Раъйи мо зид аст – Чуркин дар бораи муҳокимаи додгоҳии қазияи MH17

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкНамояндаи доимии Русия дар СММ Виталий Чуркин. Акс аз бойгонӣ
Намояндаи доимии Русия дар СММ Виталий Чуркин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи доимии Русия дар СММ Виталий Чуркин дар нишасти матбуъотӣ дар Ню-Йорк мавқеъи ФР дар раъйдиҳӣ барои таъсиси додгоҳи байналмиллалӣ дар робита ба садамаи Boeingи Малайзияро шарҳ дод.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Пешниҳоди қатъномаи Шӯрои амнияти СММ барои муҳокимаи додгоҳии садамаи Boeingи Малайзияро намояндаи доимии Русия дар ин созмон Виталий Чуркин талоше барои эҷоди манбаъи ихтилофоти ҷадид унвон кард.

Вай чунин ибрози назарро ҳангоми изҳороти матбуъотӣ рӯзи душанбе дар Ню-Йорк кард.

"Дар ин амр бояд ҳамагон алоқаманд бошанд, ҳамаи онҳое, ки умури байналмиллалӣ банизом тавсеъа ёбанд ва равобити Русия бо Ғарб беҳбуд шаванд, зеро шумо медонед, ки ин равобит ба далоили бархе аз мушкилот бад шудаанд. Аз ин пешниҳод бармеояд, ки бархеҳо дар саданд боз як манбаъи ихтилофоти ҷадид эҷод кунанду ин амр пайёмадҳои номатлубе барои равобити байналмиллалӣ эҷод мекунад", — гуфт вай.

Ба гуфтаи вай Русия зидди ин пешниҳод раъй медиҳад. Чуркин ҳамчунин изофа кард, ки шахсан умедвор аст, ки ин қатънома ба райъдиҳӣ пешниҳод намешавад.

Малайзия қаблан тарҳи катънома дар бораи таъсиси додгоҳи байналмиллалӣ барои таҳқиқи садамаи ҳавопаймои MH17 дар моҳи июли соли 2014 дар Украинаро пешниҳод карда буд. Ин пешниҳод ба ибтикори Малайзия буд (ҳавопаймо моли ширкати ҳавоии Малайзия буд) ва Автралия, Голландия (бештаре аз 298 мусофири ин ҳавопаймо атбоъи ин кишварҳо буданд), Украина ва Белгия ба ин дархост шарик шуданд.

Қаблан вазири корҳои хориҷии ФР Сергей Лавров изҳор дошта буд, ки садамаи ҳавопаймо натиҷаи аъмоли иҷноӣ аст на таҳдид ба амният ва сулҳи байналмиллалӣ, ки онро тарҳи малайзиягии қатънома иддаъо дорад. Ба гуфтаи вазир ША СММ дар мавориди суқути ҳавопаймоҳо ҳеҷ гоҳ додгоҳ таъсис намедод ва чунин пешниҳод собит сохтани ҷурми онҳоеро пешбинӣ мекунад, ки қаблан Вашингтон онҳоро муҷрим медонист.

Лентаи хабарҳо
0