Боздошт. Акс аз бойгонӣ

Боздошти ҷонибдорони “Ҷундуллоҳ” аз сӯи Оҷонсии зидди фасод

15
(Таҷдидшуда 13:21 13.07.2015)
Ин афрод бо дидани наворҳои даъват ба ҷиҳот, барои пайвастан ба гуруҳҳои ифротӣ омодагӣ медидаанд ва қасди сарнагун кардани сохти Конститутсионии Тоҷикистонро доштаанд.

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷонибдорони Ҳаракати исломии Ӯзбакистонро боздошт кардааст, ки гӯиё қасди сарнагунии ҳокимияти Конситутсионии кишварро доштаанд, менависад сомонаи ин ниҳод.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви СПАД дар Душанбе 2 апрели соли 2015
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Кормандони Оҷонсӣ микрокартаи хотиравӣ бо сабтҳои аудиову видеоии даъвати Муҳаммад Тоҳир, амири Ҳаракати Исломии Ӯзбвкистон — "Ҷундуллоҳ"-ро пайдо кардаанд, ки ба Муҳаммадшодӣ Ғафурҷонов, сокини деҳаи Ӯзбекқишлоқи ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов тааллуқ дорад.

Ба иттилои манбаъ, микрокартаи хотиравии мазкур аз манзили истиқоматии Махкамбой Анорқулов, сокин ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ёфт ва мусодира шудааст.

"Дар рафти санҷиш муайян гардид, микрокартаи хотиравӣ ба Ғафурҷонов тааллуқ дорад….Вай аз моҳи августи 2014 инҷониб, бо мақсади барангехтани кинаву адовати динӣ, миллӣ,… паст задани шаъну эътибори миллӣ, тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, барои бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти Конститутсионии Тоҷикистон ва оиди ба амалбарории фаъолияти экстримистӣ, аз сомонаи интернетӣ сабтҳои… даъваткунандаи ба ин амалҳо яъне, даъватҳои амир ва дигар аъзоёни Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон-"Ҷундуллоҳ"-ро ба даст оварда, пас аз тамошо ва омӯзиши пурра… бо воситаи сомонаи интернетӣ "Содиқлар"… ва ба воситаи ҳамдеҳааш бо ном "Урунбек", ки дар ҷангҳои Сурия иштирок дорад, бо телефон ҳамсуҳбат шуда, барои амалии мақсадҳои ҷинояткорона роҳу усули ба онҳо ҳамроҳ шуданро ҷустуҷӯ мекард", — навиштааст сомона.

Дафтари матбуоти Оҷонси зидди фасоди молии кишвар Ғафуровро дар даъват ва ҷалби ҷавонон, аз ҷумла Азизҷон Рӯзиев ва Иброҳим Ашарапов ба сафи гуруҳҳои ифротгаро муттаҳам карда, афзудааст, "Рӯзиев ва дигарон маълумотҳои аниқ дар бораи ҷиноятӣ махсусан вазнини тайёршудаистодаро ба даст оварда, ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ хабар надоданд".

Манбаъ мегӯяд, кормандони Оҷонсии зидди фасоди молии кишвар рӯзи 20 майи соли равон аз манзили Ғафурҷонов як адад ноутбукро мусодира кардаанд, ки дар он сабтҳои видеоии даъват ба ҷиҳод мавҷуд аст.

"Ҳоло Ғафурҷонов бар асоси моддаҳои 189 қисми 1 ва 307 қисми 2 банди "г"-и Кодекси ҷиноӣ ва алайҳи Рӯзиев ва дигарон бо моддаи 347 қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад", — омадааст дар сомона.

Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасоди молии Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар таъкид кардааст, ин ниҳод натанҳо дар самти мубориза бо коррупсия, балки зидди терроризму ифротгароӣ ҳам мубориза мебарад.

15
Барчаспҳо:
сохтори Конститутсионӣ, барҳамзанӣ, омодагӣ, ифротгаро, боздошт, Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, Оҷонсии мубориза зидди коррупсия, Суғд