"Агар навоҳии ҳаммарз мавриди ҳамлаи ногаҳонӣ қарор бигиранд, низомиёни эҳтиётӣ муваззафанд то расидани нерӯҳои аслӣ аз пешравии душман ҷилавгирӣ кунанд", — гуфт Маҳмадалиев.

Тоҷикистон борҳо аз фаъолшавии гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро дар наздикии марзи худ изҳори нигаронӣ карда буд. Тибқи иттилоъи ниҳодҳои амниятии кишвар дар наздикии марзи Тоҷикистон таҷаммӯъи на танҳо "Толибон" ва "ДИ", балки Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон, Ҷандуллоҳ, Ҷунбиши исломии Туркистон ва ғайра мушоҳида мешаванд. Даргириҳои низомӣ дар вилоёти Қундуз, Тахор ва Бадахшон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз мебошанд, мояи нигаронии амиқи раҳбарияти кишвар шудаанд.

3
Барчаспҳо:
тамриноти низомиёни эҳтиётӣ дар марз бо Афғонистон, вазорати дифоъи Тоҷикистон, Фаридун Маҳмадалиев, Дилмурод Назаров, Афғонистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Даргирӣ дар марз: ҳалокати як қочоқчӣ ва мусодираи 69 кило нашъа
Марзбонӣ: толибон дар қаламрави тоҷикистонии марз нестанд
Президент бар тақвияти ҳифзи марз таъкид кард
Сафир: даргириҳо дар марз наҳваи нигаронкунанда касб карданд