Авоқиби селоб дар рустои Бедак

Олмон ба осебдидагони Тоҷикистон 57 ҳазор евро ихтисос дод

32
(Таҷдидшуда 08:34 30.07.2015)
Чандин ярчу селобҳо дар пайи борону жола ба ноҳияи Рашт хисороти бузург ворид сохтанд. Даҳҳо манозили маскунӣ комилан тахриб шуда шудуди сад манзил қисман корношоям шудаанд.

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. ВКХ Олмон ва Агроаксияи Олмон барои ироъаи кӯмакҳо ба осебдидагони офати табиӣ дар водии Рашт панҷоҳу ҳафт ҳазор евро ихтисос доданд, хабар доданд ба CA-News рӯзи чаҳоршанбе дар сафорати Олмон дар Душанбе.

"Сафир Ҳолгер Грэн ва мудири намояндагии созмони Агроаксияи Олмон дар Тоҷикистон Йенс Штойернагел қарордоде имзо карданд, ки тибқи он сармоягузории иқдомоте барои содда кардани вазъи мардуми аз селобу обхезиҳо зарардида дар водии Рашт сурат мегиранд", — гуфт мусоҳиби хабаргузорӣ.

Селу обхезиҳо дар Бадахшон. 17 июли соли 2015
Предоставил Шох Рахматшох

20-21июл ярчу селобҳои бешумор, ки дар пайи боришоти шадиди борону жола рух доданд, муъҷиби хисороти зиёд дар ноҳияи Рашт шуданд. Даҳҳо манозили маскунӣ дар рустоҳои Бедак. Халкарф комилан тахриб шуда ҳудуди сад манзил қисман корношоям шуданд.

Қисмате аз ҷодда ва ду пули муҳим тахриб шуданд, ба ҷуз аз ин миқдоре аз маҳаллот аз таъмини оби ошомиданӣ ва нерӯи барқ маҳрум шудаанд. Рустои Пингом бо ҷаҳон комилан иртибот надорад; дар ин ҷо танҳо ҷоддаи иртиботӣ ва чандин пулҳо тахриб шудаанд.

"Бо истифода аз маболиғи сафорати Олмон ва Агроаксияи Олмон ба 4500 нафар осебдидагони офоти табиъӣ кӯмаки мустақим ироъа хоҳад шуд. Дар ӯрдугоҳи хаймавӣ, ки аз сӯйи ниҳодҳои мақомоти давлатии маҳаллӣ ташкил шудааст, барои бархе аз хонаводаҳои осебдида шароити

беҳдоштӣ ташкил шуда ироъаи оби ошомиданӣ роҳандозӣ карда мешавад, — зикр карданд дар сафоратхона. — Сипас 7 км қубурҳои обгузар тармим шуда дар маҳаллоти осебдида 3 пули мусофиргузар эҳдос мешаванд, то иртиботот бо рустоҳо барқарор шаванд".

Ба ҷуз аз ин дар ихтиёри сокинон аробаҳо, белҳо ва каландҳо гузошта мешаванд, то онҳо тавонанд худ дар умури тозакунӣ ва таҷдиди манозил ва заминҳои худ мушорикат кунанд.

Дар маҷмӯъ маблағи кӯмак 57 ҳазор евро мебошад — 50 ҳазор евро аз ҳисоби ВКХ Олмон ва 7 ҳазор боқимонда аз ҳисоби Агроаксияи Олмон.
"Агроаксияи Олмон барои назорат ва ҳамоҳанг сохтани иқдомоти ироъаи кӯмакҳо муваззаф шудааст", — афзуданд дар сафоратхона.

Куллияи матолиб дар бораи офоти табиӣ дар Тоҷикистонро дар ин ҷо бихонед.

32
Барчаспҳо:
сел дар Бедаки Рашт, офати табиӣ дар Бедак, селу обхезӣ дар Ванҷ, ироаъаи кӯмакҳо ба осебдидагони Рашт, Агроаксия, сафорати Олмон, Йенс Штойернагел, Ҳолгер Грэн, Олмон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Сел, обхезӣ ва қурбониҳои он дар Тоҷикистон: талафоти ҷонӣ низ ҳаст (29)
На таджикский-афганской границе, архивное фото

Раҳимзода дар бораи сафар ба ВМКБ ва вазъ дар марз гуфт

660
Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар бораи сафари кориаш ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақл кард

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки ахиран ба ВМКБ сафари хидматӣ дошта аз вазъ дар сарҳад бо кишвари ҳамсоя Афғонистон огаҳӣ пайдо кардааст.

Ба гуфти Раҳимзода, ҳоло вазъ дар марз ором аст ва кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо марзбонон ва дигар ниҳодҳои қудратии кишвар ба ҳимояи марз машғул ҳастанд.

Дарозии марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон 1 ҳазору 370 километрро ташкил дода, аксари он аз манотиқи куҳӣ убур мекунад, ки назорату нигоҳубини онро мушкил менамояд.

Вазъият дар умум дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳамоно муташанниҷ боқӣ мемонад. Дар кишвар зуд зуд миёни низомиёни давлатӣ ва ҷангҷӯёни гурӯҳи "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҳамлаҳои мусаллаҳона сар мезанад. Дар баробари ин вақтҳои охир дар Афғонистон аъзоёни гурӯҳи террористии ба ном "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) фаъол шудаанд.

Фармондеҳони марзии ИДМ дар Самарқанд вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Ёдрас мешавем, ки ахиран президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният ба аъзои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот супориш доданд, ки барои таъмини амнияти давлату миллат дар минтақаи сарҳади давлатии ҳамҷавори Тоҷикистон бо Афғонистон тадбирҳои мушаххас андешанд.

660
Барчаспҳо:
вазъият, марз, Рамазон Раҳимзода Ҳамроҳ, Тоҷикистон, ВКД ҶТ
Спецназ Таджикистана на 201-й российской военной базе, архивное фото

ВУД Тоҷикистон: дар соли равон аз ду амали террористӣ ҷилавгирӣ кардем

178
(Таҷдидшуда 14:54 03.08.2020)
Масъулини вазорати умури дохилаи Тоҷикистон имрӯз эълон доштанд, ки дар шаш моҳи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ ду амали террористӣ пешгирӣ карда шуд

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Шодӣ Ҳафиззода , сардори раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки террористон қасд доштанд  кормандони милитсияро дар Рашту Шаҳринав кушанд.

 Вай афзуд кормандони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон аз ду амали террористӣ, ки террористон аввали сол онҳоро нисбат ба кормандони милитсия дар ноҳияҳои Рашт ва Шаҳринав тарҳрезӣ карда буданд, пешгирӣ намуданд.

“Ҳар ду амали террористиро ҷонибдорони созмони террористтии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи “Давлати исломӣ” содир карданӣ буданд”, - таъкид дошт сардори Раёсат.

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯйи далели омодагӣ ба амали террористӣ чанд нафар аъзои “Давлати исломӣ” аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Аммо ӯ аз ифшои ҷузъиёти бештар дар ин бора худдорӣ кард.

Бояд гуфт, ки тибқи маълумоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар давоми шаш моҳи соли равон 247 нафар шаҳрвандони кишвар ба гумони узвият ё робита доштан бо созмонҳои террористӣ ва ифротгаро боздошт шудаанд.

Аз ин шумор 203 нафараш аъзои созмони “Ихвон ул-муслимин” (Бародарони мусалмон), 27 нафар аъзои ташкилоти террористӣ-экстреместии “Давлати исломӣ”, 17 нафар “Салафия”, 8 нафар ҷамоати “Ансоруллоҳ”, чаҳор нафар “Гурӯҳи 24”, се нафар ҲНИТ, се нафар “Ал-Қоида”, ду нафар “Ҳизб-ут-Таҳрир”, як нафар ҳаракати исломии Ӯзбекистон, як нафар аъзои гурӯҳи Толибон ва як нафар дигар аъзои “Ҷамоати таблиғ”  буда, онҳо дар ҳоли ҳозир дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷиноятӣ ҷалб шуданд.

178
Барчаспҳо:
Вазорати умури дохила, Тоҷикистон, ҷилавгирӣ, амали террористӣ, ВУД
Мужчина с ножом в руках, архивное фото

Боздошти Меҳровар барои қатли додараш дар Душанбе-видео

0
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 24 солаи пойтахт хабар медиҳад, ки дар куштори додараш муттаҳам мешавад

 

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Бино ба гузориши ин ниҳод, бо гумони бародаркушӣ  Бобоҷонов Меҳровари 24 сола боздошт гаштааст.

Ба иттилои манбаъ, куштор дар заминаи муноқишаи лафзӣ ва якдигарнофаҳмӣ санаи 15 июл тақрибан соати 15:20 ба вуҷуд омадааст.

Манбаъ мегӯяд, дар ин рӯз Бобоҷонов Меҳровар бо бародараш Бобоҷонов Бахтовари 18 сола муноқиша намуда додарашро зери латукӯб қарор додааст.

Боздошти марде, ки ба гардани бародараш корд зад

Гуфта мешавад,Марҳум Бобоҷонов Бахтовар ҳамчун чораи муҳофизатӣ бо корди ошхонагӣ ба бародарааш ҳамла мекунад, аммо гумонбаршуда корди ӯро аз дасташ гирифта, як маротиба ба қафаси синааш зарба мезанад.

Дар натиҷаи зарби корди бародар бинобар сабаби рафтани хуни зиёд додар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад, афзудааст манбаъ.

Вазорат шарҳ надодааст, ки чи омил боиси якдигарнофаҳми ва ҳатто куштор гаштааст.

ВУД мегӯяд, нисбат ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ин нахустин ҳолати кордкашии бародар ба бародар набуда, даҳ рӯз пеш кормандони пулиси шаҳри Конибодом 

як сокини 40-солаи маҳаллиро бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатии додараш боздошт карданд.

Ҳамзамон ин ниҳод, қабл аз ин  як марди 42-сола, сокини шаҳри Истаравшанро боздошт кард, ки пас аз майнӯшӣ бо бародари 41-солааш ҷангу ҷанҷол намуда, як маротиба ба гарданаш корд задааст.

 

 

0