Ҷангҷӯёни ДИ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ

Шогирдони мадорис аз Тоҷикистон ба суфуфи “ДИ” мепайванданд

17
(Таҷдидшуда 16:19 07.07.2015)
Раиси кумитаи дини Тоҷикистон муътақид аст, ки суфуфи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” аз ҳисоби донишҷӯён, аз ҷумла шогирдони тоҷики мадориси мазҳабии хориҷӣ таҳия мешаванд.

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Бархе аз донишҷӯён, ки дар донишгоҳҳои ғайриқонунии мазҳабӣ дар хориҷи кишвар таҳсил карда ва ба Тоҷикистон баргаштаанд, ба суфуфи ДИ пайвастаанд, менависад хабаргузории "Авеста" бо истинод ба раиси кумитаи умури дин Сулаймон Давлатзода.

Ба гуфтаи Давлатзода, дар мадориси хориҷӣ 3 ҳазору 360 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил карда ба ватан 3 ҳазору 8 нафар баргаштаанд.

Эмомалӣ Раҳмон аснои мулоқот бо зиёиёни Тоҷикистон. 19 марти соли 2015
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

"Мутаассифона, 64 нафар аз онҳо барои иртикоби ҷароими мухталиф мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифтаанд. 29 нафар дар зиндонҳои Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ба сар мебаранд, шаш нафар мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд, ҳамин миқдор бо пуштибонӣ аз террористон дар Сурия меҷанганд. Ба иттилоъи мо як нафар аз онҳо кушта шудааст", — хабар дод вай.

Зимни шарҳи савол дар бораи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои мазҳабӣ аз сӯйи мақомот Давлатзода зикр кард, ки давлат қабл аз ҳама вобаста ба вазъ бояд дар бораи амнияти шаҳрвандони худ андеша кунад ва маҳдудиятҳои мушобеҳ дар кишварҳои арабӣ низ истифода мешаванд.

Тибқи иттилоъи расмӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон дар даргириҳои мухталиф беш аз 400 табааи тоҷик ширкат мекунанд ва беш аз 100 нафари онҳо кушта шудаанд.

Давлати исломӣ
© Инфографика .
"Давлати исломӣ"
17
Барчаспҳо:
ширкати донишҷӯёни тоҷики мадориси хориҷӣ дар ҷангҳои Сурия, Комитети дин, Сулаймон Давлатзода, Тоҷикистон
Мавзуъ
Сарвари МТС: аз хатари "ДИ" моро СПАД ҳимоят менамояд
ВАО: ҳалокати боз ду тоҷики ҷонибдори “ДИ”
КДАМ: танҳо ба 1-2 нафари пушаймононшудагони “ДИ”метавонем кӯмак кунем
Собиқ фармондеҳи ОМОН дар бораи пайвастанаш ба ДИ изҳор доштааст
Шоҳиди ҷангҳои “ДИ”: одамонро бе таҳқиқ мекушанд
Писари сарҳанги мустаъфии тоҷик, ки дар суфуфи ДИ меҷангид, кушта шуд
Тоҷикистон барои мубориза алайҳи ДИ аз Русия кӯмаки низомӣ мегирад