Ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ

Аъзои ША СММ дар бораи тарҳи қатъномаи суқути ҳавопаймои MH17

8
(Таҷдидшуда 14:23 30.07.2015)
Русия рӯзи чаҳоршанбе аз ҳаққи худ дар мавриди вето истифода карда, раъйдиҳӣ дар мавриди тарҳи таъсиси додгоҳи байналмиллалӣ барои суқути ҳавопайморо, ки аз сӯйи чанд кишвар пешниҳод шуда буд, мамнӯъ кард.

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Аъзои Шӯрои Амнияти СММ дар мавриди тарҳи қатъномаи таъсиси додгоҳи байналмиллалии суқути ҳавопаймои Boeing раъйи мухталиф доданд.

Дар маҷмӯъ, 11 узви Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба ҷонибдорӣ аз ин тарҳ раъй доданд ва Чин, Венесуэла ва Ангола аз раъйдиҳӣ худдорӣ карданд. Русия ин тарҳи ин қатъномаро вето кард ва ба ин тартиб он мавриди иҷро қарор намегирад.

"Ветои имрӯза наметавонад барои хонаводаҳои кушташудагон инкори адолати додгоҳӣ бошад. Ва онҳое, ки ҳавопаймои ҳомили 298 мусофирро суқут карданд, наметавонанд бидуни ҷазо бимонанд", — изҳор дошт намояндаи доимии ИМА дар СММ Саманта Пауэр.

Вазири нақлиёти Малайзия Дато Тинг Лай изҳор дошт, ки натоиҷи раъйдиҳӣ наметавонад аз тасмими кишвараш барои муҷозоти муҷримин ва адолат барои кушташудагон монеъ шавад. "Малайзия имконоти дигари муҷозотро баррасӣ мекунад", — гуфт вай.

Намояндаи доимии Чин Лю Тсзеи гуфт, ки тарҳи қатънома барои таъсиси додгоҳи байналмиллалӣ барои ошкор кардани муҷримон мусоъидат намекунад. "Раъйдиҳӣ дар мавриди қатънома дар суфуфи аъзои ША ихтилофотеро ба дунбол хоҳад дошт. Ба ин далел Чин аз раъйдиҳӣ худдорӣ кард", — изҳор дошт вай.

Ба гуфтаи намояндаи доимии Русия дар СММ Виталий Чуркин "мавқеъи мо бо пуштибонии адами ҷазо ҳеҷ иртиботе надорад".

Русия тарҳи дигари қатънома бо фаъол сохтани нақши дабири кулли СММ ва мушорикати куллияи ҷонибҳо дар таҳқиқи ин ҳодисаро пешниҳод таҳия мекард.

Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки дар мавриди ин ҳодиса чанд суолоте боқӣ мондаанд, ки посухи худро наёфтаанд, аз ҷумла суолот ба Киев аст, ки чаро ҳавопаймоҳои мулкӣ ба фазои манотиқе равон карда шудаанд, ки дар он ҷо амалиёти низомӣ "бо ширкати ҳавопаймоҳои низомӣ" идома доранд ва чаро Украина то ҳол сабти музокироти нозирони парвозҳои ҳавоии низомиро дар ихтиёри умум қарор надодаанд.

Чуркин изҳори умедворӣ кард, ки замони адолат ва муҷозоти "афроде, ки ин ҳавопайморо суқут карданд ва онҳое, ки ин ҳавопайморо ба маҳалли даргирии низомӣ эъзом карданд" хоҳад расид.

8
Барчаспҳо:
ҷанг дар Украина, суқути ҳавопаймо, раъйдиҳӣ барои қатъномаи таъсиси додгоҳи байналмиллалии суқути ҳавопаймои мулкӣ, ША СММ, Виталий Чуркин, Русия
Вышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области.

Фаврӣ: тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи ид

1752
(Таҷдидшуда 15:42 24.05.2020)
Тирандозӣ байни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон суръат гирифтааст. Феълан байни намояндагони нерӯҳои марзбонии ду кишвар гуфтушунид идома дорад

ДУШАНБЕ, 24 мая — Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирандозӣ сар зад, хабар медиҳад Хадамоти марзбонии давлатии ҷумҳурӣ.

Таниш субҳи имруз дар рӯзи таҷлили Иди Рамазон дар минтақаи Суғд, ки бо вилояти Бодканд ҳамсарҳад аст, суръат гирифтааст.

Бино бар маълумоти ҷониби қирғизҳо, баҳси марзбонҳо дар пайи кӯшиши чарронидани чорво аз ҷониби сокинони ҷамоати Ворух дар ҳудуди вилояти Бодканд будааст.

"Тақрибан, соати 11:40 байни марзбонони ду кишвар тирпарронии кӯтоҳе сар зад", - менависад дафтари матбуотӣ.

Бино бар иттилои пешакӣ, талафоте ба қайд гирифта нашудааст.

Қайд мегардад, ки феълан намояндагони нерӯҳои марзбонии кишвар гуфтушунид анҷом медиҳанд. 

Сабаб коронавирус: Қирғизистон тадбирҳои амнияти дар марз бо Тоҷикистонро шидидтар кард

"Вазъ дар минтақаи марзи давлатӣ феълан нисбатан босубот аст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

1752
Места лишения свободы, архивное фото

4 зиндонии фавтида ва вазъи Зайд Саидов: суҳбати сардори зиндонҳои Тоҷикистон

6070
(Таҷдидшуда 21:07 11.05.2020)
Гузоришҳое, ки аз чаҳор тараф мерасанд, ҳокиянд, ки вазъи зиндонҳои Тоҷикистон дар робита ба “вируси корона” вахим шудаву он ҷо як фоҷиаи инсонӣ ҷараён дорад

ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik, Фахриддини Холбек. Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз марги як руҳонӣ дар зиндон хабар пахш шуд ва бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, ду нафари дигар ҳам дирӯзу имрӯз ҷон ба ҳақ супурдаанд. Ҳамзамон фарзандону пайвандони зиндониёни маъруф Зайд Саидов, собиқ вазири саноат ва Раҳматуллоҳи Раҷаб, яке аз раҳбарони Ҳизби мамнуъи наҳзати исломии Тоҷикистон, тариқи расонаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки падаронашон вазъи хеле вазнине доранд.

Ба хотири рӯшанӣ андохтан ба ин мавзӯъҳо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо зиндонбони №1 – и кишвар, генерал – лейтенант Мансурҷон Умаров, сардори Раёсати иҷрои ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон тамос гирифта, нахуст аз ӯ пурсид, ки оё маргумир дар зиндонҳо зиёд шудаву ҳукумати Тоҷикистон ин арқомро пинҳон медорад? 

Мансурҷон Умаров: Бале, ин ки маргумир дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳаст, дуруст аст. Зиндон ҳам як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳамин ҷомиа аст. Он чӣ дар берун иттифоқ меафтад, таъсири ба зиндонҳо низ дорад. Аммо ин ки маргумир зиёд шудааст, мегӯянд, ба маънои он нест, ки ҳама зиндониён сар ба сар фавтида истода бошанд. То ҳамин лаҳзае, ки ман бо шумо суҳбат мекунам, 4 зиндонӣ бо ташхиси пневмония ҷон додаанд, аммо қанду дилу дигар маризиҳои ҳамрадиф доштанд. Аксарият аз 50 – сола зиёд буданд. Ду нафарашон ёдам ҳаст, ки бо моддаи 200 – и Кодекси ҷиноӣ – тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир ҳабс шуда буданд.

Sputnik Тоҷикистон: 9 май ҷавоне ба номи Абдулфайз Раҷабов, маъруф ба Эшони Абдулфайз, ки 47 сол бештар синн надоштааст, дар зиндони шумораи 1-и Душанбе фавтидааст. Марги ӯро ҳам таъйид мекунед?

Мансурҷон Умаров: Ягон ҷои пинҳон доштан нест. Ин маризӣ имрӯз дар тамоми дунё бедодгарӣ дорад, касе напӯшидааст, мо ҳам пӯшида наметавонем. Бале, Абдулфайз Раҷабов ё Эшони Абдулфайз аз гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим буд ва бино ба иттилое, ки ман дар даст дорам, аввал тасф карда, сипас бо ташхиси "илтиҳоби шуш" фавтидааст.

Sputnik Тоҷикистон: Ҷаноби генерал, оё Шумо ҳам мутмаин ҳастед, ки ин фавтҳо ҳамоно пневмония асту "вируси корона" нест? Охир, пневмония маризии гузаранда намебошад?

Мансурҷон Умаров: Ҳеҷ аҷобат надорад, ки чунин бошад. Дар тамоми ҷаҳон ва дар кишвари мо ин маризиро расман эътироф карданд. Дигар як чизи маълуму рӯшан аст. Аммо аз нигоҳи ман, ҳоло муҳим ин нест, ки чӣ маризӣ аст, муҳим мо бояд вазъро мудирият кунем ва нагузорем, ки талафот зиёд шавад. Масалан, мо дар зиндонҳо тамоми тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва вазорати тандурустии кишварро ҳангоми ҷилавгирӣ, табобат ва назорати зиндониёни мариз риоят мекунем. Ҳатто дастурҳои алоҳидаи хаттӣ дарёфт карда, аз рӯи низоми пешниҳод кардаи онҳо табобат мекунем. Хушбахтона, беш аз 100 нафар табобат гирифта, рухсат шуданд.

Sputnik Тоҷикистон: Ҳоло боз чанд нафари дигар ҳастанд, ки таҳти тадовиянд ё вазъашон вазнин аст?

Мансурҷон Умаров: Тақрибан ҳаволии зуҳр вақте ман ҳисобот хостам, хабар ёфтам, ки ҳудуди 30 нафар ҳоло таҳти назорати табибонанд ва вазъи 4 нафари дигар вазнин аст. Шахсан дастур додам, ки духтурон ҷиддӣ бигиранд. Ин ки бо тасфу дигар авориз муроҷиат карда, ташхис мешаванд ва рухсат мешаванд, боз даҳҳо нафари дигар аст.

Sputnik Тоҷикистон: Оё вазъ то кадом дараҷа таҳти контрол аст ва то куҷо ба наздикону пайвандони зиндониён эътимод дода метавонед, ки як фоҷиаи башарӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон иттифоқ намеафтад?

Мансурҷон Умаров: Мо дар зиндонҳо қарантина эълон кардаем. Афроде, ки каме тасф бароварданд, зуд таҳти назорат гирифта мешаванд. Мо ин омодагиҳоро аз хеле пеш гирифта будем. Ба мардуми худ итминон медиҳем, ки ҳеҷ фоҷиае ба вуқӯъ нахоҳад пайваст. Мехоҳам як чиро дарк кунанд: дар зиндонҳо ҳам он шароите ҳаст, ки дар берун ҳаст. Бунгоҳи тиббӣ, шифохона, духтур, дору, таҷҳизоти тиббӣ – оксигенератор, дастгоҳи нафаси сунъӣ... ҳама ҳаст. Аз кӯмакҳое, ки ба кишвар омаданд, доруву дармону таҷҳизот ба мо ҳам расид, худи ҳукумат ҳам ҷудо кард. Хотирашон ҷамъ бошад, ки ин ҷо вазъи сиҳӣ таҳти назорат аст.

Sputnik Тоҷикистон: Ҷаноби генерал, писарони Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Зайд Сайидов, ки дар зиндон нигаҳ дошта мешаванд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз бад шудани вазъи саломатӣ ва эҳтимоли ба "коронавирус" гирифтор шудани падаронашон изҳори ташвиш карданд. Оё воқеан, вазъи онҳо вахим аст?

Мансурҷон Умаров: Дуруст гуфтаанд, ки вазъи ҳам Раҳматуллоҳи Раҷаб ва ҳам Зайд Сайидов як муддат вахим шуд. Ҳарду тасф бароварданд ва ҳарду ба бунгоҳи тиббӣ интиқол ёфтанд. Ҳоло вазъи ҳарду рӯ ба беҳбудӣ аст. Бахусус, ҳолати Раҳматуллоҳи Раҷаб вазнин шуда буд, ки ҳоло аз вазъи буҳронӣ гузашта, саломатиаш беҳбуд меёбад. Худи ҳамин саҳар ман аз пизишкони муассисаи якум шахсан вазъи Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Зайд Саидовро пурсидам, ки чӣ тур ҳастанд. Посух доданд, ки ҳарду сари по шудаанд, роҳ мегарданд.

Sputnik Тоҷикистон: Шумо дурустии чанд иттилоеро, ки мо аз шабкаҳои иҷтимоӣ хонда, бо Шумо матраҳ кардем, таъйид кардед. Оё ин иттилоот чӣ гуна ба берун дарз мекунанд ва чӣ тур пайвандон аз вазъи хешовандони худ огоҳ мешаванд?

Ходжамахмад Умаров, эксперт Института экономики и демографии АН РТ
© из личного архива Умарова Ходжамахмада

Мансурҷон Умаров: Ёдатон бошад, аз 31 март тамоми тамосу мулоқоту дастовезҳо ба зиндониёнро манъ карда будем. Аммо тамоси телефонӣ ва ҳам қабули хӯрока тибқи меъёру низомнома қатъ нашудааст. Мо 24 соат дар ихтиёри маҳбусон телефон гузоштаем, ки бо наздикони худ робита дошта бошанд. Дар ҳамаи муассисаҳо аз чунин тилфонҳо 20 – тоӣ дорем. Шумо чӣ фикр мекунед, ин хабарҳоеро, ки наздикон аз дохили зиндонҳо ба даст меоранд, аз куҷост? Тариқи ҳамин тамосҳост ва мо ҳам хабар дорем.

Sputnik Тоҷикистон: Ин иқдоми худи Шумост е...?

Мансурҷон Умаров: На, ин тақозои қонун аст, иқдоми шахсии ман ё Раёсату вазорат нест.

Sputnik Тоҷикистон: Агар Шуморо дуруст фаҳмида бошем, ҳар маҳбус метавонад озод бо пайвандонаш дар тамос шавад, ҳатто онҳое, ки бо иттиҳомҳои вазнинтарин – даст доштан дар терроризму қочоқи маводи мухаддир муттаҳаманд?

Мансурҷон Умаров: Бале, ин талаботи қонун аст ва ҳар маҳбус новобаста аз сатҳи ҷинояташ ҳақ дорад бо хонаводааш тамоси телефонӣ дошта бошад. ҲНИТ аз куҷо фаҳмид, ки Раҳматуллоҳи Раҷаб мариз аст? Аз фарзандаш, ки бо ӯ дар тамос мебошад ва ин тамоси қонунӣ аст. Метавонед худашро пурсед. Вазъи "наҳзатиҳо" – и дигар ҳам хуб аст, шикояте надоранд. Хуллас, дар дохили зиндонҳо ягон гапи пӯшидае нест. Ҳар чӣ мешавад, хабар меёбанд. Лутфан афроди судҷӯ воҳима наангезанд.

Sputnik Тоҷикистон: Бархе кишварҳои ҷаҳон аз хавфи ин, ки "вируси корона" ба маҳбасҳо ворид шуда, фоҷиа барпо накунад, ё зиндониёнро раҳо карданд, ё авф ва ё озод. Оё пеши рӯи ҳукумати Тоҷикистон низ суол пеш омадааст?

Мансурҷон Умаров: Ростӣ, ин мавзуъ ба вазорати адлия, бахусус, Раёсати зиндонҳо рабт намегирад. Салоҳияти мо нест. Мо иҷрогар ҳастем. Тасмимро ҳукумат, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ ва дигар мақомоти зидахл мегиранд. Агар дастур доданд, чаро не? Ҳоло коре, ки мо мекунем, назорат ва мудирияти вазъ аст.

6070
Барчаспҳо:
суҳбат, Зайд Саидов, Идораи зиндонҳо
Город Вахдат. Архивное фото

Даргузашти 14 нафар дар Ваҳдат ва вазъи аз "корона" вазнинтари муҳоҷирини афғонистонӣ

0
14 муҳоҷири афғонистонӣ аз илтиҳоби шуш ва дигар маризиҳо дар шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон ҷон ба ҷонофарин таслим кардаанд

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Абдумусаввир Баҳодурӣ, роҳбари ҷамъияти "Ориёно", созмони муҳоҷирини Афғонистон дар Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар замони шуюъи "вируси корона" 14 муҳоҷире, ки дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ доштанд, бо ташхисҳои мухталиф ҷонҳои худро аз даст доданд.

"Синни поёнтарини онҳо 55 ва болотаринашон 78 буд. Ба қавли пизишкон, аксари онҳо аз илтиҳоби шуш ва қисме ҳам маризиҳои дилу қанд фавт кардаанд. Намефаҳмам, ки ба "вируси корона" чӣ рабте доштанд. Вабо аст дигар, худиву бегонаро намешиносад. Ҳамаи онҳо дар қабристони Теппаи Роҳатии канори роҳи Душанбе - Ромит дафн карда шуданд", - гуфт Абдумусаввир Баҳодурӣ.

Аммо мавсуф аз вазъи риққатбор, хароб ва душвори иқтисодие низ қисса мекунад, ки дар пайи буҳрони пешомада аз "вируси корона" ба сари муҳоҷирини афғонистонӣ омадааст.

"Муҳоҷирин кор надоранд, қарантина аст, мардум ҷое рафта наметавонад, кирои хона ва дигар мушкилот зиндагии моро аз "корона" бештар сангин сохтааст", - гуфт роҳбари ҷамъияти "Ориёно".

Ба қавли ӯ, дар қатори 250 шаҳрванди Афғонистон, ки ҳафтаи гузашта аз Тоҷикистон хориҷ шуданд, ҳудуди 10 хонаводаи муҳоҷирин аз вилоятҳои Балху Бағлон ва Форёб низ буданд.

"Корти муҳоҷираташонро таслими хадамоти муҳоҷират карданд. Сабти вазорати хориҷаву сафорати Афғонистон карда, визаи хуруҷӣ гирифтанд ва рафтанд", - гуфт Абдумусаввир Баҳодурӣ.

Теъдоди маризони коронавирус дар Афғонистон марзи 8 ҳазор нафарро убур кард

Тибқи иттилои ҷамъияти "Ориёно", муҳоҷирини афғонистонӣ асосан дар шаҳри Ваҳдат, бақия дар вилоятҳои Хатлону Суғд, навоҳии Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Душанбе сукунат ихтиёр кардаанд ва умдатан бо дӯкондорӣ, мардикорӣ, сохтмон, таъмири мошин, таксиронӣ ва дигар касбу кор машғуланд.

Аммо роҳбари ҷамъияти "Ориёно" мегӯяд, дар қиёс бо онҳое, ки дар Покистону Эрон муҳоҷир ҳастанд, вазъи шаҳрвандони Афғонистон дар Тоҷикистон хеле беҳтару хубтар аст ва дар баробари онҳо аслан табъиз вуҷуд надорад.

"Қабл аз ҳама дар ду чиз: маориф ва тандурустӣ. Бачаҳои мо дар қатори бачаҳои маҳаллӣ озод мактаб мехонанд. Агар яке аз мо ҳам мариз шавад, шифохонаҳо бидуни мамониат моро қабул ва тадовӣ мекунанд. Ҳамин мардуми мо ҳам, ки фавт карданд, чанд рӯз дар шифохонаи Ваҳдат буданд ва бо онҳо ҳамон гуна бархӯрд сурат гирифт, ки бо мардуми бумӣ буд. Мардум ҳам моро як хориҷӣ намедонад", - гуфт Абдумусаввир Баҳодурӣ.

Тайи 40 соли буҳрон дар Афғонистон як қисмати бузурге аз мардуми ин сарзамин ба кишварҳои хориҷ, бахусус, ҳамсоя паноҳ бурданд. Бино ба иттилои расмӣ, ҳоло ҳудуди 7 миллион шаҳрванди Афғонистон дар Покистону Эрон паноҳанда мебошанд. Тоҷикистон яке аз кишварҳои дигари ҳамсоя аст, ки ҳудуди 4 ҳазор муҳоҷирро аз Афғонистон паноҳ додааст.

0
Барчаспҳо:
Афғонистон, маризон, даргузашт, Ваҳдат
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон