Боевики Талибан на пути Баглан. Архивное фото

ВАО: дар 2 рӯз толибон 40 музофотро дар марзи Туркманистон гирифтаанд

7
(Таҷдидшуда 14:09 15.07.2015)
Дар сурати дастгирӣ наёфтани мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар вулусволии Форёб аз ҷониби ҳукумати марказӣ ба итоати толибон гузаштани минтақа аз эҳтимол дур нест.

 ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Мақомоти вилояти Форёб аз фаъолшавии толибон дар минтақа, ки тайи ду рӯзи ахир 40 нуқтаи аҳолинишинро ба даст овардаанд, изҳори нигаронӣ мекунанд, иттилоъ медиҳад Ca-News бо истинод ба шабакаи телевизионии Тулӯъ.

Ба иттилои ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир зери итоати толибон ҳудуди 100 музофот, аз ҷумла марказҳои муҳими стратегӣ қарор доранд.

Чанде қабл дар як даргирӣ бо толибон 30 нафар кормандони пулиси маҳаллӣ ба ҳалокат расиданд. Ба ғайр аз ин, ҷангҷӯён 6 тани дигарро ба асорат гирифтанд. Айни замон 10 кас аз шумули сокинони маҳаллӣ ҳамчун гумшуда сабти ном гардидаанд.

Намояндаи фармондеҳии Артиши миллӣ дар шимоли Афғонистон оқои Ризоӣ мӯътақид аст, ки толибон талафоти зиёд дода истодаанд. Ба қавли ӯ, аз рӯзи душанбе то имрӯз 73 ҷангҷуи созмон кушта шуда, ҳавопаймооҳои афғонӣ ба ҳаракати муқовимат алайҳи толибон кӯмак мекунад.

Аммо дар сурати дастгирӣ наёфтани мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар вулусволии Форёб аз ҷониби ҳукумати марказӣ ба итоати толибон гузаштани минтақа аз эҳтимол дур нест.

 

7
Барчаспҳо:
даргириҳо, манотиқи марзии Форёб, ҷанг дар Афғонистон, ҳаракати "Толибон", Артиши миллии Афғонистон, Ризо, Туркманистон, Афғонистон, Форёб
Мавзуъ
ВАО: дар Афғонистон як раҳбари “Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон” кушта шуд
Президент РФ В. Путин

Муфид аст: шарҳи Путин дар бораи ҳузури ИМА дар Афғонистон

264
(Таҷдидшуда 17:43 25.10.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ҳузури низомиёни амрикоиро дар Афғонистонро истиқбол карда, аз ҳамкории ду кишвар дар сатҳи хадамоти махсус тавсиф намуд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон аз нигоҳи амниятӣ муфид мебошад, изҳор дошт Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия.

“Ҳузури ИМА дар Афғонистон барои амният муфид мебошад”, - гуфт роҳбари Русия.

Путин инчунин таъкид кардааст, ки Русия аз ҳамкорӣ бо ИМА дар бахши мубориза бо терроризм қаноатманд мебошад.

Ӯ афзуд, ки маълумоти ироанамудаи Вашингтон борҳо имкон дод, ки ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави Русия ҷилавгирӣ шаванд.

“Сарфи назар аз мухолифатҳои зиёд дар бахшҳои гуногун, ҳамоно ҳамкорӣ дар сатҳи хадамоти махсус идома дорад... Дар баробари ин амрикоиҳо ба мо маълумоти зиддитеррорро ироа мекунанд”, - илова намуд Путин.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, дар оғози моҳи марти соли равон дар бораи бидуни таъхир хориҷ кардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон изҳорот дода буд. Аз ҷумла дар назар буд, ки теъдоди низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон тайи 135 рӯз аз 12 ҳазор нафар то 8,6 ҳазор нафар коҳиш дода шавад. Интизор мерафт, ки то интихоботи раисиҷумҳури ИМА теъдоди сарбозони ин кишвар дар Афғонистон ба 4-5 ҳазор нафар баробар карда мешуд.

264
Барчаспҳо:
Владимир Путин, ИМА, Путин, Русия
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон встретился с командующим Центральным командованием вооруженных сил США генералом Кеннетом Ф. Маккензи

Раҳмон ва генерал Маккензӣ амнияти Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд

386
(Таҷдидшуда 00:01 23.10.2020)
Ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуда, раванди музокироти сулҳро муҳокима карданд

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Ф. Маккензӣ, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар рафти мулоқот як қатор масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бахусус дар соҳаи амниятӣ, баррасӣ гардиданд.

Дар ин зимн ба мавзӯъҳои мубрами таъмини сулҳу суботи минтақавӣ ва хатару таҳдидҳои глобалии амниятӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор анҷом дода, раванди музокироти сулҳро дар ин кишвари ба мо ҳамҷавор муҳокима карданд.

Раҳмон таъкид карда, ки ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистони ҳамсоя пайваста дар маркази диққат қарор дорад ва Тоҷикистон аз талошҳои Ҳукумати Афғонистон дар самти истиқрори сулҳу суботи пойдор дар кишвар ҳамеша ҷонибдорӣ менамояд.

Манбаъ афзуда, ки дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, роҷеъ ба дигар ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ибрози ақида намуда, алоқамандиашонро ба таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшон дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қайд кардаанд.

386
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, ИМА, мулоқот, дидор, Тоҷикистон
Путин оценил предложение Лукашенко изменить Конституцию Беларуси

Путин пешниҳоди Лукашенкоро барои тағйири Конститутсия шарҳ дод-видео

0
(Таҷдидшуда 19:48 31.10.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, пешниҳоди Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорусро барои тағйири Конститутсияи кишвар шарҳ дод

Путин пешниҳоди Лукашенко барои вуруди тағйирот ба Конститутсияи Белорусияро қадам ба истиқболи мухолифини сиёсияш хонд.

“Ин қадам сӯи мухолифини сиёсӣ мебошад”, - изҳор дошт Путин зимни тавзеҳи иқдоми Лукашенко барои тағйири Сарқонун. Ӯ ин нуктаро зимни суханронӣ дар анҷумани сармоягузорӣ, ки ВТБ Капитал зери унвони "Россия зовет!" дар Маскав ташкил карда буд, изҳор дошт.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Русия, дуруст мебуд, агар нерӯҳои сиёсии Белорус ба ин раванд шомил мешуданду дар муътадил сохтани вазъ ширкат мекарданд. Ӯ таъкид намуд, ки ба ин восита метавонанд ба тасмимҳое, ки қабул карда мешаванд, таъсир расонанд.

Раисиҷумҳури Русия ин тарзи амалро беҳтар аз муттаҳамсозии Лукашенко дар ҳилагарӣ хонд.

Ин дар ҳолест, ки вазъ дар Белорус баъди интихоботи президентии 9 август шиддат ёфт.

Тибқи иттилои расмии Комиссияи марказии интихобот Лукашенко пирӯз шуд, аммо мухолифон бо ин натиҷа норозӣ буда, даст ба тазоҳурот заданд.

0
Барчаспҳо:
Конститутсия, Белорус, Русия