Бинои ВКХ Украина. Акс аз бойгонӣ

ВКХ Украина: иҷрокунандаи намояндаи ФР дар Одесса мамнуъ-ул-вуруд аст

4
Дархости тарки оҷили қаламрави Украина ба иҷрокунандаи вазифаи консули Русия супорида шуд, хабар медиҳад Идораи амнияти Украина (ИАУ).

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Украина иҷрокунандаи вазифаи консули кулли Русия дар Одессаро бар пояи маводди Идораи амнияти Украина мамнуъ-ул-вуруд эълом кард, гуфта шудааст дар сомонаи ин ниҳод.

Ба иттилоъи ИАУ ВКХ Украина ба намояндаи Русия номаи тарки сареъи қаламрави кишварро ироъа кардааст.

Раиси ИАУ Василий Гритсак тавзеъ дод, ки консули кулл ба далели "фаъолиятҳои зиддунақизаш бо умури дипломатӣ" ва ҳамчунин барои нақзи муқаррароти Аҳдномаи Вена дар мавриди равобити дипломатӣ мамнуъ-ул-вуруд эълом шудааст.

ИАУ иддаъо дорад, ки намояндаи Русия алаккай қаламрави Украинаро тарк кардааст. Вале асомии иҷрокунандаи вазифаи консули кулл эълом нашудааст.

4
Барчаспҳо:
ихроҷи консули Русия дар Одесса, ВКХ Украина, Идораи амнияти Украина, Василий Гритсак, Одесса, Украина
Мавзуъ
Дар Украина мехоҳанд барои истифода аз вожаи “Русия” ҷарима кунанд
Дар Украина рамзҳои шӯравиро мамнӯъ карданд
Мусоҳиба бо Лавров: бӯҳрон дар Украина, равобити Русия ва ИМА, муқобала бо ДИ
ВКХ Украина Рӯзи Ғалаба дар Маскавро “тавҳин” номид
Порошенко намоиши филмҳои русиро дар Украина манъ кард
Ятсенюк гуфт, Украина бо Русия дар ҳоли ҷанг қарор дорад
Мақомоти ҷудоихоҳони шарқи Украина ҷонибдори бетарафии Киев ҳастанд
Дворец нации

Президенти Тоҷикистон 1 март бо Мирраҳмон Раҳмонӣ мулоқот мекунад

1246
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси Вулуси Ҷиргаи Афғонистон 1 март дар назар аст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, нимаи дуюми имрӯз раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллӣ - парлумони Ҷумурии Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон меояд.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, дар назар аст, ки имрӯз Раҳмонӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот кунад.

Мулоқоти раиси парлумони Афғонистон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон 1 март дар назар аст.

Гуфтушунид бо Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз бандҳои дигари барномаи сафари Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон мебошад.

Хабаргузории "Ховар" аз қавли котиботи Маҷлиси намояндагон хабар додааст, ки дар доираи сафари расмӣ ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз низ дидан хоҳанд кард.

Ин сафар дар ҳолест, ки масоили амниятӣ аз мавзӯъҳои меҳварии муносиботи Тоҷикистону Афғонистон мебошанд. Дар пасманзари таҷаммӯи бархе аз гуруҳҳои ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон мақомоти тоҷик азм доранд, ҳифзи марз бо ин кишварро таҳким бахшанд.

1246
Барчаспҳо:
амният, Афғонистон, парлумон, низомиён, Тоҷикистон

Ҳамлаи ҳавоии ИМА ба Сурия бо фармони Байден: талафот ҳаст

700
(Таҷдидшуда 12:46 26.02.2021)
Президенти ИМА, Ҷо Байден дар посух ба се ҳамлаи ҷангиён ба иншооти истифодашавандаи ИМА амр дод ба ҳадафҳои гурӯҳҳои тарафдори Эрон дар Сурия зарбаи мушакӣ занад

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Амрико ба Сурия ҳамлаи ҳавоӣ ба як бинои марбут ба низомиёни тарафдори эрониро, ки аз Димишқ пуштибонӣ мекунад, оғоз кард, навиштааст Politico бо такя ба сухангӯи Вазорати дифои ин кишвар.

Маълум шудааст, ки фармони партоби мушакро худи президент Ҷозеф Байден додааст.

Рӯзномаи Washington Post бо такя ба як манбааш дар маъмурияти Амрико хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ чанд нафар кушта шуданд.

Вазири мудофиаи ИМА Ллойд Остин гуфт, ки низомиёни ИМА ба маълумоти иктишофии ҷониби Ироқ такя мекунанд ва ба дурустии зарба эътимод доранд.

Манбаъ қайд кард, ки ин зарба характери мудофиавӣ дошт ва посух ба се ҳамла ба артиши ИМА аз ҷониби ҷангиён дар моҳи феврали соли 2021 буд.

Гуфта мешавад, амалиёти низомӣ ба пешгирии ҳамлаҳои оянда ба пойгоҳи ИМА равона шуда, он бидуни ширкати шарикони Вашингтон дар эътилофи низомӣ гузашт.

"Мо онҳоро нодида гирифтем": Ғарб комёбии низомии Русияро дар Сурия эътироф кард

Дар навбати худ, сухангӯи Пентагон Ҷон Кирби гуфт, ки ҳадафи ҳамлаи амрикоиҳо объектҳои гузаргоҳи марзӣ дар шарқи Сурия буд, ки онро гурӯҳҳои мусаллаҳ истифода кардаанд.

"Ҳамла паёми возеҳе медиҳад, ки президент Байден барои ҳимояи контингенти амрикоӣ ва шарикони эътилофи мо амал хоҳад кард",-гуфт Кирби.

Дар ҷараёни амалиёт ҷангҷӯёни амрикоӣ ба ҳафт ҳадаф бомбаи дақиқи 500-фунтӣ партофтаанд.

700
Барчаспҳо:
фармон, Ҷо Байден, ҳамла, ИМА, Сурия

Ин хелашро надида будед: сӯхтор дар рӯди Об - навор

0
Падидаи бесобиқа - оташсӯзӣ дар миёнаи дарё - аз ҷониби шоҳидон, ки дар соҳили рӯди Об сайди моҳидорӣ доштанд, ба навор гирифта шуд

Дар Русия дарёе оташ гирифт: наворе аз шоҳидони ҳодиса дар саросари интернет паҳн шуд.

Тавре ки маълум шуд, дар ин сӯхтар омехтаи пропан-бутан дар ҳудуди тақрибан аз 120 то 200 метр оташ гирифтааст.  Он маҳлул аз лӯлаи об, ки аз қаъри дарё мегузарад, хориҷ шудааст.

Бино бар маълумоти пешакӣ, сабаби оташ гирифтани маҳлул шарораи мошини барфи яке аз моҳидорон будааст.

Хаӣбар дода мегавад, ки дар натиҷаи ҳодиса як мард ҷароҳат бардоштааст.

Сӯхтор дар Бозори "Султони Кабир" - видео

Сӯхор бартараф карда шуда, худи ҳамон шаб маҷрои лӯлуро муваққатан бозистонданд.

0
Барчаспҳо:
Русия, рӯд, сӯхтор