Тамриноти муштараки сарҳадбонони Тоҷикистону Қирғизистон дар маҳаллаи Эки-Тоши ноҳияи Ботканди вилояти Ботканд. 11 июли соли 2015

Омӯзиши "ҷанг"-и бе яроқ барои сарҳадбонони тоҷику қирғиз

21
(Таҷдидшуда 14:20 14.07.2015)
Пас аз ҳодисаи тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сарҳадбонони ҳар ду кишвар давраи таълимии амалиёт дар вақти низоъро, ки бе истифодаи силоҳ сурат мегирад, пушти сар карданд.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Марзбонони тоҷику қирғиз давраи таълимии муштаракро, ки барои рафъи қазияҳои муноқишавӣ дар сарҳад нигаронида шудааст, фаро гирифта ва роҳҳали мушкилотро бе истифода аз яроқ омӯхтанд, иттилоъ медиҳад Хадамоти давлатии сарҳадбонии ҶҚ.

Қайд мешавад, ки дарсҳо барои сардорони қисмҳои марзбониро сарварони минтақавии раёсатҳои сарҳадии Ботканд ва Исфара рӯзи 11 июл дар маҳаллаи Эки-Тош баргузор сохтанд.

"Онҳо тарзи дурусти амалиёту рафтор ва амалкардро аснои ҳалли мушкилоти марзӣ, аз ҷумла бе истифодаи яроқи оташфишон аз худ карданд",- омадааст дар хабари сарчашма.

Ҳамчунин, аснои тамрин сарҳадбонон минтақаҳои мушкилотдоштаи марзӣ сафар карда, назарияро дар амалия санҷиданд.

Чорабинии мазкур дар пайи гуфтушуниди намояндагони Қирғизистону Тоҷикистон баъди ҳодисаи тирпарронӣ дар Чоркӯҳ баргузор гардид.

Дар муноқишаи марзӣ як сокини ҷамоати Чоркӯҳ ба ҳалокат расида, як афсари тоҷик захм бардошт. Ба ҷои ҳодиса ба таври оҷил ёвари президент оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев ташриф овард.

 

21
Барчаспҳо:
"ҷанг"-и бе силоҳ, тирпарронӣ, Хадамоти давлатии сарҳадбонии ҶҚ, Шералӣ Хайруллоев, Ботканд, Чоркӯҳ, Исфара, Эки-Тош, Қирғизистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Қодирӣ: дар Исфара санади ҳамкории марзӣ ба имзо расид