Абӯ Бакр ал-Бағдодӣ. Акс аз бойгонӣ

ВАО: раҳбари ДИ наворгирӣ ва намоиши қатлҳо дар сомонаҳоро манъ кард

7
(Таҷдидшуда 16:33 20.07.2015)
Тасмими Абу Бакр ал-Бағдодӣ ба гуфтаи худаш ба манзури ҳифзи нуфузи созмон ва ба ин далел, ки “аз чунин наворҳо кӯдакон ҳарос доранд” гирифта шудааст.

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Раҳбари "Давлати исломӣ" Абу Бакр ал-Бағдодӣ фармоне содир кард, ки бар мабнои он наворбардории қатлҳо ва ҳамчунин пахши онҳо тавассути шабакаҳои интернетӣ мамнӯъ шудааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Daily Mail.

Ин нашрия мушаххас кардааст, ки ал-Бағдоди ба куллияи ниҳодҳои ин созмон номаи мушобеҳе ирсол кардааст. Вай иддаъо дорад, ки ин тасмим ба манзури "наранҷонидани мусалмонони дигар" гирифта шуда ва ҳадс мезанад, ки аз тамошои чунин наворҳои видеоӣ кӯдакон ба ҳарос меафтанд.

Вай ҳамчунин зикр кардааст, ки пахши чунин матолиб ба нуфузи созмони террористӣ латма ворид месозад.

Ба эътиқоди коршиноси умури Ховари Миёна Анатолий Эл-Мюрида чунин мамуниятҳо рамзӣ мебошанд.

"Ҳоло бояд нигаҳ кард, ки ин фармон чӣ гуна иҷро мешавад. Эҳтимол дорад, ки ин як амри рамзӣ мебошад. Ал-Бағдодӣ дархост кард, ки наворҳои "сахттарин" баргузида ва ё ислоҳ карда шаванд. Наворҳои дигар боқӣ мемонанд", — гуфт Анатолий Эл-Мюрид дар сӯҳбат бо радиои Sputnik.

Ба эътиқоди вай муштариёни ақоиди ДИ қабл аз ҳама ҷавонон ҳастанд ва ҷавононе, ки бо фанновариҳои иттилоъотӣ, шабакаҳои интернетӣ ва иҷтимоӣ ошноии хубе доранд. Вале фазои иттилоъотиро нафарони ҳирфаӣ раҳбарӣ ва барои ин кори худ маболиғи ҳангуфте дарёфт мекунанд.

7
Барчаспҳо:
дигар дар бораи кушторҳо навор нашр намешавад, ҷанг дар Ироқ, ҷанг дар Сурия, дастури манъи намоиши қатлҳо, ДИИШ, Давлати исломӣ, ДИ, Анатолий Эл-Мюрида, Абу Бакр ал-Бағдодӣ, Ховари Миёна, Ироқ, Сурия
Мавзуъ
Яке аз раҳбарони ДИ талош кард бо либоси занона фирор кунад
Ӯзбекистон ҷомеъаро барои муқобала бо ақоиди “ДИ” ҷалб сохт
ВАО: ҳалокати яке аз ҷиҳодиёни тоҷики “ДИ”
Шогирдони мадорис аз Тоҷикистон ба суфуфи “ДИ” мепайванданд
Дар Сурия яке аз раҳбарони “ДИ” кушта шуд
Ҷангҷӯёни қафқозӣ садоқати худ ба раҳбари “ДИ”-ро эълом карданд
ВАО: ҳалокати боз ду тоҷики ҷонибдори “ДИ”
Собиқ фармондеҳи ОМОН дар бораи пайвастанаш ба ДИ изҳор доштааст