Дар яке аз боғҳои Душанбе. Акс аз бойгони.

ВКД: “ДИ” қасди анҷоми чанд амали террористӣ дар Тоҷикистонро дошт

10
(Таҷдидшуда 11:12 24.07.2015)
Гурӯҳи “Давлати исломӣ” қасд доштааст дар 12 бахши умури дохилӣ дар чаҳор минтақаи Тоҷикистон аъмоли террористӣ анҷом бидиҳад. ВКД ду иҷрочии ин аъмолро боздошт карда асомии афроди дигар то ҳол рӯшан нашудаанд.

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Сокини 25-солаи Душанбе ба иттиҳоми анҷоми аъмоли террористӣ дар ду шаҳр ва ду навоҳии Тоҷикистон боздошт шудааст. Дар ин бора дар гузориши вижаи телевизионии ВКД кишвар, ки шоми 23 июл тавассути Шабакаи аввал намоиш дода шуд, гуфта шудааст.

Ба иттилоъи ВКД зодаи шаҳри Кӯлоб Бобоҷон Раҷабалии мутаваллиди соли 1990, ки дар Душанбе ба сар мебарад, машғули тиҷорат дар бузургтарин бозори кишвар — "Корвон" буд. Вай аз муштариёни фаъоли шабакаи иҷтимоии "Одноклассники" буд ва дар он ҷо бо нафаре бо номи мустаъори "Абу Саид" ошно шудааст.

"Боре ба ӯ хабар додам, ки мехоҳам ба Сурия барои ҷиҳод биравам. Вай посух дод, ки ту алаккай дар ҷиҳодӣ ва онро дар Тоҷикистон анҷом бидеҳ", — гуфт муттаҳам дар бозпурсӣ, ки навори он тавассути телевизион намоиш дода шуд.

Ба иттилоъи ВКД кишвар муштарӣ бо номи "Абу Саид" шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки "феълан дар суфуфи "Давлати исломӣ" қарор дошта алайҳи давлати қонунии Сурия меҷангад".

Ҳамзамон, ба иттилоъи ВКД "Абу Саид" дар Тоҷикистон чанд фарди боэътимод доштааст ва онҳо бо Бобоҷон дар тамос шуда ӯро раҳбари худ эътироф кардаанду савганд хӯрдаанд, ки дастуроти ӯро иҷро мекунанд.

Таҳқиқот собит сохтааст, ки ин афрод қасд доштанд дар даҳаи ахири моҳи Рамазон дар манотиқи мухталифи кишвар чанд амали террористӣ анҷом диҳанд.

"Абу Саид" ба Бобоҷон дастур медиҳад, ки 100 дона баллони кислород барои мунфаҷир сохтани 10-12 бахши милитсия дар даҳаи ахири моҳи Рамазон ҷамъоварӣ кунад.

"Қарор буд дар як рӯз се инфиҷор дар Кӯлоб, се инфиҷор дар Душанбе, се инфиҷор дар Файзобод ва се инфиҷор дар Ғарм сурат бигиранд", — эътироф кард ва дар бозпурсӣ.

Боздоштшуда ҳамчунин ҷузъиёти ин ҳамалотро қисса кард. Ба гуфтаи вай қарор буд, ки панҷ адад баллонҳоро ҳомили мошине карда ва онҳоро дар назди сохтмони дафтари милитсия мунфаҷир созанд. Ва барои талафоти бештар қарор буд дар дохили баллонҳо меху табарҳои зангзада ва анвои дигари фузулотӣ гузошта шаванд, ки дар ҷараёни таҳқиқот ин ҳама ашё мусодира шуданд.

ВКД ҳамчунин аз боздошти сокини 39 солаи ноҳияи Рӯдакӣ Садриддин Раҷабов, ки ба иттилоъи таҳқиқот ёвари Бобоҷон Раҷабалӣ буд, хабар дод.

Раҷабов қасд дошт барои мушорикат дар амалиёти низомӣ ба Сурия сафар кунад. Ба ин манзур вай бо дастури "Абу Саид" 29 июн бо Бобоҷон Раҷабалӣ дидор дошт. Ин ду нафар феълан дар боздоштгоҳ қарор доранд.

Тибқи иттилоъи расмӣ феълан дар даргириҳои мухталиф беш аз 400 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат мекунанд ва беш аз 100 нафари онҳо алаккай кушта шудаанд.

10
Барчаспҳо:
баллонҳои газ, аъмоли террористӣ, ҷанг, боздошти афроде, ки қасди анҷоми аъмоли террористӣ дар Тоҷикистонро доштанд, бозори "Корвон", Давлати исломӣ, ДИИШ, "ДИ", Садриддин Раҷабов, Бобоҷон Раҷабалӣ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Густариши "Давлати исломӣ"
Сӯҳбати президент бо донишҷӯён: дар бораи ваҳдат ва “Давлати исломӣ”
Олим Бобоев: низоми давлати исломӣ идеяи Ғарб аст
“Давлати исломӣ” барои ташаннуҷи вазъ дар ОМ $70 миллион ҷудо мекунад
“ДИ” дар амалиёти низомӣ аз мурғони интиҳорӣ истифода мекунад
Яке аз раҳбарони ДИ талош кард бо либоси занона фирор кунад
Ӯзбекистон ҷомеъаро барои муқобала бо ақоиди “ДИ” ҷалб сохт
ВАО: ҳалокати яке аз ҷиҳодиёни тоҷики “ДИ”
Сарвари МТС: аз хатари "ДИ" моро СПАД ҳимоят менамояд
Дар Сурия яке аз раҳбарони “ДИ” кушта шуд